Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баҳри солимии шаҳрвандон тадбирҳои мушаххас меандешад

Декабрь 26, 2018 14:48

ДУШАНБЕ, 26.12.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш — 1 сентябри соли равон нигаронии худро аз сатҳи пасти назорати сифати маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ва воридоти дорувории пастсифат изҳор намуда, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш доданд, ки дар масъалаи  ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, доир ба пурзӯр намудани ҷавобгарӣ, бахусус, ҷавобгарии маъмурию ҷиноятӣ барои воридоту муомилоти маводи дорувории бесифат, қалбакӣ ва муҳлати истифодааш гузашта, қочоқи доруворӣ ва истеҳсолу фурӯши маводи ғайристандартӣ чораҷӯӣ намоянд. Сарвари давлат ширкатҳои воридкунандаи дору ва дигар маводи ороишию гигиениро ҳушдор доданд, ки аз ворид кардани маводи  дорувории қалбакию ғайристандартӣ  ва муҳлаташон гузашта худдорӣ намоянд.

Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  соли равон дар ҳамаи самтҳои фаъолияти худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Ин гуфта аз таҳлили самтҳои мухталифи ин Хадамот тӯли солҳои 2017 ва 2018 бармеояд. Хадамот ҳамчун мақоми ваколатдори соҳа имсол ҳаҷми махсусан калони маҳсулоти пастсифатро аз муомилот гирифт, ки назар ба соли гузашта зиёдтар мебошад.

Дар ин бора сардори Хадамоти назорати  давлатии тандурустӣ  ва ҳифзи  иҷтимоии аҳолӣ  Султон Бекмуродзода зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод. Номбурда зикр намуд, ки Хадамот сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳуриро дар соҳаи тандурустӣ сармашқи фаъолияти худ қарор дода, баҳри ободии ҷомеа ва сиҳатии сокинони мамлакат кӯшиш ба харҷ медиҳад.

«Аз ин рӯ, аз тарафи мутахассисони Хадамот соли равон як зумра маҳсулоти пастсифат аз муомилот гирифта шуданд. Аз ҷумла,   606 ҳазору 101 кг гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ  аз бозорҳо гирифта шуданд, ки назар ба соли 2017  661,1 маротиба зиёдтар мебошад. Инчунин шир ва маҳсулоти ширӣ  62 ҳазору 711 литр аз муомилот гирифта шуданд, ки назар ба соли 2017  50,1 маротиба зиёд мебошад. Ба монанди ин маҳсулоти қаннодӣ, намак, маҳсулоти полезӣ, хӯришҳои консервагӣ, нӯшокиҳои спиртӣ  ва   ғайриспиртӣ, орд ва маҳсулоти ордӣ,  равған, моҳӣ,  бозичаҳои кӯдакона аз муомилот гирифта шуданд, ки  назар ба соли гузашта миқдорашон зиёдтар  мебошад, — зикр намуд ҳамсуҳбат.

Султон Бекмуродзода иброз дошт, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ 2 ҳазору 440 муассисаи фармасевтӣ   фаъолият менамоянд, ки аз инҳо 495- тояш дар шаҳри  Душанбе мебошанд. «Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  316,  вилояти Хатлон 695, вилояти Суғд 876 ва дар ВМКБ 58 муассисаҳои фармасевтӣ фаъолият доранд. Бояд гуфт, ки соли равон  Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фарматсевтии Хадамот ва шуъбаҳои дар вилоятҳо будаи он фаъолияти 770 муассисаи фармасевтӣ, 485 муассисаи табобатию профилактикӣ ва  771 нуқтаи савдои маводи ороишию гигиениро  зери назорат қарор доданд», — илова  намуд номбурда.

Ба гуфтаи мавсуф, соли равон ҳангоми санҷишҳо аз муассисаҳои фармасевтӣ  ва ду анбори ғайриқонунии ҷумҳурӣ  4 ҳазору 821 номгӯй маводи доруворӣ  ва молҳои тиббӣ  аз муомилот гирифта шуданд.  Ин шумора соли 2017  3 ҳазору 771 номгӯро ташкил медод, ки   нисбат ба соли равон камтар мебошанд.

«Бояд гуфт, ки аз  4 ҳазору 821 номгӯй маводи доруворие, ки аз муомилот гирифта шуданд, муҳлати истифодаи 866-тояш гузашта, 3 ҳазору 897 номгӯй  бе сертификати мутобиқатанд ва 54 номгӯй ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ  ҷавобгӯй нестанд. Инчунин 51 номгӯй молҳои тиббии ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ  ҷавобгӯнабуда ба миқдори 144 ҳазору 229 адад то ба бозори фармасевтӣ  баромадан аз ду анбори ғайриқонунӣ  дарёфт гардида, гирифта шуданд», — зикр намуд С.Бекмуродзода.

Аз гуфтаи ҳамсуҳбати мо бармеояд, ки    соли равон аз муассисаҳои табобатию профилактикӣ  номгӯи зиёди маводи доруворӣ  ва молҳои тиббӣ аз муомилот гирифта шуданд. Дар ин миён маводи дорувории муҳлати истифодаашон гузашта ва дорувории бе сертификати мутобиқат зиёд мушоҳида шуданд, ки ҳамаи онҳо дар асоси санади гирифт аз муомилот боздошта шуданд.

Султон Бекмуродзода дар идомаи суҳбат гуфт, ки   соли 2018 аз тарафи кормандони Хадамот дар вилоятҳо 160 ҳазор килограмм маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишию гигиенӣ  ва ғизои кӯдаконаи муҳлати истифодаашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талабот ҷавобгӯй набуда бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шудаанд. Ин рақам аз рӯи таҳлилҳо нисбат ба соли гузашта бештар мебошад.

«Соли 2018 аз тарафи шуъбаҳои назоратии Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ  ва шуъбаҳои дар вилоятҳо будаи он нисбат ба 567 нафар шахсони ҳуқуқӣ  ва воқеии муассисаҳои фармасевтӣ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ,  табобатию профилактикӣ  ва нуқтаҳои савдои маводи ороишию гигиенӣ   тартиб дода шуда, ба маблағи умумии 1 миллиону  235 ҳазор  сомонӣ  ҷарима баста шуданд»,- гуфт сардори Хадамот.

Бояд зикр кард, ки соли равон Хадамоти мазкур ҷиҳати пешгирии қонуншиканиҳо як зумра тадбирҳоро доир намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Кормандони Хадамот тавонистанд дар ин муддат нисбат ба  соли сипаригардида бештар маводи пастсифату муҳлаташон гузаштаро аз муомилот боздоранд ва ба ин восита барои ҳифзи саломатии аҳолӣ хидмат намоянд. Зеро дар   ин бора чандин маротиба Роҳбари давлат изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулин супоришҳои мушаххас дода буданд ва имрӯз Хадамот ҳамчун мақоми ваколатдор ин супоришҳоро дар саргаҳи кори худ қарор дода пайваста тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

 

Декабрь 26, 2018 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ дарозтарин парчам омода гардид
«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд
Кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
«НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз омадани сел дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳушдор медиҳад
Дар шаҳри Омск Форуми 4-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт
Ҷумҳурии Тоҷикистон 67-умин давлат дар самти манъи ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кӯдак гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ оид ба вазъи зимистонгузаронӣ доир шуд
Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд