ДАРАХТ БИНШОН! «Он ба инсон неру, хушбахтӣ ва шифо мебахшад», — изҳор медорад ходими адабии АМИТ “Ховар”

Январь 17, 2019 13:38

ДУШАНБЕ, 17.01.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Тоҷикистони азизи мо, сарзамини обҳои зулолу  кӯҳистони пурбаракат ва водиҳои сабзу хуррам, мамлакати зебои дорои манзараҳои биҳиштӣ ба шарофати сиёсати некбинонаи Ҳукумати Тоҷикистон ва  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамасола боз ҳам сабзу хуррам ва  шукуфотару фараҳбахштар мегардад. Ҳар сол дар ин айём бо ибтикор ва иштироки бевоситаи Пешвои миллат маъракаи гулкориву ниҳолшинонӣ шуруъ мешавад ва саросари  кишваррго фаро мегирад.   

«Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020», ки бо ташаббуси Сарвари давлат 30 декабри соли 2015 қабул гардида буд, дар роҳи  шукуфоӣ ва сабзу хуррам шудани мамлакатамон нақши бузург бозид. Танҳо соли 2018 дар майдони 2 ҳазору 858 гектар боғу токзор бунёд шуда, 49 ҳазор гектар боғҳои интенсивӣ ташкил гардиданд. Ба ин тариқ, то соли 2020 бист ҳазор гектар боғу токзори нав  бунёд хоҳанд ёфт.

 Дар радифи ин иқдоми нек донистану огоҳӣ аз баъзе нозукиҳо ва хусусияти дарахтон ва аҳамияти онҳо барои саломатии инсон аз манфиат холӣ нест. Шояд ин мавод низ , ки ба қалами ходими адабии АМИТ «Ховар», Шоири халқии Тоҷикистон Камол НАСРУЛЛО мансуб аст,  ба онҳое, ки имрӯз бо ин кори хайр — ниҳолшинонӣ машғуланд, то ҷойе мадад намояд.

Донистани хосият ва хусусиятҳои дарахтҳо ба мо маълумоти даркорӣ медиҳад, то донем, ки кадом дарахтҳоро кай, дар куҷо бояд шинонем. Масалан, ҳарчанд сафедор дарахти зебост ва  ҳама гарду чангро ба худ кашида, ҳавои муҳитро тоза мекунад, шинонидани он дар канори роҳҳои мумфарши роҳу гузаргоҳҳо ва хонаҳои истиқоматӣ маслиҳат нест, зеро решаҳои қавӣ ва бузурги он як рӯз не- як рӯз аз зери замин рӯ мезананд ва роҳҳою таҳкурсии хонаҳоро вайрон мекунанд. Ин аст, ки сафедорро дар канори рӯдхонаҳо ва дуртар аз биноҳои иқоматӣ мешинонанд. Ба мисли ин ҳар дарахти дигар низ маврид, ҷой ва хусусияти худро дорад, ки донистани он аз манфиат холӣ нест. Дар радифи ин арча дарахтест, ки агар онро дар канори ҳавлӣ шинонед, шуморо аз таъсири неруҳои манфӣ ва бад нигаҳ медорад. Ё дарахти коҷ ба инсон табъи хуш мебахшад. Шинонидани дарахтони хонагӣ: нок, олуболу, хуч ва себ муҳити солимро дар хонавода фароҳам оварда, фазои сулҳу муҳаббат, тансиҳативу табъи хушро дар ҳавлӣ таъмин мекунад.

Дарахт ба инсон неру ва хушбахтӣ мебахшад

Кайҳо собит шудааст, ки сайру гашти мунтазам ва тӯлонии ҷангал ё боғу гулгашт беш аз ҳар намуди  доруворӣ ба саломатии инсон таъсири нек дорад. Ҳангоми чунин сайру гашт, ки онро метавон амалиёти муолиҷавӣ номид, одам неруи баланд гирифта, табъи хуш меёбад, аз ҳавои фитонсидҳо (моддаҳое, ки аз растаниҳо бухор шуда, микроорганизмҳоро маҳв мекунанд),  нафас гирифта, асабоният ва афтодарӯҳиро аз ёд мебарад ва ҳатто ҳангоми алоқаи доимӣ бо дарахтони муайян метавонад аз бемориҳои вазнин ҳам шифо ёбад. Чунин имкониятро набояд аз даст дод. Хусусан баҳор, вақте ки табиат бедор мешавад, бештар ба сайри ҷангалу боғ баромадан лозим аст.

Гузаштагони мо аз неруи шифоии дарахтон огоҳ буданд ва ба манфиати саломатии худ аз онҳо фаровон истифода мебурданд. Аз қадимулайём дар байни мардум маълум буд, ки дарахтони сӯзанбарг дардро фурӯ нишонда, инсонро ором ва андешаманд мегардонанд. Ва беҳуда нест, ки ҳатто бисёриҳо тахтапораи дарахтро зери болин мегузоштанд. Имрӯз маълум гардидааст, ки дарахтон мисли ҳама зуҳуроти ҷондор дорои энергетикаи худ  мебошанд. Аз ин рӯ ҳангоми алоқаи одам бо дарахт табодули фаъоли энергияҳо ба амал меояд, ки ба сиҳатии узвҳои одам мусоидат мекунад.

Дар ин маврид донистан бисёр муҳим аст, ки ба кадом дарахт бояд наздик шуд, зеро дарахтон ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд- дарахтоне, ки ба одамҳо неру медиҳанд (онҳоро дарахтони донор меноманд) ва дарахтоне, ки неруро аз инсон кашида мегиранд (дарахтони вампир). Дарахтони вампирро ҳам наметавон заранок ҳисобид, зеро маҳз бо роҳи кашида гирифтани энергияи манфӣ аз узвҳои одам, сабаби пайдоиши ин ё он дард бартараф карда мешавад.

Инсон метавонад захираи энергияи худро аз ҳар намуди дарахти донор пур созад. Бояд тарзи қабули энергия аз дарахтро  омӯхт. Одаме, ки мехоҳад аз дарахт энергия гирад, бояд ба ин ҳам рӯҳан ва ҳам ҷисман омода бошад. Омодагии рӯҳӣ дар он зоҳир меёбад, ки мо бояд донем, ки аз дарахт чӣ мехоҳем. Мехоҳем сатҳи энергияи худро баланд кунем ё паст фарорем. Омодагии ҷисмонӣмуносибати хоссаро дар муомила бо дарахт тақозо мекунад. Бояд донист, ки аз кадом тараф ба дарахт наздик омадан муфид аст. Чӣ гуна бо он муносибат бояд кард, ки натиҷае ҳосил шавад?

Ҳангоми хастагӣ, рӯҳафтодагӣ ва ё эҳсоси дард, ба ҷуз мавридҳои шамолзадагӣ, одам ба ҷамъоварии энергия эҳтиёҷ дорад. Дар ин маврид ба дарахт бояд аз тарафи ҷануб наздик омад. Ба дарахт наздик омада, аввал бояд пешонии худро ба он гузошт, баъд онро бо кафҳо дар баландии сатҳи сар   бо ҳама ҷисм ба оғӯш кашида, аз ӯ мадад пурсид.

Агар шумо сахт дар эҳсосот, асабӣ ва бемадоред, ба дарахт аз тарафи шимол бояд наздик омад. Дар ин маврид бояд пушт бар дарахт ниҳод,  дастҳоро поён фаровард ва каф бар танаи дарахт гузошт. Агар шумо худро ба пуррагӣ мӯътадил эҳсос кунед, аммо хоҳед андаке ҳолати энержии худро  беҳтар намоед, метавонед аз ҳар ҷониб ба дархт наздик оед ва онро ба  тариқи дар боло нишондода ба оғӯш кашед.

Аммо беҳтар аз ҳама бо бовар ба эҳсосоти худ бидуни ҳеҷ фикри дигар ба дарахт наздик оед. Он гоҳ дарахте, ки шумо ба оғӯш мекашед, ба шумо низ оғӯш боз хоҳад кард.

Аз замонҳои қадим одамон медонанд, ки бисёре аз дарахтон хусусияти шифобахшӣ доранд. Ноогаҳ аз таҷрибаҳои дигари табобат, онҳо ба ҷангал меомаданд ва ба дарахти мувофиқ ба табъашон даст мерасониданд. Дарахт энергияи худро ба инсон, ба узвҳои хунгузар, ғадудҳо ва нуқтаҳои эҳсоси асаб равона мекунад. Ба қисматҳои дардманди узвҳо пораҳои чӯби дарахтҳоро гузошта, ба дарахтҳо наздик шуда, онҳоро оғӯш намуда, ё ҳатто дар канори дарахти худ истода, одамон аз бисёр беморӣ  ва хастагиҳо халос гардида, табъи худро болида мегардонанд. Дар Руси қадим ин муолиҷаро дарахтсозиш мегуфтанд, яъне забон ёфтан бо дарахтон, бо табиат; ёфтани гормонҳо дар худ ва дарахтон.

Ду намуди барои муолиҷа муфиди дарахтҳо вуҷуд дорад. Яке дарахти вампир, ки энергияро мегирад ва дигаре дарахти донор, ки энергия мебахшад. Барои он ки бидонед кадом дарахт бароятон муфид аст, кофист чанд муддат ба дарахт худро ҷафс намуда биистед. Агар шумо эҳсоси сустӣ, сарчархзанӣ кунед, он гоҳ дар баратон дарахти вампир аст. Аммо дарахти вампир ҳам барои мо муҳим аст, чун аз мо энергияи дармандӣ, изтироб ва шамолзадагиро мегирад. Баъд аз  тоза гаштан ва халос шудан аз эҳсосоти нохуш ва бад  бояд ба дарахти донор наздик шуд, то ба шумо неруи тоза ва энегияи рӯҳафзои худро  бубахшад.

Барои донистани он ки кадом дарахт бештар мувофиқ ба шумост, кофист, ки як пора варақро бигиред, хуб соиш бидиҳед ва сипас ба дарахт наздик шавед. Агар варақ  ба ҷониби дарахт майл кунад, шурӯъ ба муолиҷа кунед, агар баръакс  ба каф часпад, он гоҳ ин дарахт ба шумо кумак намерасонад. Аз ҳама беҳтар муолиҷаро дар шаби маҳтобӣ (навмаҳтоб ва ё маҳтоби пурра), ҳангоми ивазшавии давраҳои моҳ, беҳтараш дар тан либоси сабук ва пойи урён оғоз  кунед.

Аммо боз ҳам беҳтар аст, ба эҳсосоти худ такя кунед, шумо бештар медонед, ки кадоме дарахти шумост.

Аз ҳама донор-дарахтони фаъол  булут, санавбар, зардолу, тӯс, коҷ, ҷилғӯза ва хусусан дарахтони шукуфони мевадиҳанда мебошанд.

Ба сафи дарахтон-вампирҳои  энергияи тавонодошта  сафедор, роздор (олха) ва сиёҳбед медароянд.

Аммо аслан агар шумо муҳаббат дар дил дошта бошед, агар шумо дӯст доред, он гоҳ ҳар дарахт метавонад донори шумо гардад, зеро бунёди ин ҷаҳон бар ишқу муҳаббату дӯстдорист.

Дарахтони шифобахш

Барои мӯътадил намудани фишор, муолиҷаи миёндард, гурда, ҳамчунон дуруст кардани асабҳои харобшуда бояд пушт бар дарахт нишаст, дастҳоро рӯи зонуҳо гузошта, сутунмӯҳраро ба танаи дарахт часпонд. Ё тарзи дигар — рост истода, кафҳоро ба миён гузошта, бо тахтапушт ва пушти сар ба дарахт ҷафс шуд.

Барои мӯътадил кардани фаъолияти дил, ҷигар, гурдаҳо, шуш ва беҳтар кардани кори ғадуди зери меъда ва меъда бояд дар ним метр аз дарахт истода, онро бо дастон чунон оғӯш кард, ки танҳо сина ва шикам ба он ҷафс шаванд.

Дар муолиҷа аз дарахтон тахтачаҳои аз дарахтон буридашударо низ истифода мекунанд. Истифодаи онҳо дар вақте маслиҳат дода мешавад, ки шумо аз ҷангал дур бошед. Бояд гуфт, ки барои муолиҷа беҳтар аст аз дарахтзори берун аз шаҳр истифода кард, зеро дарахтони шаҳрӣ аксар худ беморанд.

Дискҳои энергетикӣ, яъне тахтачаҳои аз дарахтон омодашуда бояд диаметри 2-10 сантиметр дошта, фарохиашон 2 см бошад. Ҳангоми гирифтани дарди сар, хурӯҷи миёндард тахтапораро ба ҷойи дардманд тавассути лейкопластир ба муддати 4-5 соат мустаҳкам мекунанд.

Агар дар ин тахтачаҳои муолиҷавӣ ба дарозии 6-7 сантиметр ва ҷуқурии 3-4 см сӯрохӣ байни ҳамдигар  кобанд, “коорбино”  мусаҳҳеҳи биополия, пайванддиҳандаи энергияи осмонӣ ва хусусияти табиии дарахтҳо ба вуҷуд меояд, ки ба таъсирнокии  муолиҷа тақвият мебахшад.

Эъҷози дарахтон

На фақат худи дарахтон, балки қисматҳои алоҳидаи он, як шоха, тахтача,  пораи пӯсти дарахт низ хусусияти шифоӣ доранд. Муфид аст, ки дар хона якчанд тахтача аз ҷинсҳои гуногуни дарахтон дошта бошед. Онҳо ба шумо дар ҳама ҳолатҳо даркор мешаванд.

 Санавбардарахти оромӣ ва рӯҳи баланд. Агар дар ҳаёти шумо лаҳзаи тақдирсоз омад, тақдиратон ҳал мешавад ва лозим аст, ки ба оромӣ ба чандин саволҳои ба пеши шумо гузоштаи зиндагӣ посух гӯед, ҳузур ва алоқаи ин дарахт ба шумо даркор аст.

Дарахти санавбар

Аураи ин дарахт (майдони энегетикӣ) хеле қавӣ буда, он одамеро, ки ба ӯ муроҷиат мекунад, барои баромадан ба баландиҳои фавқулодаи равшании рӯҳонӣ ва парвози эҷодӣ мададгор мешавад. Дар ҳолати барқарор кардани алоқаи бевосита бо ин дарахт, неруи ӯ алам ва оташи ғазабро, ки ҳар рӯз дар рӯҳияи мо ҷамъ меоянд, аз байн мебарад. Энергияи санавбар барои бурдани асабоният кумак мерасонад. Ягон ҷунун ба  таъсири он наметавонад муқовимат кунад. Санавбар дарахти меҳрубону раҳмдил аст. Ба ӯ бо рӯҳи кушод бояд рӯ овард. Санавбар қодир аст рӯҳия ва муҳити одамро аз таъсири ҳамешагии беруна покиза нигоҳ дорад.

Булут дарахти тавоноест, рамзи неруи бузурги зиндагӣ ва дарозумрӣ. Коҳинон онро  муқаддас мешумориданд. Булут дарахти энергиядор маҳсуб мешавад. Ҳангоми алоқаи бевосита бо он инсон то ҳадди даркорӣ соҳиби неруи энержӣ мешавад.

Дарахти булут

Аммо набояд фаромӯш кард, ки ин дарахт тавоно ва сахтмизоҷ  аст.  Таъсири он хеле тавоно буда, фақат одамони солимро хуб мепазирад. Одамоне, ки бемории вазнин доранд ва аз касалиҳои хроникӣ ранҷ мекашанд, беҳтар аст ба ин дарахт рӯ наоранд. Алоқа бо булут инсонро бо энергияи фаъол таъмин намуда, рӯҳашро ором месозад. Кайҳо мушоҳида шудааст, ки сайру гашт дар булутзор фишори хунро мӯътадил гардонида, таъсири нек ба дил ва асабҳо дорад. Булут ҳамеша  ҷанговарон, муборизони тавоно ва одамони тансиҳатро хуш  дорад. Ин дарахт рӯҳи ҷанговарон ва захмҳои онҳоро шифо бахшида, аз дарозумрии худ ба онҳо тақдим мекунад. Ба ветеранҳо, ҷанговарони собиқ, шахсони солхӯрда алоқа бо булут манфиатнок аст.

Тӯсдарахти дӯстдоштаи мардум аст, дарахтест ифодагари некӯӣ. Онро ҳамчунин дарахти зиндагӣ меноманд. Тус дарахти меҳрубону мӯнис буда, дорои таъсири нарму навозишдор ва дар айни замон қавист.

Тӯси бадахшонӣ

Баръакси булут ба тӯс метавонанд одамони дарманду камқувват ва шифоёбанда муроҷиат кунанд. Ин дарахт ғамҳоро сабук мегардонад, ба бозгардонидани неруи аздастрафта ёрӣ медиҳад, ба сабуктар гузаронидани беморӣ, тезонидани марҳилаи сиҳатшавӣ мусоидат мекунад. Робита  бо тӯс ба одамони асабашон осебдида, ки дар ҳолати рӯҳафтодагӣ қарор доранд, муфид аст. Ин дарахт хастагиро рафъ мекунад, натиҷаи хастагӣ ва асабонияти   ҳаррӯзаро ба эътидол меорад ва барқарорсозии мутаносиби рӯҳияро таъмин мекунад. Тӯсе, ки дар канори хона сабзидааст, хобҳои вазнинро меронад. Таъсири ин дарахт дарозмуддат аст. Дар канори ӯ зистан беҳтар аст аз омадан ба наздаш, он гоҳ ӯ шуморо шифо мебахшад. Тӯс ҳамеша  қобилияти рондани рӯҳия ва неруҳои бадро дорад.

Сияҳбед –дарахте, ки энергияи манфиро фурӯ мебарад. Ин хусусияти сияҳбед пеш сеҳрнок ҳисобида мешуд.   Ба ҳама маълум аст, ки яке аз беҳтарин роҳҳои мубориза бо тилисму вампир сих ё яккамехи сияҳбед ба шумор мерафт.

Дарахти бед

Дар замони қадим бовар доштанд, ки сияҳбед қувваҳои бадро меронад, аз ин рӯ онро дар наздикии хонаҳо мешинонданд. Робитаи бевосита бо сияҳбед рӯҳияи шуморо аз таъсири манфӣ ҳимоят мекунад. Ин сифатро  на фақат худи дарахт, балки асбобҳои аз он сохташуда низ доранд. Алоқа бо сияҳбед дар ҳолатҳои асабоният ба рафъи андешаҳои таҳмилшаванда, тарси бесабаб фоида меоварад, ба шарте, ки ба неруи ҳаётбахши он бовар дошта бошед.

Роздор (олхаи юнонӣ) – дарахте, ки хонаводаро муҳофизат мекунад. Ҳар қадар дар оила бештар фарзандону наберагон бошанд, он қадар қавитар роздор онҳоро пуштибонӣ мекунад. Ӯ алоқаҳои хешовандиро мустаҳкам намуда, ҳама аъзои оиларо сарҷамъ месозад.  Ба ин дарахт хосияти пайванди одамон дар насл хос аст.

Дарахти олха

Агар шумо бо мушкили вобаста ба алоқаҳои хешутаборӣ ба ӯ рӯ оред, ӯ барои ҳалли онҳо ба шумо самимона ёрӣ медиҳад. Ин дарахт барои занҳо – нигоҳбонони баракати хонадон, дарахти “хонаводаи бузург” аст. Роздор ба шумо барои нигоҳ доштан шавҳар ва дилбастагии ӯ ба хона кумак мекунад.

Коҷ (коҷи баргрез) – дарахти таскинбахш. Агар одам гирифтори тарс, шубҳа, хавотиршавиҳои бесабаб бошад, робита бо коҷ ба ӯ сабукӣ меорад.

Дарахти коҷ

Ӯ ба муолиҷаи асабонияти вазнине, ки хусусан бо хурӯҷи мелонхулиё, маъюсиву ғаму андӯҳ ба зуҳур меояд, кумак мерасонад. Таъсири он ёрӣ медиҳад, ки шумо тарафҳои хуби зиндагиро бубинед.

Чунин мисраҳои шеърӣ низ ҳастанд:

Дарахти коҷ дар хоб ар бубинӣ

Ва андар сояаш он дам нишинӣ,

Сафар бошад нишонаш рӯи олам,

Ба тайёра ва ҳам роҳи заминӣ…

Дар худ хусусиятҳои хосаи қавӣ надорад, аммо энергияи ӯ ҳамеша дастраси онҳоест, ки зимистон дар худ камқувватӣ эҳсос мекунанд. Ӯ ба шумо энергияи на беш аз лозимаро медиҳад.  Коҷ ба идора кардани эҳсосот кумак намуда, шуморо мувофиқ ба дарки фалсафии зиндагӣ мегардонад. Накҳати баргҳои сӯхташудаи коҷ воситаи хубест барои тоза кардани манзили зист аз таъсироти зарарнок.

***

Сафедор – дарахти ба куллӣ бетафриқа ба одам. Махсусияти ӯ дар он зоҳир мешавад, ки ӯ ҳама чизи манфиро аз табиати атроф ба худ кашида мегирад. Бинобар ҳамин дар шаҳр сафедор нақши санитарро бозида, муҳити зистро тоза мегардонад.

Заранг – дарахте, ки ба ҳама гуна одам оромии рӯҳӣ, боварӣ ба худ мебахшад. Ин дарахти неруи ботинӣ ва тамкин аст, зудранҷ нест ва ҳама таркишҳои эҳсосотиро ба худ қабул мекунад. Одамро аз рағбатҳои ҷӯшон озод мегардонад.

Финдиқ – бисёр дарахти таъсирнок буда, яке аз сифатҳои асосии он адолат аст. Энергияи он ақли шуморо ба баҳодиҳии беғаразонаи ҳолатҳо равона мекунад. Ӯ ҳамеша адолатпарвар аст. Хурдтарин беадолатӣ бояд барҳам дода шавад

Арча –  дарахтест бо хусусияти тавонои тозагардонӣ. Неруи ӯ асосан на ба одамон, балки ба зуҳуроте, ки онҳоро иҳота кардааст, равона шудааст. Агар дар хона баргҳои онро сӯзонед, метавон аз таъсироти номатлубу носоз халос шуд…

***

Ба дарахтони дорои биоэнергияи мусбат аз рӯи тартиб чунин дарахтон дохил мешаванд: булут, тамоми дарахтони сӯзанбарг (хусусан санавбар), ақоиқ, заранг (фарк), тӯс, ғубайро (рябина).  Ба дарахтони истеъмолкунанда (бо биоэнегияи манфӣ) чунин дарахтон тааллуқ доранд: сияҳбед, кастона, сафедор, маҷнунбед, коҷ, ларг, маҳлаб, ва дигар дарахтони зудрӯянда.

Дарахтони худрӯи сӯзанбарг барои рафъи ҳолатҳои нохуби рӯҳӣ хеле  кумак мерасонанд. Вақте ки нохушед, рӯҳияатон вазнин аст, метавонед, масалан, ба санавбар  ва ё коҷ наздик оед, пушт ба он гузоред ва дар чунин ҳолат чанд дақиқа биистед. Баъд аз чунин алоқа  дар рӯҳияи шумо рӯшноӣ пайдо мегардад ва андешаҳои торик аз шумо дур мераванд.

Камол НАСРУЛЛО,
ходими адабии АМИТ «Ховар»,
Шоири халқии Тоҷикистон,
дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ

Январь 17, 2019 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд дар панҷ моҳ ба маблағи 760,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар вилояти Хатлон то охири моҳи май беш аз 68 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ гардид
Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер бо НБО-и «Норак» шинос шуд
«БА ДАРАХТОН ОБ ДИҲЕД!». Таҳти ин унвон Кумитаи иҷроияи Ҳизиб Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино маъракаи ҳизбӣ мегузаронад
Президенти Бонки исломии рушд бо унвони «Профессори фахрӣ»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон сарфароз гардид
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа+» то соли 2030 амалӣ мегардад
Дар Душанбе ҳамкорӣ дар самти баланд бардоштани иқтидори рушди бозори қоғазҳои қиматноки давлатӣ баррасӣ шуд
ҶАЛАСАИ ШУРОИ МИЛЛИИ РУШД. Тоҷикистон то соли 2037 ба мамлакати «сабз» мубаддал мегардад
Беларус тасмим гирифтааст, ки дар самти омӯзиши геологии қаъри замин аз таҷрибаи геологҳои тоҷик истифода барад
Сауд ибн Ҳаммуд Ал-Ҳабсӣ талошҳои Тоҷикистонро намунаи олӣ дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба об ва тағйирёбии иқлим арзёбӣ намуд
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Салтанати Уммон Ёддошти тафоҳум ба имзо мерасонад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи обу энергетика густариш меёбад