Ҷаласаи моҳонаи кишварҳои узви Гурӯҳи Осиё ва Уқёнуси Ором дар Маҷмаи умумии СММ таҳти раёсати Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 19.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. 18 декабр Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ба ҳайси Раиси Гурӯҳи Осиё ва Уқёнуси Ором, ки аз 55 кишвари узви СММ иборат аст, дар ҷаласаи Маҷмаи Умумии СММ бахшида ба 70-умин солгарди Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва 25-умин солгарди Эъломияи Вена ва Барномаи амали он суханронӣ намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар суханронии худ аз номи Гурӯҳи Осиё ва Уқёнуси Ором Намояндаи доимии Тоҷикистон иброз дошт, ки ҳуҷҷатҳои мазкур ормонҳои муштарак ва иродаи умумии ҷомеаи ҷаҳониро барои манфиати инсоният таҷассум менамоянд.
М. Маҳмадаминов инчунин таъкид кард, ки Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар худ ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва шаҳрвандиву сиёсиро дар бар мегирад, ки онҳо танҳо дар ҳамоҳангӣ бо якдигар метавонанд муваффақ бошанд.
Зимни ҷаласаи мазкур ба таваҷҷуҳи ширкаткунандагон маълумоти муфассал оид ба кори анҷомдодашуда тайи моҳи ҷорӣ пешниҳод гардида, масъалаҳои марбут ба номзадии кишварҳои узви Гурӯҳи Осиё ва Уқёнуси Ором ба ниҳодҳои гуногуни СММ баррасӣ шуданд.









Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026 дар Париж иштирок намуд






