«ЧИПСИ КӮҲИСТОНӢ» («MOUNTAIN FOODS»). Рақобати онро бо чипси хориҷӣ дар бозорҳои Хоруғ вақт нишон медиҳад

Декабрь 15, 2018 12:13

 ХОРУҒ, 15.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаводорони як навъи маҳсулоти ғизоӣ бо номи «Чипси кӯҳистонӣ» (MOUNTAIN FOODS), ки дар яке аз корхонаҳои истеҳсолии шаҳри Хоруғ тавлид мешавад, ҳамарӯза меафзоянд.

Ин дар ҳолест, ки иддае аз коршиносони масоили иқтисодӣ ба ояндаи бобарори ин корхона чандон эътимод надоштанд. Роҳбари корхонаи мазкур Садрия Мародмамадова гуфт, ки  «мо низ аввал дудила будем ва ҳар гуна гумонҳо моро думболагир мекарданд, ки оё маҳсулоти мо ба рақобати шадиди бозор тоб оварда метавонад? Оё ҷои ин навъи молҳои воридотиро пур карда метавониста бошем ва ё моҳҳои аввали фаъолият ба душвориҳо дучор мешавем? Аммо аҳли коргоҳ ба ояндаи неки корхона бовар доштанд ва дучанд фаъолият намуданд. Ҳоло маҳсулоти мо берун аз вилоят, дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд низ харидори худро пайдо намудааст».

Яке аз бартариҳои аслии маҳсулоти ин корхона нисбат ба молҳои ҳамсони воридотӣ-ин аз ҷиҳати экологӣ тоза будани он аст. Зеро ҳангоми бастани шартнома бо хоҷагиҳои деҳқонӣ талаби асосии корхонаи мазкур ин буд, ки дар парвариши картошка ҳаргиз аз моддаҳои кимиёӣ истифода набаранд. Бигузор маҳсулот кам бошад, аммо сифаташ баланд бошад. Ба маҳсулот мутобиқи сифаташ нарх гузошта мешавад.

Ҳоло корхона дар 10 дақиқа қариб яку ним тонна «Чипси кӯҳистонӣ» истеҳсол мекунад. Ба ҷуз ин дар корхона бо хоҳиши каҳвахонаву ошхона ва тарабхонаҳои шаҳр як навъи дигари маҳсулот бо номи «фри»  омода мешавад.

Хотиррасон менамоем, корхонаи мазкур моҳи сентябри соли гузашта бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамадтоҳир Зокирзода ифтитоҳ ёфта буд. Дар оғози  фаъолият корхона дар он  ҳамагӣ панҷ нафар кор мекарданд, ҳоло теъдоди коргарон ба 20 нафар расидааст. Ба гуфтаи Садрия Мародмамадова, яке аз дигар омилҳои пешрафти корхона- ин муносибат ва ҳамкории Ҳукумати ҷумҳурӣ бо бахши хусусӣ мебошад. Тақвияти шарикии давлат бо бахши хусусӣ,  дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ аз сӯи давлат, содагардонии низоми бақайдгирии андозсупорӣ, аз боҷи гумрукӣ озод кардани воридоти технологияи муосири техникӣ ба рушди минбаъдаи соҳибкории истеҳсолӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар назди корхона барои омӯзиш ва рушди соҳибкорӣ Маркази таҳияи бизнес-нақшаҳо таъсис ёфтааст. Дар канори корхона барои меҳмонон ва ширкаткунандагони давраҳои омӯзишӣ меҳмонхонаи муосир бунёд шудааст.

Ба гуфтаи роҳбари корхона Садрия Мародмамадова, минбаъд  бо дастрас кардани техникаву технологияи зарурӣ истеҳсол ва фурӯши чанд намуди дигари маҳсулот, ба мисли оби тозаи бегаз, нӯшобаҳои гуногун аз меваю сабзавот, коркарди маҳсулоти шириро низ ба роҳ мемонанд.

 

Декабрь 15, 2018 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд