АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ: РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ТАЪСИСИ ГАРМХОНАҲОИ НАВ — ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ. Дар хоҷагии деҳқонии «Олимиён»-и ноҳияи Мастчоҳ аз гову гӯсола то аспу шутур парвариш карда мешаванд!

Декабрь 10, 2018 13:18

ДУШАНБЕ, 10.12.2018./АМИт «Ховар»/. Даҳ сол пеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паëми худ ба Маҷлиси Олии кишвар чунин таъкид намуда буданд:  «Cоҳаи мyҳимтаpини иқтисоди миллӣ бахши кишоварзӣ мебошад, ки амнияти озуқавории мамлакат асосан аз сатҳи рушди он вобаста аст. Барои таъмини амнияти озуқаворӣ зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсyлоти асосии ғизоӣ зарур аст ва ҷиҳати қонеъ гардонидани эҳтиëҷоти озуқавории мардуми кишвар бояд заминаҳои моддиву техникии хоҷагиҳои кишоварзӣ мyстаҳкам карда шаванд». 

Дар ин муддат дар ҷумҳурӣ теъдоди хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҳаҷми маҳсулоте, ки истеҳсол мекунанд, чандин баробар зиёд карда шуд.

Чорводорӣ қисми таркибии соҳаи кишоварзӣ буда, аҳолиро бо гӯшту шир, равған, тухму асал ва саноатро бо ашёи хом, пуст, пашм, пусти қароқулӣ, тибит (пух) ва ғайра таъмин менамояд ва дар иҷрои Барномаи таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми бузург мегузорад.

Маводе, ки дар зер оварда мешавад, дар бораи яке аз хоҷагиҳои пешқадами ноҳияи Мастчоҳ ҳикоят мекунад.

Ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ноҳияи аграрӣ буда, кишоварзону хоҷагидорони он ба парвариши пахтаю сабзавот, чормағзи заминӣ ва чорводорӣ тарҷеҳ медиҳанд.

Соҳаи чорводорӣ нисбати солҳои пешин рушд намуда, тибқи иттилои раёсати кишоварзии ноҳия имрӯз 326 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки дар заминаи фермаҳои колхозу совхозҳои собиқ ташкил ёфтаанд, ба парвариши чорвои мухталиф машғуланд.

Яке аз чунин хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки дар баробари парвариши пахтаву дигар рустаниҳои муфид, ҳамчунин ба парвариши чорвои шахсӣ машғул аст, хоҷагии деҳқонии «Олимиён» мебошад.

Тибқи иттилои масъулин, хоҷагии деҳқонии «Олимиён» серсоҳа буда, дар ин хоҷагӣ 170 сар гову гӯсола, 10 сар асп ва ҳатто 2 сар уштур парвариш меёбад.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти ин хоҷагӣ раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода аз фаъолияти пурмаҳсули роҳбарияти хоҷагӣ ва соҳибкори муваффақ, узви фаъоли ҲХДТ Устосафар Олимов тавсиф намуда, изҳор дошт, ки чунин соҳибкорони ватандӯст бо аъмоли пуршарафи худ барои рушди маҳаллу диёр ва кишвари азизамон саҳми шоиста мегузоранд.

Устосафар Олимов яке аз соҳибкорони ободкору созандаи маҳаллӣ мебошад, ки дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдкориро шиори худ кардааст. Маҳз бо ташаббусу дастгириҳои ин марди ватандӯст дар маҳаллаи Роғ хати оби нӯшокӣ ба сокинон оби хушсифати ошомиданӣ бахшида, чандин кӯчаҳои маҳалла мумфаршу чароғон гардиданд. Ҳамчунин, аз ҷониби ин соҳибкор истгоҳ ва майдончаи варзишии замонавӣ бунёд ёфт, ки дуюмӣ дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ шуд ва дар истифодаи ҷавонони варзишдӯст қарор дорад.

Дар хоҷагии серсоҳаи «Олимиён» дар маасоҳати 0,10 га гармхона низ фаъолият дорад, ки барои меҳмонону сокинони маҳаллӣ маҳсулоти хушсифату аз нигоҳи экологӣ тозаро пешниҳод менамояд.
Айни замон дар ноҳияи Мастчоҳ 83 адад гармхона фаъолият мекунад ва тибқи иттилои Нарзулло Боймирзоев, сардори раёсати кишоварзии ноҳия аксари онҳо фаъолияти пурсамар дошта, маҳсулоти онҳо ҳатто берун аз ноҳия низ харидор дорад.

Боймаҳмад Султонов, соҳибкори масчоии муқими Маскав пас аз ошноӣ бо фаъолияти ин хоҷагии деҳқонӣ аз роҳбарияти ноҳия хоҳиш намудааст, ки барои бунёди як фермаи замонавӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба ихтиёраш 20 га замин ҷудо намоянд. Тибқи иттилои як манбаъи муътамад аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ин дархости соҳибкор дар дасти баррасист ва ба гумони ғолиб ба таври мусбӣ ҳал мешавад. Зеро бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ин ноҳия бунёди беш аз 300 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аксари онҳо аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта мешаванд.

                                                                                          Аврангбахти МАҲБУБ,
                                                                                                  «Нигоҳи халқ»

Декабрь 10, 2018 13:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов нақшаи истеҳсоли пахта беш аз 12 ҳазор тонна муайян карда шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъати тоза меёбад
Ҳамкории Тоҷикистон бо БАТР дар самти ҷалби сармоя ба технологияҳои нав баррасӣ гардид
Душанбе мизбони Форуми дуюми байналмилалии «Digital Tajikistan» мегардад
Ноҳияи Ёвон нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро иҷро намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Хиёбону кӯчаҳои шаҳри Турсунзода ба гулзор табдил дода шуданд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии стратегӣ дониста мешавад
ИСТЕҲСОЛ ЗИЁД — НАРХ ГАРОН. Чаро дар Тоҷикистон нархи моҳӣ баланд аст?
Байни Тоҷикистон ва БАТР якчанд созишномаи нав ба имзо расид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон беш аз 2400 километр роҳҳо сохта шуданд
Корхонаҳои коркарди хушкмеваи Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «Anuga» иштирок доранд
Таҳкими ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаҳои Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар бахши молиявӣ баррасӣ гардид