Бонки ҷаҳонӣ: «Ҳулбук ва Чилучорчашма метавонанд чун мавзеъҳои сайёҳии байналмилалӣ муаррифӣ гарданд»
ДУШАНБЕ, 25.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. 24 январи соли равон Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо ҳайати намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳайати меҳмонон бо роҳбарии иқтисодчии пешбари бахши молияи Бонки ҷаҳонӣ Андреа ДаллОлио ва мутахассис оид ба иҷрои амалиёт Татяна Сегал, сармутахассис оид ба кор бо лоиҳаҳо ва бахши хусусӣ Раҳа Шаҳид ва сармутахассис оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист Ҷон Колйер иштирок доштанд.
Зимни мулоқот дурнамои рушди муносибатҳо дар соҳаи тармиму таъмири ёдгориҳои беназири таърихӣ, воридоти технологияи муосир, сохтмони биноҳо ва осорхонаҳои кишвар бо сабки замонавӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои сайёҳии мамлакат барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ баррасӣ гардиданд.
Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ барои саҳмгузорӣ дар ободонӣ ва нигаҳдошти чор ёдгории таърихӣ — Мавзеи табиӣ-бостонии «Чилучорчашма», Ёдгории меъмории «Мадрасаи Хоҷа Машҳад», шаҳри асримиёнагии Ҳулбук ва Қалъаи Ямчун изҳори андеша намуда, оид ба фароҳам овардани шароити мусоид, сохтмони меҳмонхонаҳо ва дӯконҳои фурӯши ҳунарҳои мардумӣ таклифҳо манзур намуданд.
Зикр гардид, ки мавзеъҳои мазкур метавонанд чун мавзеъҳои сайёҳии байналмилалӣ муаррифӣ гарданд.
Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ирсоли Паёми навбатии хеш аз 26 декабри соли 2018 оид ба ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои таърихии мамлакат чунин таъкид намуданд: «Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем. Ин қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад».








Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Зарфияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT — 2026» муаррифӣ мегардад
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






