«ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН!». Таҳти ин ном Озмуни ҷумҳуриявӣ барои дарёфти истеъдодҳои нав ва эҷоди асарҳои тоза бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда мешавад

Ноябрь 20, 2018 16:10

ДУШАНБЕ, 20.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2019 дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман!» гузаронида мешавад. Дар ин бора Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.

Озмун бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти  ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, инчунин таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ баргузор мегардад.

Озмуни мазкур дар се давра гузаронида шуда, даври аввали он моҳҳои апрел – майи соли 2019 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ,    даври дуюм   моҳҳои июн- июл дар марказҳои вилоятҳо доир мегардад.

Даври сеюми озмун  16 ноябри соли 2019 дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад. Ғолибони озмун бо диплому ҷоиза ва дигар туҳфаҳои кумитаи тадорукоти озмун қадрдонӣ  мегарданд.

Озмун аз рӯи номинатсияҳои оҳангсоз, сароянда, навозанда, шоир ва ровии беҳтарин гузаронида мешавад.

Гуфта мешавад, ки ҳар як номинатсия дорои талаботи махсуси касбӣ буда, дар вақти иҷро таълифи асари мусиқӣ, шеър, суруд ва оҳанг ба инобат гирифта мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки озмуни мазкур бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор баргузор карда мешавад.

Ноябрь 20, 2018 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад