«БУНЁДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА МУОСИР БИДУНИ МУТАХАССИСОНИ КАСБӢ ҒАЙРИИМКОН АСТ». Профессори Донишгоҳи «Дӯстии халқҳо»-и Россия Инна Андронова сиёсати Ҳукумати Тоҷикистонро дар соҳаи маориф оқилона ва дурандешона арзёбӣ намуд

Декабрь 6, 2018 12:58

ДУШАНБЕ, 06.12.2018./АМИТ «Ховар»/. Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, устоди Донишгоҳи «Дӯстии халқҳо»-и Россия  Инна Андронова дар суҳбат бо хабарнигори агентии «Спутник» -и ин кишвар иқдомҳои пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистонро дар соҳаи маориф ҷонибдорӣ намуд.

Тавре профессор Андронова зикр кард, чанде пеш Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи буҷети давлатии соли 2019-ро қабул намуд, ки ҳаҷми умумии он ба  24 миллиарду 165 миллион сомонӣ  баробар аст.  Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳама бештар — дар ҳаҷми 18,21 дарсад —  ба соҳаи маориф  маблағ ҷудо мекунад.

Ба гуфтаи коршинос Андронова, «ин намунаи сиёсати оқилона ва дурандешонаи  кишвар» мебошад.

«Ҳукумати Тоҷикистон дарк намудааст, ки бунёди  иқтисоди рақамӣ ва муосир бидуни мутахассисони касбӣ ғайриимкон аст. Дар ҷаҳон ҳеҷ  давлате нест, ки ба соҳаи маориф аҳамият надода бошад. Тоҷикистон, чун ҳама кишварҳо,  ба мутахассисони касбӣ ниёз дорад, зеро  ин қабил мутахассисон метавонанд ба иқтисоди кишвар технология ва назарияҳои  наву замонавӣ  ворид созанд. Маориф бояд манфиатҳои иқтисодиро таъмин намояд», —  иброз дошт Инна Андронова.

Мавриди зикр аст, ки профессор Инна Андронова котиби илмии Шӯрои диссертатсионии яке аз мактабҳои олии бонуфузи Россия – Донишгоҳи «Дӯстии халқҳо» мебошад ва соли 2015 дар мавзӯи «Амнияти иқтисоди берунии Федератсияи Россия: хатарҳои нав ва роҳҳои пешгирии онҳо дар шароити ҳамкории босуръати авруосиёӣ» рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст. Инна Виталйевна муаллифи китобу мақолаҳои зиёд дар бораи муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ мебошад, ки ба забонҳои русӣ ва англисӣ ба нашр расидаанд.

 

Декабрь 6, 2018 12:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид
Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии рушди низоми почтаи Тоҷикистон ба имзо расид
ИЛОҶИ ВОҚЕА-ПЕШ АЗ ВУҚУЪ. Дар Тоҷикистон майдони тухмгузории малах муайян карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода беш аз 6 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») ба Душанбе мерасад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба рушди долонҳои нақлиётӣ ба мувофиқа расиданд
Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент дар 2,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад
ПАЙВАНДИ НИҲОЛ. Он ба афзоиш ёфтани ҳосили дарахтон мусоидат мекунад