ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Спитамен иншооти варзишӣ ва таълимӣ ба истифода дода шуданд

Январь 19, 2019 09:25

ДУШАНБЕ, 19.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома доранд. Дар қатори дигар намояндагони ҷомеа соҳибкорони ноҳияи Спитамен низ бо ҳисси баланди ватандӯстона ва бо мақсади иҷрои дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободии ноҳияи худ саҳми арзанда мегузоранд.

17 январ дар Ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен майдончаи варзишии бозии футболи хурд мавриди истифода қарор гирифт. Ёдовар мешавем, ки роҳбарии гурӯҳи кориро дар ноҳияи Спитамен Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода ба уҳда дорад.

Ба иттилои манбаъ, дар маросими баистифодадиҳии иншооти варзишӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирҷон Аминзода, Раиси ноҳияи Спитамен Акрам Сулаймонзода ва дигар фаъолону сокинони ҷамоати Навкати ноҳияи Спитамен иштирок доштанд.

Иншооти мазкур дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2019 Дар бораи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудани солҳои 2019-2021 ба истифода дода шуд.

Майдончаи варзишӣ барои бозии футболи хурд пешбинӣ гардида, масоҳати он 882 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори ин ҷамоат Муродҷон Самадов бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ ва мавҷудияти шароити зарурӣ ба сокинони Ҷамоати шаҳраки Навкат имкон фароҳам меоварад, ки ба варзиш машғул шуда, солимии худро нигоҳ доранд.

Худи ҳамон рӯз инчунин дар деҳаи Сафедтеппаи Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар расми баистифодадиҳии иншооти нави соҳаи маориф Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, устодону хонандагони муассисаи таълимӣ ва кормандони соҳаи маорифи ноҳия иштирок доштанд.

Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 бо харҷи 917 000 сомонӣ маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳмгузории фаъолону саховатмандон бунёд гардида, дар 11 синфхонаи нав хонандагони синфҳои ибтидоӣ ҷойгир карда мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Спитамен 35 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо 26 610 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Имрӯзҳо дар ноҳия сохтмону бунёди ду мактаби замонавӣ қариб бо 2 000 ҷойи нишаст идома дорад.

Январь 19, 2019 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад