Дар шаҳристони Ҳулбук маҳаллаи ҳунармандӣ ёфт шуд

Январь 12, 2019 10:14

ДУШАНБЕ, 12.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносӣ аз шаҳристони Ҳулбуки ноҳияи Восеъ маҳаллаи ҳунармандӣ бо дӯконҳои он бозёфт гардиданд. Дар ин бора сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси  таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ ХОҶАЕВ  дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Зарангези ЛАТИФ иттилоъ дод.

Ба маълумоти ӯ, ковишҳои бостоншиносӣ дар ҳудуди шаҳристони Ҳулбук яке аз аввалинҳо буда, тибқи он бояд тарҳи шаҳри асримиёнагӣ пурра муайян карда шавад.

«Баъди аввалин корҳои таҳқиқотӣ муайян гардид, ки дар қисмати шимолу шарқии шаҳристон маҳаллаи хунармандӣ бо дӯконҳо, хумдонҳои шишапазӣ, коркарди маснуоти филизӣ ва  симобкӯзапазӣ бо боқимондаҳои маҳсулоти нимтайёр бо риояи тамоми талаботи санитарӣ ва  таъмини об чойгир гардидаанд, ки дар оянда боз ҳам омӯзиши мукаммалро талаб менамоянд»,- иброз дошт Шералӣ Хоҷаев.

Мавсуф зикр намуд, ки ҳангоми таҳқиқи дӯкони симобкӯзапазӣ чунин як зарфе пайдо гардид, ки дар қисми гарданаи он «Баракаҳ» навишта шудааст. Бояд зикр намуд, ки бозёфт гардидани симобкӯзаи бутун бо навиштаҷот маротибаи дуюм буда, маротибаи аввал дар ибтидои асри ХХ дар ёдгории бостонии Афросиёб (Самарканд) аз ҷониби бостоншиноси Шӯравӣ В.Л.Вяткина бозёфт гардида буд, ки дар он «Фатҳ, фатҳ» навишта шуда буд.

«Бозёфти мазкур соли сипаригардида бо роҳбарии директори мамнуъгоҳи таърихию фархангии Ҳулбук Абдулло Хоҷаев ва Т.Г. Филимонова, кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш дар шаҳристони Ҳулбук ба даст омад»,-гуфт бостоншинос.

Ба андешаи мавсуф, бо шарофати Истиқлолияти давлатии миллати тоҷик ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ҳазорсолаҳо ёдгориҳои таърихии кишвар имрӯз аз нав эҳё гардида истодаанд. Маҳз ба хотири бузургдошт ва аҷргузорӣ ба таъриху фарҳанг ва маданияти қадими шаҳрсозии ниёгон ва барои эҳё намудани ҳисси баланди миллӣ-ватандорӣ нақшаву барномаҳои зиёде тарҳрезӣ гардида истодаанд.

Чунончи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ вобаста ба ёдгориҳои таърихию фарҳангии мамлакат иброз намуданд,  «моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем».

Шералӣ Хоҷаев иброз медорад, ки бо эълон гардидани солҳои 2019-2021  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бозёфти мазкур дастоварди бузурги илмӣ ва фарҳангӣ дар самти ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳои мероси ғайриманқули кишвар ба шумор хоҳад рафт.

Бояд гуфт, ки санъати ҳунармандии Хатлон, ки ҷузъи бевоситаи фарҳанги халқи тоҷик ба ҳисоб меравад, дар ин давраҳо  инкишоф ёфта, ҳамчунин дар минтақа сифатҳои хоси санъат ва фарҳанги густурдаи миллиро давоми асрҳои тӯлонӣ нигоҳ дошта, дар рушду нумуи хеш, балки дар пешрафти минтақа саҳми босазо гузоштааст.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, дар асрҳои миёна Хатлон давлати бузурги истеҳсолкунандаи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ (боғпарварӣ, навъҳои гуногуни меваҳои шаҳдбор, сабзавоткорӣ, ғалладона, чорводорӣ, пиллапарварӣ ва ғ.) ба шумор  рафта, дар он ҳамчунин  саноати коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниёзи хоҷагидорӣ: шаклҳои гуногуни саноати кулолгарӣ, шишасозӣ, маҳсулоти сохтмонӣ, фулузӣ, заргарӣ, нассоҷӣ, қолинбофӣ ва ғ. тараққӣ намуда буд.

«Дар гузашта ниёгони мо  ба истифодаи замин ва зироаткорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамуданд. Таҳқиқҳо нишон медиҳанд, ки дар қатори истифодаи самараноки заминҳои обӣ дар асрҳои миёна заминҳои кўҳдомани атрофи шаҳру маҳалҳои аҳолинишин, ки аз ҳисоби барфу борон ва корезҳо обёрӣ мегардиданд, мавриди истифодаи васеъ қарор доштанд. Дар қатори зироаткорӣ, чорводорӣ ва боғкорӣ маҳсулоти истеҳсоли ҳунармандӣ дар пешбурди ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум ҷойи намоёнро ишғол менамуд»,- баён дошт номбурда.

Таърихшинос илова намуд, ки дар самти мазкур аҳолӣ на танҳо дар шаҳрҳо, балки дар деҳаҳо низ ба санъати ҳунармандӣ шуғли пайваста доштанд. Истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандии онҳоро тибқи нигоштаи таърихнигори асримиёнагӣ Наршахӣ, «…ба ҳудудҳои берун аз Мовароуннаҳр- ба вилоятҳои Эрон, Форс, Ҳиндустон ва ғ. истихроҷ менамуданд… ».

Ба зикри Шералӣ Хоҷаев, ҷиҳати маъмул будани санъати ҳунармандӣ, аз ҷумла санъати нассоҷии мардуми Хатлон, таърихнигори асримиёнагии чинӣ Хой Чао дар ёддоштҳои худ махсус нишон додааст: «Дар Хуталон матоъҳои пахтагин, шоҳӣ ва қолинҳои пашмин истеҳсол намуда, ҳамчунин онро истихроҷ менамоянд. Мардуми Хуталон либосҳои  аз  пахта, шоҳӣ, пашм ва пўст истеҳсолнамудаи  худро  истифодаи васеъ мебаранд…».

Инчунин ба гуфтаи бостоншинос Шералӣ Хоҷаев, ҳунармандон ва косибони хатлонӣ тарзи сохтани зарфҳои  шишаи одӣ, булурӣ ва рангаро бо  тарз ва усулҳои хосса  кашф ва истеҳсол менамуданд, ки ҳам барои талаботи дохилӣ ва содирот басанда буд.

«Бозёфти хумдонҳои гуногунҳаҷми кулолгарӣ, маъдангудозӣ, шишагудозӣ ва хиштпазӣ теъдоди беҳисоби маҳсулоти саноатӣ, ҳунармандӣ, хоҷагии қишлоқ  инчунин коркарду содироти фулузоти нодир ва сангҳои қиматбаҳо аз ҳудуди ин сарзамин далели он аст, ки онҳо ҳам дар таъмини дохилӣ ва ҳам содироти хориҷии он кифоят менамуданд»,- баён дошт Шералӣ Хоҷаев.

 

 

Январь 12, 2019 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар нашриёти «Эр Граф» «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти осорхонашиносӣ» аз чоп баромад
Оид ба омӯзиши таърих ва тамаддуни халқи тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ конфронси илмӣ баргузор гардид
ТУҲФАИ АРЗАНДАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Тақдими китоби «Шоҳнома» ба беш аз 48 ҳазор оилаи шаҳри Ҳисор оғоз шуд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ моҳи сентябр оғоз мегардад
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ китоби «Корномаҳои ҷовидонаи Пешвои муаззами миллат» аз чоп баромад
«Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ бузургтарин мактаб дар тарбияи худшиносии миллӣ мебошад
Муовини Сарвазири Беларус дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги тоҷикон шинос гардид
МУҶАССАМАИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Аз ифтитоҳи ин маҷмааи миллӣ 26 сол пур шуд
Оид ба нақши Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 34-солагии Истиқлолияти давлатиро ҷашн гирифтанд
«ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнии асарҳои рассомони ҷавони тоҷик ифтитоҳ ёфт
Дар Институти биологии Помир оид ба рушди илму дониш дар замони истиқлол ҳамоиш доир шуд