Фарҳод Камолзода: «Дар нуқтаҳои назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ 8 озмоишгоҳ насб гардиданд»
ДУШАНБЕ, 31.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Соли сипаригардида дар нуқтаҳои назорати давлатии бехатарии озуқавории гузаргоҳҳои сарҳадӣ 8 адад озмоишгоҳҳо насб гардиданд. Ин нукта имрӯз зимни нишасти матбуотии Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардид.
Раиси Кумитаи мазкур Фарҳод Камолзода зикр намуд, ки ин иқдом бо мақсади пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифат, зараррасонҳои карантинӣ ва барангезандаҳои бемориҳои сироятӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.
Ба гуфтаи номбурда, соли 2018 бо мақсади пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифат дар гузаргоҳи сарҳадии «Панҷи Поён» беш аз 42 тонна моҳии яхшуда ва зиёда аз 131 тонна маҳсулоти гӯшти паранда, ки бидуни иҷозатнома ворид гардидаанд, боздошт ва пас гардонида шуданд.
Бояд зикр намуд, ки Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоди навтаъсиси давлатӣ буда, моҳи декабри соли 2017 дар заминаи чор мақомоти давлатӣ –Хадамоти назорати давлатии байторӣ, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ ва Бозрасии назорати давлатии тухмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Таъсис додани кумитаи махсус оид ба назорат дар ин соҳа дар ҳолест, ки таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
«Кумита дар соли сипаригардида фаъолияти худро ба таъмини бехатарии озуқаворӣ, ҳифзи солимии аҳолӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳуқуқи истеъмолкунандагон равона намуд», — гуфт Фарҳод Камолзода.








Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд






