Равшангари роҳи ҳаёти инсонҳо. Чӣ бояд кард, то насли наврас ҳамеша ба китобхонӣ машғул бошад?
ДУШАНБЕ, 24.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Нақш ва ҷойгоҳи китоб дар ҷомеа басо бузург ва муассир мебошад. Далели равшани ин гуфта дар яке аз рамзҳои асосии давлатии Тоҷикистон — Нишон тасвир ёфтани китоб мебошад. Дар ин рамз дар баробари пахтаву гандум ва кӯҳу офтоб, китоб низ нақш ёфтааст, ки баёнгари фарҳангдӯсту соҳибмаърифат будани миллати тоҷик мебошад.
Бо вуҷуди он, ки дар замони муосир илму техника ба ҳадди боварнокарданӣ рушд ёфта истодааст, новобаста ба ин китоб то ба ҳол мавқеи хешро устуворона нигоҳ медорад. Зеро китоб дар ҳама давру замон сарчашмаи илму дониш ва равшангари роҳи ҳаёти инсонҳо буд ва хоҳад монд. Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки чӣ бояд кард, то насли наврас ҳамеша ба хониш машғул бошад?
Бо ин суол мухбири АМИТ «Ховар» ба чанд нафар аҳли китоб ва коршиносони соҳа муроҷиат намуд ва ҳоло посухи онҳоро манзури хонандагон мегардонем.
Адабиёти кӯдакона бояд сода бошад, зеро кӯдак сергапиро намеписандад
Директори Муассисаи давлатии китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Абдуқодири Абдуқаҳҳор: Волидайнро зарур аст, ки ҳанӯз аз гаҳвора тифлаконашонро ба китоб хондан талқин кунанд. Тамоми афсонаҳое, ки бибиву бобои мо дар гӯшамон мехонд, онҳо бояд зинда карда шаванд. Оҳиста-оҳиста падару модар аз дасти фарзанд гирифта, ба китобхона баранд. Инчунин вобаста ба аҳамияту моҳияти китоб пайваста суханҳои пандомез дар гӯши кӯдак бояд садо бидиҳанд. Волидайн бояд мисолҳои равшане оранд, ки чаро Пешвои миллат сарвару роҳнамои як давлат аст, чаро устод Гулназар Келдӣ гули сари сабади мардуми тоҷик мебошад. Бо чунин мисолҳои возеҳ волидон ба фарзанди худ бояд фаҳмонанд, ки бе мутолиаи китоб инсон наметавонад фарди машҳуру муваффақ шавад. Инчунин адибонамонро зарур аст, ки нашри асару китобҳои бачагонаро бештар кунанд, яъне барои кӯдакон зиёдтар нависанд ва ба ин восита шавқи онҳоро ба китобхонӣ афзун созанд. Мутаассифона, яке аз мушкилоти ҷойдоштаи соҳа ин аст, ки муаллифони китобҳои бачагона дар мо хеле кам ҳастанд. Бояд дар ин самт ҳавасмандӣ бештар ва даъват ба амал оварда шавад, ки адабиёт барои кӯдакон зиёдтар нашр гардад. Адабиёти кӯдакона бояд сода, мунаққаш ва рангин бошад. Зеро кӯдак сергапиро намеписандад.
Китобҳои бемазмуну бемуҳтаво таваҷҷуҳи наврасонро ҷалб карда наметавонанд
Раънои Мубориз, муовини ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон: Баъзеҳо бар он назаранд, ки гӯё ҷавонони имрӯза китобхон нестанд. Ман ба ин андеша розӣ нестам. Тавре борҳо мушоҳида намудаам, наврасону ҷавонони имрӯза танҳо китобҳои пурмазмунро мутолиа кардан мехоҳанд. Барои мисол, соле қабл ҳамроҳи бародарони фарҳангиам, кормандони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва китобхонаҳои ҷумҳуриявӣ барои баргузори озмуни «Китобхони беҳтарин» ба шаҳру ноҳияҳои дуру наздики кишвар сафар карда будем. Аён шуд, ки наврасон басо китобхонанд. Аммо гоҳе чунин мешудааст, ки китоби хуб намеёбанд. Китобҳои бемазмуну бемуҳтаво таваҷҷуҳашонро ба худ ҷалб карда наметавонанд. Аз ин лиҳоз рӯ ба интеренету дигар васоити электронӣ оварда, машғулияти ҷолиберо барои худ пайдо мекунанд. Яъне ба андешаи ман, насли наврасамон китобхон аст. Адибонро мебояд, ки барояшон асарҳои ҷолибу дилкаш офаранд. Танҳо ба ин восита метавонем насли наврасро ба китобу китобхонӣ ҷалб намоем.
Корхонаҳои соҳаи табъу нашр бояд қолаби нави нашри китобҳоро барои кӯдакон омода намоянд
Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов: Сарчашмаи донишу маърифати кӯдак аз оила сар мезанад. Зеро кӯдак дар кадом муҳите, ки ба воя мерасад, онро аз худ намуда, ба он тақлид мекунад. Барои ин пеш аз ҳама, падару модарон ба тарбияи фарзанд бояд диққати ҷиддӣ диҳанд. Дар баробари ба воя расонидани кӯдак ҳамзамон барои баланд бардоштани сатҳи маърифати онҳо низ бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд. Аз овони кӯдакӣ то ба мактаб онҳоро ба шунидану аз худ кардани афсонаҳо одат кунонанд. Кӯдакон афсонаву шеърҳоеро, ки ба кӯдакони хурдсол заруранд, мутоила ва қироат кунанд. Инчунин дар баробари харидани туҳфаҳо дар зодрӯзу дигар ҷашнҳо ба фарзандонашон китоб тақдим намоянд.
Ғайр аз ин дар мактаб низ дар баробари фанҳои таълимӣ инчунин рӯйхати китобҳои хониши беруназсинфиро барои синну соли муайяни хонанда омода намудан зарур аст. Масалан, барои синни хурди мактабӣ, миёнаи мактабӣ ва болоии мактабӣ. Ҳамчунин шоирону нависандагоне, ки барои кӯдакон менависанд, бояд он адабиётеро эҷод намоянд, ки ба завқу шавқи кӯдак мутобиқ бошанд. Дар баробари эҷодиёти адабиёти бадеӣ инчунин барои кӯдакон адабиёти илмӣ омода намудан зарур аст. Яъне техника ва технология, интихоби касб низ ба назар гирифта шавад.
Кормандони соҳаи табъу нашр, корхонаҳое, ки китоб омодаву таҳия ва нашр мекунанд, бояд як қолаби нави китобҳоро вобаста ба синну соли кӯдакон омода намоянд. Агар аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта мисол оварем, дар он ҷойҳо ҳар як китобе, ки барои кӯдакон омода карда мешавад, дар шакли ашёи гуногун, аз қабили дарахт, ҳайвон, гул, торту шириниҳо ва ғайра аз нуқтаи назари дизайн ва зебоию полиграфӣ бо расму рангҳои зебо таҳия карда мешавад. Вақти он расидааст, ки ноширони мо низ завқу салиқаи хонандагони хурдсолро ба инобат гирифта, мувофиқ ба он китоб таҳия намоянд. Дар ин кор бояд нашриёт бо дизайнерони хуб якҷоя фаъолият кунанд. Бовар дорам, ки агар ба писараке китоберо бо шакли мошинча тақдим кунем, то дер гоҳ аз болои он сар набардошта, машғули хондани «мошинаш» мешавад.
Бояд зикр кард, ки солҳои охир дар саросари ҷумҳурӣ аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як зумра китобхонаҳо озмунҳои китобхони беҳтарин ташкил ва баргузор мегарданд, ки ҳадафашон дарёфти роҳу усулҳои нави ҷалби кӯдакону наврасон ба китоб мебошад. Бояд дар ин гуна барномаҳои фарҳангиву маърифатӣ навгониҳо ворид созем. Дар доираи озмунҳо вохӯриҳо бо адибонро бештар созем. Метавонем ба ин гуна вохӯриҳо ҳунармандони кино ва театрро, ки нақши қаҳрамонони асарҳои бадеиро хуб бозидаанду машҳуранд, даъват кунем, то ба ин восита завқи наврасон ба китобу китобхонӣ зиёд шавад.
Барои фаҳмонидани қудрату бузургии китоб ва аҳамияту роҳнамоии он барномаи нави таълимӣ мебояд
Директори китобхонаи илмии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Ситора Абдумуъминзода: Нахуст афзун гардидани талаботи иқтисодии мардум ва майлу хоҳиши зиндагии шоистаю бекамбудӣ сабаб гардидааст, ки масъалаи хониш ва мутолиаи адабиёт дар ҳаёти одамон ҷойи дуюмдараҷаро ишғол намояд. Таҳлилу андешаҳои аҳли илму адаб, ки дар замони Шуравӣ ва пештар аз он умр ба сар бурдаанд, нишон медиҳад, ки он вақтҳо мардумон ба зебо пӯшидану ҷиҳозу хонаи беҳтарин доштан кам таваҷҷуҳ мекарданд. Гарчанде либоси зебо надоштанд, вале китоби хуб ҳамеша дар хонаҳояшон буд.
Онҳо боварӣ доштанд, ки китоби хуб фарзандони онҳо ва наслҳои баъдинаро ба қуллаҳои мақсуд мерасонад. Имрӯзҳо мутаассифона, волидайн ва баъзе омӯзгорон ба омӯзиши фарзандон ва наврасон кам аҳамият медиҳанд. Имрӯз зарур аст, ки бори дигар қудрати китоб ва тавоноии илму донишро ба ҷомеа ба таври мушаххас фаҳмонида, дар замири ҳар як наврас майлу рағбати воқеиро нисбат ба китоб ва мутолиа бедор намоем, онҳоро ба китобхонӣ ва китобхона даъват намоем.
Хуб мебуд барои фаҳмонидани қудрату бузургии китоб ва аҳамияту роҳнамоии он як барномаи нави таълимӣ таҳия гардида, олимони соҳаи китобдорӣ ва аҳли зиёи мамлакат дар амалинамоии он масъул карда шаванд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»