Ду нафар сокинони ноҳияи Мурғоб барои шикори ғайриқонунӣ ба маблағи 65 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд
ХОРУҒ, 28.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ду нафар сокинони ноҳияи Мурғоб дар шикори ғайриқонунии гӯсфандони Марко Поло гунаҳкор дониста шуда, бо қарори суди ноҳия ба маблағи 65 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуданд.
Сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия Амриддин Қуботбеков гуфт, ки «солҳои 90-уми асри гузашта силоҳи зиёд ба дасти мардум афтод ва шикори гӯсфандони Марко Поло ба як ҳодисаи маъмулӣ табдил ёфт. Сербарфию гуруснагӣ аз як сӯ ва таъқиби пайвастаи шикорчиён аз сӯи дигар, гӯсфандонро маҷбур сохтанд, ки ба кишварҳои Афғонистону Қирғизистон ва ё Чин паноҳ бубаранд. Дар ин давра шумораашон то ба 12 ҳазор сар коҳиш ёфт. Баъди фаро расидани сулҳу оромӣ ва халъи силоҳи ғайриқонунӣ дар макони асосии зисти ин ҳайвони нодир, яъне Помири Шарқӣ ҳам оромӣ ҳукмфармо гардид. Назорат аз болои шикори ғайриқонунии гӯсфандони Марко Поло боз ҳам пурзӯр карда шуд. Акнун 10 нафар нозирони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия фаъолияти хоҷагиҳои шикорӣ ва шикорчиёни ғайриқонуниро назорат мекунанд. Мутобиқи шартнома, худи хоҷагиҳои шикорӣ, ки шумораашон 7 адад аст, низ дар ҳифзи ҳайвоноти нодир масъулият бар дӯш доранд. Баъди коҳиш ёфтани шикори ғайриқонунӣ аксарияти ҳайвоноти нодир боз ба маҳали зисти худ баргаштанд. Давоми се соли охир шумораи гӯсфандони кӯҳӣ ҳазор сар афзоиш ёфта, ҳоло шумораашон то ба 26 ҳазор сар расидааст. Мавсими шикор аз моҳи сентябр оғоз ёфта, моҳи март ба итимом мерасад».
Бояд гуфт, ки шикори ҳайвоноти нодир танҳо дар асоси иҷозатномаи Кумитаи ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Барои шикори як сар гӯсфанди кӯҳии Марко Поло 80 ҳазор сомонӣ, бузи кӯҳии сибирӣ 45 ҳазор сомонӣ ва нахчир зиёда аз 5 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидаст.
Шикор танҳо дар ҳузури нозирони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мурғоб сурат гирифта, сайди ҳайвоноти хурдсол ва модина мамнӯъ аст.
Бояд гуфт, ки гӯсфанди кӯҳии Марко Поло бренди Тоҷикистон маҳсуб шуда, дар қатори дигар дастовардҳои ҷумҳурӣ диққати сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб менамояд. Сайёҳон аз Амрикою Аврупо на танҳо барои шикор, балки бо мақсади боре дидани он ба Тоҷикистон сафар мекунанд.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Касбомӯзӣ метавонад яке аз роҳҳои муассири пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бошад
Табибони тоҷик боз як усули нави ҷарроҳиро амалӣ намуданд






