МАДАДГОРОНИ БЕМИННАТ. Ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон бахшида мешавад

Декабрь 5, 2018 10:10

ДУШАНБЕ, 05.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Соли  1985 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуд, ки 5 декабр ҳамчун Рӯзи волонтёрон (ихтиёриён) таҷлил карда шавад. Шурӯъ аз ҳамон сол ин  ҷашн мақоми байналмилалӣ пайдо карда, тамоми ҷаҳон 5 декабрро чун Рӯзи байналмилалии волонтёрон таҷлил мекунанд.

Маънои калимаи франсавии «волонтёр» мададгори ихтиёрӣ ва  шахсе мебошад, ки ба манфиати  Ватан ва мардуми худ ройгон, бидуни миннат ниҳодан   кӯмак мерасонад ва барои хизмати кардааш подош талаб намекунад.  Волонтёрҳо мехоҳанд ба одамон кумак расонида, ҷомеаи худро орому осуда нигоҳ доранд. Фаъолияти волонтёрӣ маҳз барои кумак расонидан ба қишри ниёзманди ҷомеа равона гардидааст.

Тавре зимни суҳбат  муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо НАЗАРЗОДА   ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Холисаи АСОМИДДИН иброз дошт, фаъолияти волонтёрӣ дар Тоҷикистон аз соли 2000- ум инҷониб ба роҳ монда шудааст.

«Имрӯз волонтёрон  дар баргузории як зумра ҷамъомадҳои сиёсӣ, фарҳангиву фароғатӣ, илмӣ-маърифатӣ, варзишӣ-оммавӣ ва барномаҳои сатҳи байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, саҳми худро дар пешрафти мамлакат мегузоранд. Соли  2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» қабул гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2014 Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти волонтёрӣ муайян гардид. Ҳоло   бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш  фаъолияти волонёрӣ дар дастгоҳи марказии Кумита ва тамоми зерсохторҳои он дар маҳалҳо давоми 4 соли охир пурра аз нав эҳё гардид. Барои  фаъолияти моддӣ ва техникии он тамоми шароити  зарурӣ муҳайё карда шуда, имрӯз ин ниҳодро ҳама эҳтиром  менамоянд ва  ба хизмати онҳо арҷ мегузоранд»,- гуфт Ризо Назарзода.

Ба гуфтаи муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, имрӯз мафҳуми волонтёрӣ ва муҳим будани хизмати онҳо дар ҷомеа аллакай дарк гардидааст. Ҳамарӯза ҷавонони зиёд ҳам дар пойтахти мамлакат ва ҳам дар шаҳру ноҳияҳо муроҷиат мекунанд ва хоҳиш  доранд, ки дар ин мактаб тарбия ёфта, ба камол расанд, вақту дониш ва имконияти  худро  ба фоидаи ҷомеа сарф намоянд.

Зикр гардид, ки имрӯз таҷрибаи хуби ҳаракати волонтёриро мо  аз лаҳзаи ба фаъолият оғоз намудани системаи нави нақлиётӣ, яъне ба корт гузаштани нақлиёти ҷамъиятӣ хуб эҳсос менамоем. Аз аввали сол то ҳол барои ба танзим даровардан ва истифодаи дурусти кортҳои хизматрасонӣ пурра волонтёрон   вобаста  мебошанд ва то андозае ба он муваффақ низ шудаанд.  Қобили зикр аст, ки давоми соли равон зиёда аз 4 ҳазор ҳамоишҳои гуногун бо иқдоми худи волонтёрон  бе маблағгузорӣ баргузор шудаанд. Ин  бори дигар аз ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии онҳо дар назди давлату ҳукумат шаҳодат медиҳад.

Ҳамчунин мутахассиси пешбари бахши таҳлилу иттилооти  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Салимзода баён дошт, ки охирҳои соли 2015 ва аввали соли 2016 дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш  Клуби волонтёрон  таъсис дода шуд. Он имрӯз таҳти шиори «Пайравони Пешвои миллатем» фаъолият мекунад.

«Мавриди зикр аст, ки фаъолияти волонтёрӣ ё худ хайрхоҳӣ аслан, агар таърихро ба ёд орем, як навъ  одати азалии мардуми Шарқ буда, аз ин ҷо  ба  Ғарб  таҳвил ёфтааст, – афзуд К. Салимзода, —  Агар «Чор дарвеш»-ро хонда бошед, дар он чунин мисраҳо ҳастанд: «Ту некӣ куну ба Даҷла андоз, Ки эзид дар биёбонат диҳад боз…».

Воқеан ҳам,  амали нек ҳеҷ гоҳ куҳна намешавад, аз қарнҳо ба қарнҳо ва аз наслҳо ба наслҳо мегузарад. Дар замони шуравӣ ҳаракати ҷавонону наврасон, ки ихтиёран ба кумаки пиронсолони бекасу кӯй ва сойири табақаҳои ниёзманди ҷомеа шитофта, дар кору бори рӯзгор барояшон беғаразона  мадад мерасонданд, «темурчиён» ном дошт. Дар мактабу омӯзишгоҳҳои Тоҷикистон низ  клубҳои «темурчиёни наврас» амал мекарданд. Ин ҳаракат дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ аввали солҳои 40-ум, баъди чоп шудани повести нависанда Аркадий Гайдар «Темур ва дастаи ӯ» зуҳур кард ва дере нагузашта миллиолнҳо нафар ҷавонону наврасон ба он  пайвастанд. Онҳо махсусан дар замони Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ақибгоҳ корҳои зиёди шоёни таҳсин карда, дар Ғалаба бар фашизм ҳиссаи худро гузоштаанд.

Охири солҳои 90-ум, замони инқирози давлати шуравӣ ҳаракати «темурчиён», чун бисёр анъанаҳои неки он замон дар гирдоби буҳронҳо нопадид гашт ва аз ёдҳо дур шуд.

Баъди истиқлолият пайдо кардани ҷамоҳири собиқи шуравӣ ин ҳаракат бо номи волонтёрӣ дубора ба ҳаёти мо баргашт.   Ҳаракати накӯкории ройгони  ҷавонону наврасон  дар Аврупо маҳз бо ҳамин ном дар асри 17 арзи вуҷуд кардааст.

«Ман худ муддати 4 сол дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба ҳайси волонтёр фаъолият кардам ва маҳз ин фаъолият буд, ки  кору пайкор, низоми хизмати давлатӣ, инкишофи нутқ ва гузаронидани чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриро омӯхтам. Ва ҳоло ман худро  тавассути ин фаъолият дар ҷомеа шинохтам ва мавқеи худро дар он пайдо намудам»,- мегӯяд  Каримҷон Салимзода.

Чуноне   волонтёри фаъоли  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мубориз Одинаев иброз дошт, «волонёрӣ баҳре мебошад, ки ҳар қадар зиёдтар ба он ворид шавӣ, ҳамон қадар туро ба маҷрои  худ мекашад. Имрӯз ман дар ин мактаби бузург зери сиёсати  оқилонаи Пешвои миллат зина ба зина боло рафта истодаам. Дар замирам тавассути фаъолияти волонтёрӣ меҳри ватандорӣ зиёд гардид».

Ҳарчанд ки Мубориз Одинаев ба гурӯҳи одамони дорои имконияти маҳдуд шомил бошад ҳам, ба ин нигоҳ накарда, ӯ волонёр аст  ва якчанд аксияҳо бо иқдоми ӯ роҳандозӣ шудаанд.

Тавре ӯ мегӯяд: «Соли 2016 аз тарафи Ҷамъияти маъюбон ман  дар яке аз барномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудам ва дидам, ки волонтёрон чӣ гуна ба мардум кумак мерасонанд.  Ман дар бораи волонтерӣ маълумоти зиёд пайдо намуда, дар якчанд тренингҳои махсус, ки аз тарафи Клуби волонтёрон гузаронида мешаванд, иштирок намудам. Аз ҳамон сол инҷониб ман  ба фаъолияти волонтёрӣ пайвастам.  Волонтёрӣ  ба ман имконияти зиёде фароҳам овард ва  дар  ин муддат  дӯстони зиёд пайдо намуда, бо инсонҳои хуб шинос шудам.  Имрӯз ман дар Клуб муаллими волонтёрон мебошам ва маҳз ҳамин  волонтёри фаъол буданам  сабаб гардид, ки маро барои кор ба Кумитаи  рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ даъват намуданд. Бояд ҳаминро гӯям ки ҳангоме, ки  ман ба ягон кори хайр мепардозаму ба одамон кумак мерасонам, вуҷуди маро эҳсоси оромӣ фаро мегирад. Зеро волонтёр будан шараф аст ва ман аз ин ифтихор мекунам».

Декабрь 5, 2018 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳар сол дар баъзе мавзеъҳои Бадахшон то 150 ҳолати фаромадани тарма сабт мешавад
Дар Тоҷикистон ҷарроҳони чинӣ кӯдакону наврасонро аз ташхиси ройгон гузарониданд
Дар вилояти Хатлон давоми ду рӯз бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон беш аз 30 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ карда шуд
Тоҷикистон ва Амрико ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ густариш медиҳанд
Дар ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон барои муайян кардани иллатҳои ирсии модарзод табодули таҷриба анҷом дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
Ҳайати Тоҷикистон бо раванди навсозии хизматрасонии давлатии Молдова шинос гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси шарҳи Конвенсияи СММ дар Камбоҷа иштирок дорад
Дар Тоҷикистон амалиёти навбатии «Муоинаи техникӣ» гузаронида мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ кӯдакистон, Қасри ҷавонон ва бинои нави беморхона ба истифода дода мешавад