«РОҒУН – ҲАМНАВОИ ГУЛГУН, ҲАМРАДИФИ ШОГУН, ВОЖАЕ ҲУМОЮН…». Корзори Роғун имрӯз илҳоми адибонро ба ҷӯш овардааст ва онҳо пайи эҷоди шеъри тоза, асари хуб, қиссаи воқеие аз ҳаёти мардони ҷоннисори Ватан машғуланд

Ноябрь 16, 2018 08:00

ДУШАНБЕ, 16.11.2018 /АМИТ «Ховар»/.   Имрӯз Неругоҳи барқи обии «Роғун» майдони корзори мардони баномус, баҳиммат ва диловари тоҷик гардидааст. Дар ин рӯзҳо дар ин арсаи матонат ва майдони фатҳу нусрат ҳама ба корҳои созандагию ободкорӣ машғуланд. Агар яке бо зӯри бозу ин ҷо меҳнат кунад, дигаре бо қалам тамоми ифтихори худро аз Ватани ободу озод рӯи варақ оварда, эътимоди худро ба фардои дурахшони Тоҷикистон иброз медорад.

Роғун имрӯз илҳоми адибонро ба ҷӯшу хурӯш овардаву онҳо  пайи эҷоди шеъри тоза, асари хуб, қиссаи воқеие аз ҳаёти ин мардони ҷоннисори Ватан машғуланд.

 

Шоири Халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛО   ба Роғун- ин кохи нур, мазҳари худшиносӣ ва сарчашмаи бунёдкориҳо шеърҳое бахшидааст, ки он дастовези аҳли эҷоди АМИТ «Ховар» ба шарафи Рӯзи Президент ва баистифодадиҳии чархаи аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад. Инак он шеърҳоро манзури хонандагони сомона  мегардонем.

 

 

БИЁ, СОЗЕМ РОҒУНРО

Пора аз манзумаи «Симои садод»

Биё, созем Роғунро

Ба рўи тахтапушти  худ,

Чу кохи орзуи ҳaфсаду ҳафтод

пушти худ!

 

Биё, созем Роғунро

Зи обу хоки бунёди сиришти  худ,

Чу мифтоҳе

Ба нуристони бахту сарнавишти худ!

 

Биё, созем Роғунро

Ба рўи шонаҳои худ,

Чу кохи шаъну шони худ!…

 

Биё, созем Роғунро

Зи хоки эътиқоду эътимоди худ!

Биё, созем аз обу гили худ,

аз дили худ

Чу кохи доди доди худ,

Чу симои садоди1 худ!

——
1.Садод-ростӣ, адолат.

 

ЧИСТ РОҒУН?

Чист Роғун? Кохи шаъну эътинои миллат аст.

Саргаҳу сарчашмаи суру шуои миллат аст.

 

Нест дарғот, ин ки бо худ пеши дарёро бубаст

Синаи пешонисори Пешвои миллат аст!

 

Балки Роғун ормон аст, ормони халқи мост,

Интиҳояш ибтидои иртифои1миллат аст.

 

Миллате, ки нур меҷуст аз замони Зардуҳишт,

Нури худро ёфт, нураш дар намои миллат аст.

 

Миллате, ки нур дорад дар дилу дар чашму рӯ

Рӯшноӣ дар дилаш нури раҳои миллат аст.

 

Балки Роғун сурати ин халқи равшандил бувад,

К-ин ҳама ҷаҳду талошаш аз барои миллат аст

 

Ахтарафшон як ҷаҳони дигаре дар умқи кӯҳ,

Рамзи покии замири босафои миллат аст.

 

Ин ҳама эъҷози дар рӯи ҷаҳон бесобиқа,

Аз ватандорист, зеро ин бинои миллат аст.

 

Халқи мо ин ҷо ниҳоди хешро бинҳодааст,

Чун дар ин бунёд фардои бақои миллат аст.

 

Санг-сангу хок-хоки кӯҳро ғалбер кард,

Ишқи Меҳан, эй азизон, раҳнамои миллат аст.

 

Ҳар чароғе, ки фурӯзон мешавад дар хонае,

Ахтари бахту муроди мо, зиёи миллат аст.

 

Мо на Роғун, хешро аз обу хокат сохтем,

Эй Ватан, эъҷозкори ту вафои миллат аст.

 

РОҒУН БАШОРАТ АСТ

Роғун ҳақиқат аст,

К-эҳёи халқи мост,

Бунёди миллат аст!

Роғун ҳақиқатест,

Ки ин халқи покҷон

Соҳибасолат аст!

 

Роғун башорат аст,

Фардои хуби мо

Оғӯш боз кард,

Баъд аз ҳазор сол

Қақнус1 боз хест,

Парвоз боз кард.

 

Роғун адолат аст,

Бар халқи покҷон,

Подоши асрҳост,

Бар миллати накӯ

Подоши ранҷҳост,

Фармудаи  Худост.

 

Роғун ибодат аст

Бар нур, бар сафо,

Нуре, ки зинда буд

Андар ниҳоди мо!

Нуре, ки раҳнамост,

То даргаҳи Худо!

 

Роғун маҳорат аст,

Дору мадори мост,

Дорулиёри мост,

Роғун шарофат аст,

Подоши ҳиммати

Ҷони нисори мост!

 

Роғун саодат аст,

Нури сиришти мост,

Ин шӯълаи умед

Аз ҳафт пушти мост,

Аз сарнавишти мост,

Балки башорате

Аз Зардуҳишти мост!

 

Роғун муҳаббат аст,

Дар ҷони халқи мо

К-эзад сириштааст.

Ин ҳосили вафост,

Дар мазраи умед

К-ин халқ киштааст!

 

Роғун ҷасорат аст,

Дар умқи корзор,

Файзу  шарофати

Мардони  ҷоннисор

Пирӯз будан аст

Дар ҷабҳаҳои ор.

 

Роғун шаҳодат аст,

К-эҳёи тоҷикон

Танҳо шиор нест,

В-ин парчами баланд

Дар қуллаҳои шаън,

Ҷуз эътибор нест!

 

Роғун адолат аст!

Роғун асолат аст!

Роғун шаҳодати

Бахту саодат аст!

Афсонае куҷост?

Роғун ҳақиқат аст!

Роғун ҳақиқат аст!!!

 

Эй халқи покҷон!

Роғун намои туст!

Роғун ҷасорату

Аҳду вафои туст!

Роғун  шуои меҳр,

Роғун шуои бахт,

Роғун шуои туст!!!

Роғун шуои туст!!!

 

ШУОИ БАХТИ ТОҶИКОН

Роғун, эй Роғун!

Умеди миллати ман,

Дар ҷаҳони ноумедиҳо!

Эй калиди бахти тоҷикон,

Дастовези сафедиҳо!

 

Роғун, эй Роғун,

Билоди ман!

Эътимоди ман,

Эй ту симои садоди ман!

Эй шукӯҳи ишқи Меҳан

Дар  ниҳоди ман!

 

Роғун, эй Роғун!

Қомати нангини тоҷикон!

Пайкари сангини тоҷикон!

Бо ту пирӯз аст, пирӯз аст,

Шӯҳрату таҳсини тоҷикон!

Бо ту бар олам сафо орад

Олами рангини тоҷикон!

 

Роғуно, Роғун, туро бунёд кард

Эътимоду эътиқоду бовари ман!

 

Роғуно, Роғун, туро ман сохтам,

Бо арақҳои ҷабин

аз соруҷи ҷонам!

Нурборон аз ту бодо

З-остон то осмонам!

 

Роғуно, Роғун!

Туӣ кохи булӯри ман,

Кохи нури ман,

Рамзи подори сурури ман!

Чун паёме мерасӣ аз рафтагони дури дури ман!

 

Мешавад бо ту мунаввар,

Нури ҳар як вожаи ихлосу ишқам,

Нури ҳар як донаи поки сиришкам,

Нури фарҳанги адабдорони деринам,

Нури ҷону пайкару имони халқи нозанинам.

 

Аввалин нури ту, Роғун,

Аз дурахши ҷони сӯзони ман аст!

Нури имони ман аст!

Аввалин нури ту, Роғун,

Ин дурахши ғуссаҳои нонамоёни ман аст!

Аввалин нури ту, Роғун,

Барқи чашмони ман аст!

Ин шуои ҳарфи пирони ман аст,

Ин дуои модари ҷони ман аст!

 

Миллати ман сӯхт умре,

То ки бо нураш фурӯзон дорад оламро,

Миллати ман сӯхт умре,

То бисӯзад дарду ғамро.

 

Роғуно, имрӯз бо ту

Парчами нуру зиёи рафтагонат парфишон аст!

Роғуно, имрӯз номат

Ифтихори меҳани озодагон аст!

Роғуно, Роғун!

Ба ҳар як лампаи зулматзудоят

Ҷилваи меҳру муҳаббат аз ниҳоди ман фурӯзон аст!

 

Дар ҳама дилҳо,

Дар ҳама чашмон,

Дар тамоми хонаҳоят

Нури бахти миллату меҳан фурӯзон аст!

 

Нури Роғун

Нурборон мекунад имрӯз оламро,

Ин шуъо аз умқи ҷон аст,

Нури бахти тоҷикон аст!

Ноябрь 16, 2018 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«СЕТОР». Ин гулчини ғазалиёт ғолиби номинатсияи «Китоби назм» дар соли 2024 гардид
Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос гардид
Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ИМРӮЗ-РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКҲО. Неругоҳи барқи обии «Роғун» беназиртарин тарҳи гидроэнергетикӣ дар минтақа аст
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Барои татбиқи лоиҳаи «Барномаи рушди НБО-и «Роғун», марҳилаи 1» 270 миллион доллар ҷудо гардид
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Директори генералии Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Ал-Баҳар
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Барои татбиқи лоиҳаи «Маблағгузории устувор барои НБО-и «Роғун» созишномаи молиявӣ ба имзо расид