ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Ба шарафи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов майдони Нишони давлатӣ бунёд мегардад

Январь 31, 2019 11:21

ХУҶАНД, 31.01.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯзҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои ободониву бунёдкорӣ бо маром ҷараён доранд. Давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасри фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда мешаванд.

Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд тасмим гирифтаанд, ки дар ин муддат дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишини ин гӯшаи диёр иншооти таъйиноти гуногун бунёд намоянд.

Тавре хабарнигори АМИТ  Ховар  дар вилояти Суғд Абдуаҳад Шарифзода  бо такя ба иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов хабар медиҳад, ба пешвози ҷашни миллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар маҷмӯъ сохтмони 300 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, давоми соли гузашта 92 иншоот бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд. Соли равон тибқи нақша дар ноҳия сохтмони 70 иншоот, аз ҷумла чанд корхонаи саноатӣ дар назар дошта шудааст.

Дар ин замина, дирӯз зимни сафари кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ҷаббор Расулов  ба бунёди боз як иншооти муҳим- майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшида шуд.

Бояд гуфт, ки майдони Нишони давлатӣ дар маркази ноҳия ҷой гирифтааст. Он дар масоҳати 0,15 га сохта шуда, дар атрофи он бунёди фаввораҳои замонавӣ ва гулгашту нишастгоҳҳо дар назар аст.

Инчунин дар Ҷамоати шаҳраки Меҳробод ба бунёди кӯдакистони хусусии замонавии дуошёна барои 200 нафар кӯдакон, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта мешавад, санги асос гузошта шуд. Таъкид гардид, ки дар 19 кӯдакистони давлатӣ ва 5 кӯдакистони хусусии ноҳия имрӯзҳо ҳамагӣ 3556 нафар хурдсолон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Бо бунёди иншооти нав шумораи бештари кӯдакон ба кӯдакистонҳо фаро гирифта хоҳад шуд.

Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони бинои маъмурии шуъбаи маорифи ноҳия, ки  аз 3 ошёна, 32 утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ барои 100 ҷойи нишаст иборат аст, инчунин  ҷараёни сохтмони корхонаи нави ресандагии ҶДММ “Органик-ян”, ки  тибқи нақша метавонад дар як сол то 15 000 тонна нахи пахтаро коркард намояд,  шинос гардид.

Январь 31, 2019 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд