Низомиддин Зоҳидӣ ва Лю Бин зимни мулоқот таҷрибаи хуби ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чинро баррасӣ намуданд

Декабрь 12, 2018 10:00

ДУШАНБЕ, 12.12.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири навтаъйини Фавқулода  ва  Мухтори Ҷумҳурии Мардумии  Чин Лю Бин 11 декабр мулоқот анҷом дод.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба ва рушди ҳамкории мутақобилан судманди ду кишварро дар дурнамои наздик, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, энергетика, нақлиёт,   туризм,  фарҳангиву гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо инчунин таҷрибаи хуби ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чинро дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ бо қаноатмандӣ таъкид  намуданд. Дар ин росто дар мавриди баргузории ҳамоишҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар қаламрави ду кишвар табодули афкор сурат гирифт.

Дар фарҷоми мулоқот муовини якуми вазир ба Сафири навтаъйини кишвари дӯст муваффақиятҳо таманно намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки ҳамкории мутақобилан судманд ва ширкатҳои стратегии ду кишвари ҳамҷавор боз ҳам равнақ хоҳанд ёфт.

Декабрь 12, 2018 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид