Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор мегардад

Январь 19, 2019 11:00

ДУШАНБЕ, 19.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангии сайёҳӣ» тасдиқ гардид. Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи қарори мазкур дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз — 2019 дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор карда мешавад.

Фестивали мазкур бо мақсади таҳкими ҳамкории бародаршаҳрӣ ва дар ин замина, ҷалби бештари сайёҳон ба шаҳри Душанбе, инчунин ташвиқу тарғиби фарҳангу таърихи қадимии халқи тоҷик, имкониятҳои сайёҳии кишвар, бахусус шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки  Фестивали «Наврўз — мероси фарҳангии сайёҳӣ» маротибаи дуюм дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар он  рақсу сурудҳои миллии минтақаҳо, молҳои дастии ҳунармандон, косибӣ, мисгарӣ, кордсозӣ, чўбтарошӣ, сандуқсозӣ, бозиҳои хоси наврӯзӣ, аз ҷумла, гӯштингирӣ, бандкашӣ, хурӯсҷанг, кабкҷанг, шеърхонӣ ва байтбараки ҷавонон, ҳафтсину ҳафтшин, нонпазии тоҷикон дар танӯрҳо, хӯрокҳои миллии хоси наврӯзӣ, намоиши аксҳои мусаввирон ва ҳайкалтарошон, ҷараёни омодасозии маҳсули дасти онҳо ва намоиши созҳои мусиқии миллӣ ба маъраз гузошта хоҳанд шуд.

Январь 19, 2019 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад