Аз оғози сол то имрӯз 110 ҳолати тармафароӣ ба қайд гирифта шудааст

Январь 21, 2019 10:40

ДУШАНБЕ, 21.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. 21-22 январи соли 2019 дар бисёр минтақаҳои кӯҳӣ бориши зиёди барф дар назар буда, хавфи лағжиши тарма вуҷуд дорад. Резиши барф ҳаракати мошинҳоро дар шоҳроҳҳои «Душанбе-Айнӣ», «Душанбе-Лахш», «Душанбе-Хоруғ», «Хоруғ-Ишкошим», «Хоруғ — Мурғоб», ағбаи «Қизил-Арт» хеле мушкил кардааст.

Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, аз оғози сол то имрӯз дар мамлакат 110 ҳолати тармафароӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар айни замон барои тоза намудани қисматҳои зери барфи азим ва тарма мондаи роҳҳо хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Innovative Road Solutions” (IRS) техникаҳоро сафарбар кардаанд ва корҳои тоза кардани роҳҳо идома доранд. Дар мавзеъҳои Майхӯра (километри 62), километрҳои 72 ва 132 шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд» ва дар ҳудуди ноҳияи Ванҷи шоҳроҳи «Душанбе-Хоруғ» гурӯҳҳои зудамали наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода амал мекунанд.

Дар иртибот ба мушкилоте, ки ҳавои барфӣ ба миён овардааст, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолии мамлакат ва меҳмонон хоҳиш мекунад аз равуои безарурат дар роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.   «20 январ дар километри 69-и шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд» мошини «Тойота Ланд Крузер Прадо» бо мусофиронаш зери тарма монд. Хушбахтона, ронанда ва мусофирони мошин сари вақт аз он берун шуда, худро ба макони амн расонидад», — иттилоъ дод манбаъ.

Кумита ба хотири пешгирӣ аз ҳолатҳои нохуш ва коҳиши хатари офатҳо ба ронандагоне, ки дар ин гуна ҳолатҳо ба сафар мебароянд,  тавсия медиҳад, ки пеш аз сафар дурустии мошинҳоро санҷида, камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намоянд, мошинро бо маводи сӯхт пурра таъмин кунанд, то дар ҳолати зарурат барои гарм кардани он захира мавҷуд бошад, чархҳои тобистонаи мошинҳоро бо чархҳои зимистона иваз намуда, мошинҳои калонҳаҷму боркашро бо занҷирҳои зидди лағжиш, чароғҳои фурӯзон таъмин карда, дурустии кори системаи гармидиҳии мошинро санҷанд, мошинҳоро бо дорухонаи хурд, либоси гарм, чароғак, бели хурд, таноби мошинкаш, гӯгирд, зарф бо маводи сӯхт ва оби гарм таъмин намоянд.

Ҳамзамон суръати ҳаракат ва масофа байни мошинҳоро риоя намуда, бо худ бояд якчанд симкортҳои ширкатҳои телефонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошанд. Дар ҳолати душвор дидани роҳ, туман ва шабона аз ҳаракат бо мошин худдорӣ намоянд.

Январь 21, 2019 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба Раёсатҳои захираҳои оби минтақаҳои ҳавзавии Вахш ва Панҷ нақлиёти нави барқӣ тақдим гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъемоли биҳӣ мушкилоти ҳозима, аз ҷумла қабзиятро кам мекунад
Дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон усулҳои нави ҷарроҳӣ гузаронида мешавад
Имсол 39 нафар занони ҳунарманди вилояти Суғд соҳиби гранти президентӣ гардиданд
Дар шаҳри Копенгаген масъалаҳои саломатии кӯдакон ва ҳаёти солим баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи хотимавии «Муколамаи занони Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Истироҳатгоҳи «Санги сипар» дар Панҷакент барқарор карда мешавад
Дар Суди Олӣ оид ба нақши Конститутсия дар таҳкими давлати демократию ҳуқуқбунёд конференсия баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия бо иштироки судяҳо конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«КОНСТИТУТСИЯ- ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТИ ОБОДИ МО». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир гардид
Ҳаракати навбатии пиряхи Деҳдал мушоҳида гардид
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 31-солагии Конститутсия конференсияи илмию амалӣ баргузор шуд