Дар маҳаллаи «Ҳаёти нав»-и Душанбе Маркази байналмилалии намоишгоҳҳо бунёд карда мешавад

Январь 29, 2019 15:00

ДУШАНБЕ, 29.01.2019./АМИТ «Ховар»/. Дар маҳаллаи  «Ҳаёти  нав» — и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии намоишгоҳҳо бунёд карда мешавад. Дар ин бора раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Ҷамшед Аҳмадзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи номбурда, Маркази мазкур дорои ду толори калон хоҳад буд, ки масоҳати ҳар яки он 2 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Майдони умумии бинои намоишгоҳ 28 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, он бо инобати тамоми шароити мутобиқ ба замони муосир бунёд карда мешавад.

Лоиҳаи бино бо Ҳукумати мамлакат мувофиқа карда шуда, барои пайдо намудани сармоягузор ба идораҳои дахлдор пешниҳод карда шуд.

Бояд гуфт, ки дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар ин маҳалла бунёди биноҳои аз 35-40- ошёна боло дар назар дошта шудааст.

Тавре чанде қабл муовини сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Шодимурод Аловуддинов дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ин мавзеъ бунёди  даҳҳо биноҳои баландошёнаи маъмурӣ дар назар дошта шудааст.

Январь 29, 2019 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад