Дар шаҳри Душанбе нуқтаи фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумии «Рухом» ифтитоҳ гардид

Декабрь 7, 2018 15:00

ДУШАНБЕ, 07.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маросими ифтитоҳ ва муаррифии нуқтаи савдои маҳсулоти ҳунарҳои мардумии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Рухом» баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар маросими ифтитоҳи он Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Рухом» Муфарраҳ Муҳаббатов ва дигарон иштирок намуданд.

Ҷонишини директори генералии ҷамъияти мазкур Шаша Қуқанов дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки имсол аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Бо эълон гардидани ин сол мо, соҳибкорони ба истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ сарукордошта кӯшиш намудем, ки маҳсулоти нави ватаниро ба мизоҷони худ, аз ҷумла, сайёҳони хориҷӣ пешниҳод намоем.

«Иқдоми мо ба хотирест, ки маҳсулоти ҳунарҳои мардумиро ба сайёҳону меҳмонони пойтахт муаррифӣ ва бо сифати баланд пешниҳод намоем. Зеро ҳар як сайёҳе, ки ба мамлакати мо ташриф меорад, мехоҳад аз инҷо барои худ ё наздикону пайвандонаш армуғон ё туҳфае бигирад»,-илова намуд номбурда.

«Мо,- гуфт Шаша Қуқанов, — бештар аз сангҳои Ватани худ маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ омода ва ба фурӯш мебарорем. Дар баробари ин дар маҳсулоти сангии омоданамудаи худ нақшҳои миллии кундалро истифода мебарем. Он чизе, ки таваҷҷуҳи мизоҷон, аз ҷумла сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб намуд, ин дар табақҳои сангин ҷой додани нақши кундал ва манзараҳои биҳиштосои Тоҷикистон мебошад», — гуфт  ҷонишини директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Рухом».

Бояд гуфт, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Рухом» соли 1994   таъсис ёфта,  ба  омӯзиш, коркард ва истеҳсоли маҳсулот аз сангҳои рангаю ороишӣ ва маснуоти ҳунарҳои халқӣ  машғул  мебошад.   Самти дигари  фаъолияти корхона- ин   бурдани корҳои илмӣ-оммавӣ  оид ба омӯзиши фанҳои табиии заминшиносӣ, сохтани коллексияҳои бойигариҳои табиии Тоҷикистон, сарҷамъ намудани минералҳо, коллексияҳои палеонтологӣ  дар ҳамкорӣ бо Саридораи геологияи тоҷик ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Тавре зимни муаррифии маҳсулоти истеҳсолнамудаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Рухом» ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, маҳсулоти асосие, ки корхона истеҳсол мекунад, ин мӯҳра, тасбеҳ, гарданбанди ҳархела, дастпона, гӯшвор, овезаҳо барои калидҳо, шамъдонҳо, гулдонҳо, ҷиҳози рӯи миз, шоҳмот, мусаввараҳои гуногун ва дигар маснуоту молҳои армуғонӣ мебошанд.

Зикр шуд, ки маҳсулоти корхона на танҳо дар дохили Тоҷикистон, балки ба давлатҳои Россия, Чин, Покистон, Афғонистон, Германия ва дигар мамлакатҳои дуру наздик содирот карда мешавад.

Дар корхонаи мазкур дар баробари мавҷуд будани самтҳои истеҳсолот ҳамчунин истеҳсоли маҳсулоти суфташуда ҷои намоёнро ишғол менамояд. Дар он усулҳои махсуси  технологияи коркарди сангҳо ба роҳ монда шудаанд ва дар ин  соҳа аз таҷҳизоти гуногун истифода бурда мешавад.

Ба иттилои масъулини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Рухом», соли 2006 корхонаи онҳо узви Ассотсиатсияи осиёимиёнагӣ оид ба дастгирии ҳунарҳои мардумӣ  гардид. Бо ташаббуси Ассотсиатсияи мазкур соли 2008  устои харрот Намоз Назаршоев  бо маҳсулоти тайёркардааш ғолиби озмун гашта, соҳиби нишони сифати ЮНЕСКО ба маҳсулоти худ гардид.

Мавриди зикр хос аст, ки ҶДММ «Рухом» дар бисёр намоишгоҳҳои сатҳи олии ҷаҳонӣ  Тоҷикистонро дар сатҳи баланд муаррифӣ намудааст. Аз ҷумла, дар Намоишгоҳи байналмилалии сатҳи олии «Экспо-2005» дар Япония, «Экспо-2010» дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, намоишгоҳи 20-солагии ИДМ дар соли 2011 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия, «Экспо-Ёхсу- 2012» дар Кореяи Ҷанубӣ, «Экспо Авроосиё-2012» дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ғайраҳо маҳсулоти он аз ҷониби иштирокдорони ин маъракаҳо баҳои баланд гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки ҶДММ «Рухом»   дар номгӯи «Маснуоти ҳунарҳои мардумӣ» муддати ҳафт соли охир  пайи ҳам «Соҳибкори беҳтарин дар  шаҳри Душанбе» дониста шудааст.

Шукӯҳи ДАЛЕР,
Тоҳир САИД,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 7, 2018 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба гиромидошти Рӯзи Мавлоно дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи давлатии Кутаиси тақвият медиҳад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Шурои нави диссертатсионӣ муаррифӣ карда шуд
Сокинону меҳмонони пойтахт тавассути хатсайри «City Tour» зебоиҳои Душанберо тамошо намуданд
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Воридшавии сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон дар ҳашт моҳ 34% афзоиш ёфтааст
«САЙРИ ДУШАНБЕ». Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар пойтахт хатсайри ройгон ташкил карда мешавад
DITE-2025: Душанбе ба маркази нави сайёҳии байналмилалӣ табдил меёбад
DITE-2025. Зиёда аз 10 ҳазору 500 нафар аз Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе дидан намуданд
Масъалаи густариши ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбе ва Ҷазираи Киш дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд
Дар доираи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе ҷаласаи панелӣ ва дарси маҳорат доир гардиданд
Муслим Сафоӣ аз Эрон: «Соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дорад»
Байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Қазони Федератсияи Русия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид