БАХШИДА БА 75-СОЛАГИИ АЗ МУҲОСИРА ОЗОД ШУДАНИ ЛЕНИНГРАД. Пагоҳ дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе маросими гулчанбаргузорӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 25.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. 27 январ 75-умин солгарди пурра аз муҳосираи фашистӣ озод гардидани Ленинград дар соли 1944 таҷлил карда мешавад. Пагоҳ, 26 январ дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе маросими гулчанбаргузорӣ дар назди Оташи абадӣ баргузор мегардад.
Дар маросими тантанавӣ бахшида ба 75-умин солгарди барҳам додани муҳосираи Ленинград намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Сафорати Россия дар Душанбе, намояндагии «Россотрудничества» дар Тоҷикистон, созмонҳои собиқадорон ва худи собиқадорон ширкат меварзанд.
28 январ дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон бахшида ба ин рӯз консерти идона баргузор мешавад.
Муҳосираи Ленинград яке аз саҳифаҳои сиёҳтарини таърих ба шумор меравад ва бинобар ин, озодии шаҳр на танҳо барои мардуми рус, балки барои ҷомеаи байналмилалӣ санаи муҳими таърихӣ буда, дар озоднамоии шаҳр намояндагони халқиятҳои зиёд қурбон шудаанд. 75 сол муқаддам барҳам додани муҳосираи Ленинград, ки тақрибан 900 рӯз- аз 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1944 идома ёфт, дар таърихи муштараки мо рӯйдодӣ воқеӣ гардид, ки он ба марҳилаи ниҳоии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ оғоз бахшид.
«99,5 ҳазор собиқадорон-муҳосирачиён, ки на танҳо дар Санкт-Петербург, балки дар саросари ҷаҳон зиндагӣ мекарданд, сазовори нишони хотиравии «Ба шарафи 75-солагии пурра аз муҳосираи фашистӣ озод гардидани Ленинград» мешаванд. Дар аксар кишварҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон, бахшида ба ин сана чорабиниҳои гуногун баргузор мегарданд», — иттилоъ доданд аз Маркази илму фарҳанги Россия дар Душанбе ба хабарнигори АМИТ «Ховар».








Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд






