Масъалаҳо ва дурнамои татбиқи самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити нави байналмилалӣ
ДУШАНБЕ, 4.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои боз» буда, имрӯз кишвари мо бо тамоми давлатҳои ҷаҳон ҳамкории хубу ягона ва мутақобилан судманд ба роҳ мондааст. Ин нуктаро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар дар ҳамоише, ки имрӯз дар Душанбе дар мавзӯи «Масъалаҳо ва дурнамои татбиқи самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити нави байналмилалӣ» баргузор гардид, баён дошт.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар конфронси илмӣ коршиносони ниҳодҳои дахлдори давлатӣ, вазоратҳо, марказҳову пажӯҳишгоҳҳои илмӣ -тадқиқотӣ ширкат варзиданд.
Худобердӣ Холиқназар изҳор дошт, ки «бо заҳматҳои шабонарӯзии халқи азизамон, ки аз сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, чархаи аввали иншооти таърихии Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор шурӯъ намуд. Бо фаъолияти он мо имрӯз ба истиқлолияти энергетикӣ, яъне шароити асосии ҳалли масъалаҳои муҳимтарини иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва дар айни замон ба тавсеаи ҳамкории минтақавӣ хеле наздик шудем».
Зикр гардид, ки дар зарфи солҳои Истиқлолияти давлатӣ сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ёфта, Тоҷикистон бо ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ, хусусан иқдомҳои ба соҳаи об нигаронидашуда ҳамчун кишвари пешсаф дар арсаи байналмилалӣ мақоми шоиста касб кард. Имрӯз Тоҷикистон аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносон ҳамчун босуботтарин давлат дар минтақа арзёбӣ гардидааст, ки ин раванд аз дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Дар ҳамоиш ҳамзамон иброз гардид, ки ташаббусҳои роҳбари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон танҳо ба масъалаҳои об маҳдуд нагардида, Сарвари давлати мо зимни суханрониҳояшон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ доимо дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим, мубориза бо зуҳуроти номатлуб- ифротгароӣ, терроризм, қочоқи маводи мухаддир, бекорӣ, бесаводӣ, авзои Афғонистон, хусусан бозсозии он ва рӯ овардан ба «иқтисоди сабз» ҷомеаи ҷаҳониро ба муттаҳидию ҳамкорӣ даъват менамоянд. Ин баёнгари нақш ва фаъолияти Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст.
Дар ҳамоиш дастовардҳои сиёсати хориҷии кишвар дар замони муосир, таъмини амнияти комили миллӣ ва вобастагии он ба сиёсати хориҷии кишвар, таҳлили вазъ ва роҳҳои такмили идоракунии сиёсати хориҷии мамлакат, ҳамкории байнидавлатии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, дурнамо ва мушкилот, арзёбии дастовардҳо дар рушди ҳамкорӣ бо шарикони стратегӣ дар мисоли Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






