28 январ дар ҷумҳурӣ нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо оғоз мешаванд

Январь 21, 2019 10:30

ДУШАНБЕ, 21.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, 28 январи соли 2019 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2018 оғоз мешаванд.

Зимни нишастҳои матбуотие, ки ҳамарӯза аз ҷониби якчанд вазорату кумитаҳо баргузор мешаванд, намояндагони воситаҳои ахбори омма имконият доранд ба саволу пурсишҳояшон ҷавоб гиранд.

Масъулони вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ гузаронидани онҳо ба рақамҳои 221-34-24, 888-08-34-04 занг зада, мувофиқа намоянд. Ҳамарӯза дар сомонаи Агентии миллии иттилотии Тоҷикистон «Ховар» сана ва соати баргузории нишасти матбуотии идораҳо нашр мегардад.

Тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  нишастҳои матбуотӣ 28 январ оғоз гардида, 15 феврал ҷамъбаст мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки  нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 гузаронида мешаванд.

Январь 21, 2019 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад