ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 ноябр, сешанбе, 310-умин рӯзи соли 2018 аст

Ноябрь 6, 2018 08:02

6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул ва Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

***

4 сол пеш, 6 ноябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар гуфтугӯи шарикони Форуми ҳамкории иқтисодии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар карданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 интихоботи навбатии президентӣ баргузор гардид.

6 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи Конститутсия.

***

Дар Тотористон – Рӯзи Конститутсия.

РӮЙДОДҲО:

 6 ноябри соли 1999 интихоботи навбатӣ ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор ва Эмомалӣ Раҳмон  бори дуюм ба ин мақом интихоб гардиданд.

***

6  ноябри соли 1946 дар Британияи Кабир Хадамоти давлатии тандурустӣ таъсис дода шудааст.

***

Дар ин рӯзи соли 1970 Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Италия муносибати дипломатӣ барқарор кардааст.

***

29 сол пеш аз ин, 6 ноябри соли 1988 6 ҳазор компютери вазорати мудофиаи ИМА- ро вирус пахш намуда буд.

 ***

6 ноябри соли 1988 дар Чин заминҷунбии шадиди 7,6-балла ба амал омад, ки дар натиҷаи он қариб 1000 нафар ҳалок шуданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1869 дар Ню-Ҷерси (ИМА) аввалин мусобиқаи футболи америкоиҳо баргузор гардид.

 Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад.

 

 

Ноябрь 6, 2018 08:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 октябр, якшанбе, 277-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 октябр, шанбе, 276-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 октябр, ҷумъа, 275-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 октябр, панҷшанбе, 274-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 сентябр, чоршанбе, 273-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 сентябр, сешанбе, 272-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 сентябр, душанбе, 271-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 сентябр, якшанбе, 270-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 сентябр, шанбе, 269-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 сентябр, ҷумъа, 268-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 сентябр, панҷшанбе, 267-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 сентябр, чоршанбе, 266-умин рӯзи соли 2026 аст