Дар қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҷамъомади таълимию методӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 11.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази таълимии «Пойтахт» бо ҳайати афсарон ва прапоршикони дастгоҳи марказӣ ва ҳайати шахсии қисми ҳарбии 0123-и кӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба оғози хониши зимистонаи соли 2019 ҷамъомади таълимӣ-методӣ ба роҳ монда шуд. Чунин ҷамъомади тантанавӣ ҳамзамон дар дигар ҷузъу томҳои қӯшунҳои сарҳадӣ баргузор гардид.
Тавре сардори Маркази матбуоти қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Муҳаммад Улуғхоҷаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, маросими кушодашавии марҳилаи соли хониши 2019 аз ҷониби ҳайати афсарон ва прапоршикони дастгоҳи марказӣ ва қисми ҳарбии 0123-и қӯшунҳои сарҳадӣ бо қироати суруди миллӣ ва гузашти машқҳои сафӣ аз назди минбар оғоз карда шуд.
Роҳбарияти қӯшунҳои сарҳадии КДАМ иштирокдоронро бо оғози машғулиятҳои соли хониши зимистонаи соли 2019 табрик намуда, дар самти аз худ кардани мавзӯъҳои дарсӣ, баланд бардоштани савияи дониши касбӣ ва ҳифзи сарҳади давлатӣ ба ҳар як марзбон ҷасуриву мардонагӣ ва ҳушёриву зиракӣ таманно намуданд.
Таъкид карда шуд, ки моҳияти асосии давраҳои таълимӣ- ин омӯзонидани ҳар як хизматчии ҳарбӣ оид ба вазифаю уҳдадориҳои ҳарбӣ, дониши касбӣ ва малакаи хуби ҷангӣ барои ҳифзи сохти конститутсионӣ, марзу буми Ватан, манфиатҳои умумимиллию давлатӣ ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлолият мебошад.
Дар майдони сафороии Маркази таълимии “Пойтахт” аз ҷониби раёсати тайёрии ҷангии Сарситоди қӯшунҳои сарҳадии Кумита зиёда аз даҳ нуқтаҳои таълимӣ ташкил гардида, машғулиятҳо дар нуқтаҳои таълимии мазкур оид ба расонидани талаботи бехатарӣ барои фаъолияти ҳамарӯзаи хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби роҳбарони машғулиятҳо ба роҳ монда шуд.








14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?






