Тараннум ва ҳимояи манфиатҳои миллат моҳияти ҳақиқии адабиёт ва фарҳанги асил мебошад, — шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 06.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид гардидани гулдӯзии тоҷикии чакан, таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шудани маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеи Душанбе, тағйироти кадрӣ дар сохтору воҳидҳои Вазорати корҳои дохилӣ, — чунинанд мавзӯъҳои асосии матуботи даврии Тоҷикистон, ки имрӯз дастраси хонандагон шудааст.
«Чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон чакан як ҷузъи муҳими либоси арӯсу домод ба шумор меравад. Дар инҷо домодҳо тоқии худро бо гулдӯзиҳои чакан оро медиҳанд ва занону духтарон дар рӯзҳои тӯй ва иду маросим куртаву поҷомаи чакан ба тан мекунанд»,- зикр шудааст дар сомонаи ЮНЕСКО. Бояд гуфт, ки ташкилоти ЮНЕСКО ду сол қабл оши палав ва ҷашни Наврӯзро низ ба рӯйхати муътабари мероси ғайримоддии инсоният шомил карда буд. Дар ин мавзӯъ нашрияи «Ҷумҳурият» (№237, 3.12.2018) хабар нашр карда, ҳамчунин аз шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои сохтмонӣ дар масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе гузориш омода намудааст. «Зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми босифати корҳои ороишии толорҳои масҷиди бузург ва ободонию сабзазоркунии майдони назди он масъулини корҳои сохтмониро вазифадор намуданд. Таъкид карда шуд, ки корҳои ороишию кандакорӣ ва чӯбтарошӣ дар ин иншоот бояд мувофиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ва риояи санъати меъморию сохтмонии мардуми куҳантамаддуни тоҷик анҷом дода шаванд, то ин ки иншоот барои мардуми тоҷик ва нафароне, ки ба диёри мо ташриф меоваранд, садсолаҳо хизмат расонад. Масҷиди бузурги ҷомеи шаҳри Душанбе дар майдони 12 гектар ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат хоҳад буд», — омадааст дар гузориши нашрия.
Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (№238-239, 4.12.2018) мақолаи пурмуҳтавои узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон С.Ятимов таҳти сарлавҳаи «Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт» (масъалаҳои назариявӣ) чоп шудааст. Муаллиф С.Ятимов бо овардани намунаҳо аз адабиёти классикон натиҷагирӣ кардааст, ки «моҳияти ҳақиқии адабиёт ва фарҳанги асил тараннум ва ҳимояи манфиатҳои миллат аст. Адабиёти тоҷик дар тӯли асрҳо комилан адабиёти майдони мубориза буд. Ҳатто дар асарҳои лирикии он оҳанги иҷтимоии озодандешӣ, хирадгароӣ, ақлсолорӣ, хурофотситезӣ, мазаммати шадиди тавбафармоёни дурӯяи хилватамал бо қотеият садо медод». Муаллиф ҳамчунин ба он ишора кардааст, ки имрӯз баъзе нохалафон аз содир кардани ҷиноятҳо ба муқобили давлату миллати тоҷик даст накашидаанд: «Тараннуми андешаю тафаккури ғуломӣ имрӯз дар баъзе нуқоти олам, аз ҷониби шаҳрвандони алоҳидаи мо ба чашм мерасад. Бо пули аҷнабиён, бо маънавиёти аҷнабиасос, таҳти роҳбарӣ ва ба манфиати дигарон рафтори ғуломона ба намоиш гузоштан барояшон касби ифтихорӣ гаштааст». Зимнан мақолаи С.Ятимов чун дигар мақолаҳои илмиаш ҷолиб буда, бо диди академикӣ навишта шудааст.
Нашрияи парлумонии «Садои мардум» (№146, 4.12.2018) хабар дар бораи баргузор шудани ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нашр кардааст.
Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон қонунҳо «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуданд. Тағйироти воридкардашуда барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, бахусус ҳуқуқ ба ҳифзи саломатии шаҳрвандон равона гардидааст. Зеро, ғайриқонунӣ ба ҳудуди мамлакат ворид намудан ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, қалбакӣ, ғайристандартӣ ва ё муҳлати истифодаашон гузашта ё истеҳсол кардани дорувории бесифат, қалбакӣ, ғайристандартӣ ва ба муомилот баровардани онҳо ташвиши асосноки Пешвои миллат ва мардуми Тоҷикистонро ба вуҷуд овардааст. Акнун ба моддаи 121 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгариро барои риоя накардани қоидаҳои муомилот бо доруворӣ ва иловаҳои хӯрокворӣ пешбинӣ менамояд, тағйирот ворид карда шуда, андозаи ҷаримаҳои дар ин модда пешбинишуда баланд бардошта шуданд. Бо мақсади баланд бардоштани масъулияти табибон ба моддаи 129 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои аз ҷониби табибон номатлуб иҷро намудани вазифаҳои касбӣ пешбинӣ мекунад, тағйирот ворид карда шуд. Ҳамзамон моддаи 207 Кодекси ҷиноятӣ дар таҳрири нав ифода карда шуда, ҷавобгарӣ барои вайрон намудани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зидди эпидемикӣ мушаххас ва пурзӯр карда шудааст.
Нашрияи «Народная газета» мақолаҳои «Неругоҳи барқи обии Роғун ва нуфузи минтақавии он», «Волидайн дар тарбияи фарзандон масъул бошед», «СПИД – хатар барои ҳамаи аҳли ҷомеа», «Сафсатафурӯшон дар хизмати ташкилоти террористии ҳизби наҳзати ислом» ва дигар хабару гузоришҳоро чоп карда, оид ба навигариҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ маълумот пешниҳоди хонандагон кардааст.
«Халқ овози» нашрияи ӯзбекзабон дар шумораи навбатӣ дар бораи корҳои ободониву созандагӣ, ки дар шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад, мақолаҳо нашр кардааст. Дар саҳифаи адабии нашрия шеърҳои шоираи хушбаён Мағфират Юсуфӣ ва эссеи Солиҳа Олимова ҷо дода шудаанд. Яке аз мақолаҳои проблемавӣ, ки ба қалами Каримҷон Султонназаров аз ноҳияи Ашт тааллуқ дорад, дар бораи моҷарои даҳсола нақл мекунад, ки давоми ин солҳо ҳалли худро наёфтааст. Ин мақола ба таваҷҷуҳи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ва Суди ноҳияи Ашт нигаронида шудааст.
Ҳафтаномаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии «Қонун ва ҷомеа» мақолаҳои «Роҳҳои пешгирии ифротгароӣ», «Татбиқи амалии барномаҳои зиддисӯхторӣ», «Милитсия ҷомеаро аз хатарҳои замон огоҳ месозад», «Зарурати ислоҳот дар мақомоти тафтишотӣ» ва дигар хабарҳоро аз ҳаёту фаъолияти хизматии кормандони Вазорати корҳои дохилии мамлакат пешниҳоди хонандагон кардааст.
Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» дар баробари хабару гузоришҳо аз ҳаёти ҳизбӣ инчунин мақолаҳои зеринро чоп намудааст: «Чаро тоҷирон нархҳоро «бозӣ» медоранд?», «Штирлитс»-и ҷанги Афғонистон», «Бадахшон – маҳзари рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Чорроҳаи тарс ва инсоф?», «Занонро бас нест ҳамон як ҳунар!».
«Мароми пойтахт» — нашрияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе мусоҳибаи хабарнигор Нозукбибии Темурро бо директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» Зафар Ҳусейнзода бо сарлавҳаи «Саратон, роҳҳои пешгирӣ ва табобат» нашр кардааст. «Маъюбонро дастгирӣ мебояд», «Насли ояндасоз», «Пинҳон кардани хиёнати ТЭТ ҲНИ гуноҳ аст», — мақолаҳои дигари нашрия мебошанд, ки дар шумораи инҳафтаина чоп шудаанд.