Тӯли 9 моҳ беш аз 1,2 млн. шаҳрвандони Ӯзбекистон аз Тоҷикистон дидан кардаанд
ДУШАНБЕ, 20.11.2018./АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти оморӣ, давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон 1 млн. 165 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Ӯзбекистон боздид намудаанд. Дар ҳамин давра 1 млн. 253 ҳазор нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омадаанд, хабар дод «Азия-Плюс» бо истинод ба манбаъ дар Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамзамон, бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон, давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон шумори шаҳрвандони хориҷие, ки аз ин кишвар боздид кардаанд, 4666,5 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,3 баробар зиёдтар аст.
Аз шумори умумии сайёҳони ба Ӯзбекистон сафаркарда 40,2% — ба Қазоқистон, 24,8% — ба Тоҷикистон, 16,7% — ба Қирғизистон, 7,4% — ба Русия ва аз кишварҳои хориҷи дур 1,1% — ба Туркия, 0,6% — ба Чин, 0,5% — ба Кореяи Ҷанубӣ, 0,3%-ӣ ба Ҳиндустон, Олмон ва Япония рост меояд.
Тӯли 9 моҳ шумори шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки қаламрави кишварро тарк кардаанд, 10812,0 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 2,1 маротиба зиёдтар мебошад.
Дар ин давра ӯзбекистониҳо ба Қазоқистон – 53,4%, Қирғизистон – 22,2%, Тоҷикистон – 11,6%, Русия – 8,2% ва аз кишварҳои хориҷи дур ба Туркия – 1,3%, Кореяи Ҷанубӣ – 0,6%, Амороти Муттаҳидаи Араб – 0,3%,Чин, Арабистони Саудӣ ва Ҳиндустон – 0,2%-ӣ сафар кардаанд.








Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид






