Мубориза бар зидди терроризму экстремизм аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати мамлакат мебошад

Декабрь 21, 2018 18:12

ДУШАНБЕ, 20.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати доиливу хориҷии он мебошад. Ин нуктаро Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода зимни ифтитоҳи семинари ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Роҳҳои мубориза бар зидди андешаҳои ифротӣ», ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баён дошт.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, семинари мазкур аз ҷониби Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд. Дар он намояндагони корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимону коршиносон иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки имрӯз барои муборизаи муштарак алайҳи терроризм ва экстремизм санадҳои байналмилалӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд. Стратегияи глобалии Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза алайҳи терроризм ва конвенсияҳои зиддитеррористии он аз ҷумлаи ин санадҳо мебошад, ки ба гуфтаи Сарвари давлати тоҷикон, «бояд асоси муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароиро ташкил намояд».

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз мамлакатҳе мебошад, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида, онҳоро амалӣ намуда истодааст.   «Соли 2016 бо Фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм  барои солҳои 2016-2020 тасдиқ гардид. Стратегияи мазкур самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат ба экстремизм  ва терроризм муайян намуда, вазифаҳои мақомоти давлатиро ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ба экстремизм ва терроризм  мусоидаткунанда мушаххас намуда, яке аз қадамҳои устувори мамлакати мо дар самти пешгирии ин зуҳурот мебошад», — гуфт Файзулло Баротзода.

Зимнан, аввали моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушорикати Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва Иттиҳоди Аврупо Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» баргузор гардид. Дар конфронси мазкур беш аз 400 иштироккунанда аз 48 кишвари ҷаҳон ва 31 созмони байналмилалию минтақавӣ, инчунин марказҳои илмиву тадқиқотӣ иштирок доранд ва роҳҳои пешгириву мубориза бо ин омилҳоро баррасӣ намуданд.

Дар ин конфронс, ки аз ҷумла муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок доштанд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ оид ба вазъи имрӯзаи бархе аз мамлакатҳо, ки дар онҷо терроризму экстремизм реша давондаанд, бо изҳори нигаронӣ чунин гуфтанд: «Бо дарназардошти воқеияти мавҷуда, мо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву шарикиро барои таъмини суботу амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок муҳим арзёбӣ мекунем».

Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз ибни Муҳаммад ал—Бодӣ аз тадбирҳои пайвастаи андешидаи ҷониби Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм ҷонибдорӣ намуда, гуфт:  «Бешубҳа, имрӯз терроризм яке аз зуҳуроти хатарнок, таҳдидкунандаи амният ва суботи ҷамъият дар сатҳи дохилию байналмилалӣ гардидааст».

Бояд бар зидди ин зуҳурот, — гуфт Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,- дар доираи ҳамкории узвият дар ташкилотҳои ҷаҳонӣ, мамлакати алоҳида ва ё якчанд кишвар бо риояи пурраи муқаррароти ҳуқуқи байналхалқӣ мубориза бурд.

«Баъзеҳо пайдоиши мафкураҳои террористиро ба таъйиноти ақидаҳои динӣ марбут медонанд. Ин, бешак хато аст, зеро тавре Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид медоранд: «Терроризм дин, миллат ва ватан надорад». Дар ҳақиқат бисёре аз террористону экстремистонро мебинем, ки ба дигар дину оин ҳамбастагӣ доранд»,- илова намуд Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз ибни Муҳаммад ал—Бодӣ  дар идомаи суханони худ.

Мавриди зикр аст, ки иштирокчиёни семинар оид ба мавзӯъҳои «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи мубориза бар зидди тундгароӣ ва ифротгароии хушунатомез: таҳдидҳо, чолишҳо ва имкониятҳои ҳамкорӣ», «Хусусиятҳои истифодаи забони душманӣ дар кори тарғибот ва зидди тарғиботи тундгароӣ», «Нақши воситаҳои ахбори омма дар мубориза бар зидди идеологияи тундгароӣ» ва ғайра маърӯза ва оид ба паҳлӯҳо ва самтҳои муҳими ҳамкории муштарак дар ин самт мубодилаи афкор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки мақсад аз баргузории семинар баррасии яке аз масъалаҳои марбут ба хатарҳои асосии ҳаёти инсоният, радикализм, экстремизму терроризм ва пайдо намудани роҳҳои нави муборизаи муштарак бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мебошад. 

Декабрь 21, 2018 18:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ дарозтарин парчам омода гардид
«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд
Кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
«НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз омадани сел дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳушдор медиҳад
Дар шаҳри Омск Форуми 4-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт
Ҷумҳурии Тоҷикистон 67-умин давлат дар самти манъи ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кӯдак гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ оид ба вазъи зимистонгузаронӣ доир шуд
Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд