Рустами ВАҲҲОБ: «Дар ашъори устод Бозор тасвирҳои нобу тоза мисли амвоҷи рангини рӯшноӣ дар оби равони зулол мавҷ мезананд»
ДУШАНБЕ, 23.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 23 ноябр, соати 14:00 дар толори калони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба хотири гиромидошти шоири маъруфи тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ устод Бозор Собир маҳфили шеъру суруд баргузор мегардад. Дар робита ба ин андешаҳои сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ», шоир Рустам ВАҲҲОБ-ро пешниҳод менамоем:
Хомушнафасе, ки табъи мавзун дорад,
Сад нусха баҳор аз дили пурхун дорад.
Тасхири паризоди сухан осон нест,
Ин ҷо нафаси сӯхта афсун дорад.
(Мирзо Бедил)
Шеъри равон
Аз ин ибора муроди мо таҷниси пурмаъноест, ки дар замири он ба сурати худомад, ки боз ба ҳамон тавсифи «равон» хулоса мешавад, нуҳуфтааст:
- Шеъри мавзун, бесакта, хушоҳанг ва осонхон.
- Шеъри равон, яъне шеъри ҷон. Шеъре ки аз жарфои ҷон пар кашидааст.
Обдорон барои тарғиби колои худ рӯйи шишаи об менависанд: «Оби артезианӣ». Ин обест, ки аз жарфои ҳарчи бештари рагаҳои замин кашида шудааст ва ба таъбири мардумӣ софи чароғ аст. Ҳеҷ ғуборе надорад, зеро аз сад пардаи ҷигари замин полидааст. Шеъри равон мисли ҳамин об аст, ки аз жарфтарин нуқтаи рӯҳу равони шоир берун меҷӯшад ва мисли гавҳар рӯшноӣ дар он мавҷ мезанад, мавзун, бесакта, беғубор ва бешикаст. Мисли бештари ашъори устод Бозор Собир ва аз ҷумла ин қитъа, ки нуктаи фавқро ба зебоӣ таҷассум мекунад:
Бишкуфта лолаҳои лабатро баэҳтиёт
Ман аз миёни хӯшаи мӯ мекунам ҷудо.
Дар таҳти санги синаи ман мавҷ мезананд
Чун обҳои зери замин изтиробҳо.
Ва идомаи шеър низ чунин аст. Мусиқӣ аст ва тасвирҳои нобу тоза дар он мавҷ мезананд. Мисли амвоҷи рангини рӯшноӣ дар оби равони зулол. Ин ҷо баҳси авлавияти тасвир ва ё вазну оҳанг ба ёд меояд. Посухаш ин аст, ки агар сухан поку зулолу равон ва бархоста аз умқи равон набошад, тасвирҳо дар он ҷилвагар намешаванд. Тасвирҳо низ дар он жарфо ҳастанд. Барои ҳамин хос ва ноолудаанд. Масали Мавлоноро аз «Маснавӣ» дар бораи мусобиқаи румиён бо чиниён, сайқалгарии румиён ба ёд меоранд, ки чун ба замири ойинагуна мерасанд, дигар аз рангу равған бениёз мешаванд. Ба асл мерасанд ва аз араз мегузаранд.
Ин бозгӯйи эҳсоси даврони бачагӣ дар кӯҳистон аст, ки ҳини лола чидан, лолаи кӯҳӣ, лолаи нодир ва онро аз миёни гиёҳони дурушттар ба сад эҳтиёт ҷудо кардан ва дар сари ҳар оташин барги нозуки он ларзидан даст медиҳад. Он обҳои зери замин, он изтиробҳо ҳамон эҳсоси пок, вале неруманди даврони наврасӣ аст, ки дар ҳоли илтиҳоби қалбу рӯҳ даст медиҳад ва марзҳои нисбии замону маконро мешиканад ва вуҷудро ба асолати худ ҳарчи наздиктар мебарад.
Мусиқии мусаввар дар идома бар сари овои ҳуруф мерасад:
Форамтар аз насими нафаснорасидаӣ,
Дар рӯю мӯйи ту начаридаст чашми кас.
Дар чор фасли сол сафедӣ ҳамекунад
Барфи бари ду рӯйи ту дар сояи ҳавас.
Ин мусиқӣ аст, ки калимаи тозаи «нафаснорасида»-ро ба шоир илҳом мекунад. Аз Афлотуни Юнонӣ то имрӯз суханварони тавонои ҳама марзу бум бар авлавияти «оҳанги софи осмонӣ» (таъбири устод Қаноат) дар тавлиди шеър таъкид доштаанд. Насириддини Тӯсӣ баръакси арӯзиёни касбӣ вазни шеърро унсури зотӣ ва дарунӣ (на бурунии) шеър медонад ва баракси он фалсафиёне, ки тахайюлро аз вазн ҷудо ва дар шеър муқаддам бар вазн медонанд, вазнро унсури хаёлофарин медонад. Вазн, оҳанг, лаҳн ва дар маҷмӯъ мусиқии шеър (яъне забон) муҳимтарин унсури зотии он аст, ки маънои зоҳирии калимаҳоро бо шарбати худ сероб месозад ва аз ин ҷост, ки гӯё тарҳи лаҳнӣ ва оҳангии шеър аз қабл таъйин шудааст. Бино бар ин шоирон аз таҷрибаи худ ёд медиҳанд ва дар муқоисаи матншиносии мутуни гуногуни як шеър ҳам аён мегардад, ки дар бисёре аз мавридҳо, агар шоир барои рафъи сактаи вазн як калимаро ба калимаи дигар иваз кардааст, ҳамзамон шеър аз назари маъно ҳам такмил шудааст. Яъне, аз ибтидо дар тарҳи вазн ва оҳанги шеър он ҷой ҷойи ҳамон калима буда ва барои муваққат калимаи дигаре ҷойгузини он шудааст. Чунин намунаҳо дар вариантҳои гуногуни ашъори устод Бозор Собир зиёд ба назар мерасанд ва агарчи дар назари аввал хонанда гумон мекунад, ки шоир ашъори равони худро бадоҳатан суруда, вале дар асл ин ашъор пайваста дар сари дастгоҳи шоирии ӯ буда ва ҳар бор онро пероста, ба ҳамон асли аввалӣ ё «тарҳи илҳомӣ» наздиктар бурдааст.
Ин асл табиати забони модарии шоир аст, ки ҳар қадар шоир бештар таҷриба андӯхта ба сӯйи ин табиат бештар майл кардааст. Мусиқӣ ва лаҳне, ки хамири илҳоми шоир аст, аз сиришти ҳамин забон аст. Ҳар қадар калима бо асли табиат ва муҳити забонии шоир бештар фосила дошта бошад, ҳамон андоза дар таркиби ин хамир дуруштӣ мекунад ва мусиқии табиъии онро барҳам мезанад, дар чинии хушсадои он мӯй меандозад ва онро сокит мекунад. Шеъри Бозор Собир нозишу навозиши забони зиндаи модарӣ аст ва дар он калимаҳое, ки дар назари зоҳир дурушту омиёнаанд, ба пораҳои як оҳанги мусаввар табдил мешавад:
Боди Файзобод чун дар пушта гардон мешавад,
Хонаҳои чашмҳоям чаппагардон мешавад.
Байни кӯрак монда меборад агар кӯҳи Мазор,
Хонаҳои чашмҳоям мечакад беихтиёр.
Ин замон гӯё ки ман дар гардани Файзоваам,
Дар таҳи порисаи як боми беандоваам…
Дар шеърҳои тозааш шоир ҳарчи бештар ба қалби ватани худ, яъне забони модарии худ наздиктар меравад ва бо забони модарӣ чун бо як инсони мунис, азиз ва ғамхор гуфтугӯ мекунад, дарди дил мегӯяд, менозад, онро навозиш мекунад, аҳволи наздикону азизони худро аз ӯ ҷӯё мешавад. Оре, содиқтарин ҳамроҳи Бозор аз ибтидо забони модарӣ будааст.
Оё метавон намунае барҷастатар чӣ аз назари ҳунарӣ ва чӣ аз назари самимият барои таҷассуми «ваҳдати вуҷуди шоир» бо фарҳанги миллӣ ва забони модарӣ дар баробари ин пораи шеър пайдо кард?:
Муддате шуд модарам дар хона нест,
Модари ман дар забони модарист.
Пуштвори ман чу гӯри сабзи ӯ
Ҳарду ҷилди сабзи «Фарҳанги дарист».
Мо ҳатто пас аз хондани ин шеър ба рамзи ранги сабзи ҷилди «Фарҳанги забони тоҷикӣ» таваҷҷуҳ мекунем. Оре, устод Бозор Собир бо самимияти васфношудание, ки дорад, на танҳо шахси худ, балки азизону наздикони худ, бародарони худро ном ба ном, деҳаи худ, гулу гиёҳ ва тамоми табиати зиндаи муҳити худро ба мазҳарҳои арзишманд ва ҷовидонии фарҳанги миллӣ табдил кардааст, балки ба он назр кардааст ва аз сӯйи дигар дарси меҳрварзӣ ва арҷ гузоштан ба онҳоро додааст.
Зодгоҳам дар сари кӯҳи сафеди Ширбиёяш тӯтиё дорад,
Дар сари кӯҳи Зарафшон мӯмиё дорад,
Дар сари ҳар пушта аз рангинкамон чархофалак дорад,
Кӯзаи моҳи шабаш шири малак дорад,
Зодгоҳам оби гарму оби шӯрак дораду заррингиё дорад.
Дар қатори фавҷи мӯраш ҳамқадам дорам,
Балки ман дар он қаламрав сад найистон ҳамқалам дорам.
Метавон аз ин пора тасвирҳои тозае чун «чархофалаки рангинкамон», «шири малак», «заррингиё», «сад найистон ҳамқалам (!)» — ро ҷудо ва бахусус таъкид кард, ки воқеан нишони барҷастаи халлоқияти шоирист, вале муҳимтар аз инҳо, оҳанги равону табиии забони тоҷикист, ки ин тасвирҳои тоза бар қомати баланду мавзуни он муносиб афтодаанд.
Шоир чун дар ҳунари корбурди забон ба камол мерасад, дигар ягона мояи шеъри ӯ ҳамин забон аст, забони ҳарчи табиитар, бе ҳеҷ ороишу пироиши маснуъӣ ва аз ҳар чизе, ки камтарин осори сунъӣ ва сактаро дар ин забони равон метавонад ворид созад, парҳез мекунад, агарчи ба зоҳир бисёр зебо, санъаткорона ва бикру тоза бошад.
Хулоса, ҳар як калимае, ки бар асари илҳом аз умқи хотироти мусаффои Бозор берун меомад, дорои тасвири тоза, забони равон ва тобишҳои баланди маъноӣ буда, саропои ашъори ӯро мафҳумҳои ватандӯстию хештаншиносӣ, ёдоварӣ аз таърихи қадимии миллат ва гиромӣ доштани забони поки модарӣ ташкил медоданд.