Бо мақсади бехатарӣ ҳангоми номусоидии обу ҳаво дар роҳи мошингарди «Душанбе — Чаноқ» ситод таъсис дода шуд

Январь 2, 2019 13:40

ДУШАНБЕ, 02.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Фармоиши  якҷояи  вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёт «Дар бораи ташкил ва танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар роҳи автомобилгарди Душанбе — Чаноқ» ба тасвиб расид.

Дар ин бора сардори  Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Далери Абдулло ба АМИТ «Ховар»  иттилоъ дод.

Тибқи иттилои номбурда, Фармоиши мазкур дар асоси талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», Қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018- 2019» ва талаботи банди 33 моддаи 3-и Шартномаи консессионӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюзшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҳангоми номусоидии обу ҳаво  ба тасвиб расидааст. Тибқи талаботи он, ҳангоми номусоидии обу ҳаво, боришоти барфи зиёд, яхбандӣ ва пай дар пай фаромадани тарма, ки барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт мушкилот ба миён меорад, дар роҳи мошингарди «Душанбе — Чаноқ» аз ҳисоби масъулини вазоратҳои корҳои дохилӣ, нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ситод ташкил шуда, аз деҳаи«Ҳушёрӣ» — и ноҳияи Варзоб (км 44) то деҳаи «Такфон» — и ноҳияи  Айнӣ (км 95) ва аз километри 136-уми ноҳияи Айнӣ то  километри 181-уми ноҳияи Шаҳристон танҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёте, ки ду ва зиёда тирҳои пешбаранда доранд ё чархҳои пешбарандаашон бо таҷҳизоти зиддилағжиш ҷиҳозонида шудаанд, инчунин  мошинҳои боркаше, ки вазни умумиашон зиёда аз 3,5 тонна буда, ядакҳои иловагӣ, нимядак надоранд ва бо лавозимоти эҳтиётӣ (симтобаи кашолкунӣ, болиштаки зиддиғелиш ва ғайра) муҷаҳҳаз мебошанд, иҷозат дода  мешавад.

Илова бар ин, фармоиши мавриди назар масъулинро вазифадор намудааст, ки дар мувофиқа бо Агентии обуҳавошиносӣ ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар минтақаҳои мушкилгузари роҳ–аз мавзеи «Ҳушерӣ»- и ноҳияи Варзоб то деҳаи «Такфон»- и ноҳияи Айнӣ ва аз мавзеъи «Ҳушёрӣ»- и ноҳияи Айнӣ то  мавзеъи «Охтангӣ»-и ноҳияи Шаҳристон зери назорати доимӣ қарор дода, ҳангоми вазнин гардидани шароити ташкили ҳаракат дар роҳ, дар асоси қарори якҷояи масъулини вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон реҷаи махсуси ҳаракати воситаҳои нақлиёт – рўзҳои тоқи моҳ аз вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе ва рӯзҳои ҷуфти моҳ аз шаҳри Душанбе ба самти вилояти Суғд ба роҳ монанд.

Бояд зикр кард, ки дар ҳолатҳои зарурӣ ба реҷаи болозикр вобаста аз шароити роҳ, дар мувофиқа бо масъулини вазоратҳои корҳои дохилӣ, нақлиёти Ҷумурии Тоҷикистон ва филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру  иловаҳо ворид  карда   мешаванд.

Сардорони РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, РВКД дар вилояти Суғд ва  ШВКД дар ноҳияи Варзоб тибқи ин фармоиш муваззафанд, ки дар мувофиқа бо Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дидбонгоҳҳои муваққатиро дар километри 100-уми роҳи мазкур аз ҳисоби кормандони ШБДА РВК дар шаҳри Душанбе, дар километри 44 ва 62-юм аз ҳисоби кормандони РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШВКД дар ноҳияи  Варзоб, аз километри 62 то километри 72-юм патрулӣ-автомобилӣ аз ҳисоби кормандони РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар километри 82-юм (мавзеъи «Зимарғ» — и ноҳияи Айнӣ) ва дар  километри 100 (деҳаи «Такфон»- и ноҳияи Айнӣ) аз ҳисоби ҳайати шахсии ШБДАР ВКД дар вилояти Суғд ва ШВКД дар ноҳияи Айнӣ, дар   километри 136 аз ҳисоби кормандони ШВКД дар  ноҳияи Айнӣ, дар  километри 181 (нуқтаи вазнченкунии филиали Ширкат) аз ҳисоби ҳайати шахсии ШБДАР ВКД дар вилояти Суғд ва  ШВКД  дар ноҳияи Шаҳристон ташкил намуда, қувва ва воситаҳои заруриро аз ҳисоби кормандони БДА ва дигар хадамоти милитсия      сафарбар  намоянд.

Ба маълумоти ронандагони гиромӣ мерасонем, ки дар ин дидбонгоҳҳо ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, риояи талабот ва меъёрҳои муқарраршудаи бехатарии ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла, бо лавозимоти ҳимоявӣ (симтобаи кашолакунӣ, занҷир, болиштаки зиддиғелиш ва ғайра) муҷаҳҳаз будани  онҳо  назорати  ҷиддӣ  мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки  шурӯъ  аз 8 октябри  соли 2018  то инҷониб  дар масири роҳи мошингарди  Душанбе – Чаноқ боридани барфу борон идома дорад. Кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодаанд, то ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиётро  дар ин масир таъмин намоянд.

«Бо дарки масъулият мегӯем, ки ширкати мо дар ин ҷода комёб аст, зеро омодагии филиали Ширкат ба мавсими тирамоҳу зимистони  солҳои 2018 — 2019 ҷиддӣ ва ҳамаҷониба аст. Дар намояндагиҳои филиали  ширкат  зиёда  аз 10 ҳазор метри кубӣ маводи зиддилағжиш, 260 ҳазор литр маводи сӯзишворӣ, 85 тонна ангишт ва дигар маводи зарурӣ захира шуда, ин омил замина фароҳам меорад, ки фаъолият дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ шавад. Айни замон  сарфи  назар аз бардавом  ва бошиддат будани бориши  барфу борон дар роҳи  Душанбе-Чаноқ  ҳаракати  воситаҳои нақлиёт  таъмин   аст»,- афзуд Далери Абдулло.

Январь 2, 2019 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумакҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон расонида шуданд
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии кӯдакони ятими минтақаи Рашт расонида шуданд
Кумакҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе расонида шуданд
Дар назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-шаҳри Хуҷанд бинои интенсивӣ бунёд мешавад
«ЗАН ВА ЗАМОН: 25 СОЛИ МУЗАФФАРИЯТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ доир гардид
Дар ноҳияи Ашт мониторинги эпидемиологӣ гузаронида шуд
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон сабаби ба амал омадани тумани рӯзҳои охирро шарҳ дод
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тарбия аз оила сарчашма мегирад» муайян шуданд
Ба Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология таҷҳизоти сейсмикӣ ва озмоишӣ супорида шуд
Дар Осорхонаи миллӣ намоиши хайриявӣ баргузор гардид
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳайати Ҳизби Коммунистии Чин мулоқот намуд
Мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ