МИЛИТСИЯИ МАН – ҲИМОЯТГАРИ МАН. Аз рӯи натиҷаҳои як тадқиқоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қариб 82 дарсади пурсидашудагон ба фаъолияти милитсия эътимод доранд

Январь 23, 2019 16:45

ДУШАНБЕ, 23.01.2019./АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Маркази илмӣ-тадқиқотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 12 то 28 декабри соли 2018 дар миёни сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба фикру ақидаи мардум нисбат ба фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ пурсиши иҷтимоӣ гузаронида, шуд. Пурсиш дар байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ гузаронида шуда, шумораи пурсидашудагон  2796 нафарро ташкил дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ВКД ҶТ хабар доданд.

Мутахассисони вазорат бо 17 савол роҷеъ ба масоили  эътимоди  мардум  ба фаъолияти  мақомоти милитсия, огоҳии аҳолӣ аз комёбиҳо ва дастовардҳои ин мақомот, ҳамкориҳои кормандони милитсия бо аҳли ҷомеа ва  ғайра  ба сокинони пойтахт ва шаҳру навоҳии атрофи он муроҷиат намуданд.

Таҳлили натиҷаҳои пурсиши иҷтимоии аҳолӣ нишон дод, ки аз шумораи умумии пурсидашудагон 2285 нафар  ё 81,7%  ба фаъолияти кормандони милитсия  эътимод дошта, 511 нафари дигар ё 18,3%  эътимод надоранд.

1524 нафар ё 74,5% пурсидашудагон бар он назаранд, ки солҳои охир фаъолияти милитсия беҳтар гардидааст. 98 нафар ё 2,5% пурсидашудагон  фикр мекунанд фаъолияти мақомот  на он қадар хуб гардидааст. 867 нафар ё 21% ҷавоб додаанд, ки фаъолияти милитсия тағйир наёфтааст ва танҳо 307 нафар ё 2% ба савол ҷавоб дода натавонистаанд.

Ба савол дар бораи он ки  кадом самти фаъолияти мақомоти милитсия беҳтар гардидааст, 1062 нафар ё 38%  хадамоти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, 363 нафар ё 13% хадамоти БДА, 447 нафар ё 16%   хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, 503 нафар ё 18% хадамоти тафтишот ва 280 нафар ё 10%   хадамоти таҳқиқотро ном бурда, 140 нафар ё 5% ба суол посух  гуфта натавонистанд.

Аз ҳамкории кормандони милитсия бо аҳолӣ 2013 нафар ё 72% пурсидашудагон қаноатманданд, 587 нафар ё 21% пурра қаноатманд нестанд, 196 нафар ё 7% ба савол ҷавоб дода натавонистаанд.

2404 нафар ё 86% ҷавоб додаанд, ки ҳамеша омодаанд дар вақти зарурӣ ба милитсия ёрӣ расонанд, 392 нафар ё 14% боқимонда иброз доштаанд, ки на он қадар хоҳиши ёрӣ расонидан доранд.

1230 нафар ё 74% пурсидашудагон  дар пайи  муроҷиат намудан ба мақомоти милитсия қаноатманд гаштаанд, 419 нафар ё 15% дигар ҳангоми муроҷиат пурра қаноатманд нагаштаанд ва 1146 нафар ё 11% онҳо ба савол ҷавоб дода натавонистаанд.

1901 нафар ё 68% аз фаъолияти «Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ — 221-21-21» огаҳӣ дошта, 895 нафар ё 32% аз телефони  зикргардида пурра огаҳӣ надоранд.

1733 нафар пурсидашудагон ё 62% аз фаъолияти «Телефони мадад — 19-19 дар ВКД» огаҳӣ дошта, 1063 нафар ё 38% аз мавҷудияти ин телефон    бехабаранд.

Аз миёни пурсидашудагон  2265 нафар ё 81%   дар бораи фаъолияти   ташкилоти ҷамъияти ҷамъятии «Дружиначиёни халқӣ»  маълумот доранд,  531 нафар ё 19%  боқимонда бошанд   дар ин бора маълумоти пурра надоранд.

Ба саволи «Дар бораи фаъолияти милитсия аз кадом сарчашмаҳо маълумот мегиред?», 1789 нафар ё 64% ҷавоб доданд, ки ба воситаи телевизион, 244 нафар ё 8,7% — ба воситаи радио, 509 нафар ё 18,2% — аз шабакаи  Интернет, 170 нафар ё 6,1% — аз рӯзномаю маҷаллҳо. Ҳамчунин  84 нафар ё 3% ҷавоб доданд, ки дар бораи фаъолияти милитсия аз шаҳрвандон маълумот мегиранд.

2432 нафар ё 87% чунин имешуморанд, ки фаъолияти милитсия дар воситаҳои  ахбори омма ба таври объективӣ ё мунсифона  инъикос мегардад, 299 нафар ё 10,7%  бар онанд, ки  фаъолияти милитсия  пуррава  ба таври объективӣ инъикос намегардад ва 65 нафари боқимонда ё 2,3% ба саволи мазкур ҷавоб дода натавонистаанд.

Ҳангоми пурсиш 2553 нафар ё 91,3% пурсидашудагон  изҳор доштаанд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ худро пурра дар амну субот ҳис менамоянд, 243 нафар ё 8,7% посух доданд, ки онҳо худро на ба таври пурра дар амну субот ҳис наменамоянд.

1790 нафар ё 64% пурсидашудагон ба савол дар бораи он ки оё  хоҳиши корманди милитсия шудан доранд,   мусбӣ ҷавоб доданд, вале 615 нафар ё 22% на он қадар хоҳиш дар милитсия кор карданро доранд.  Ҳамзамон  391 нафар ё 14% ба саволи  мазкур ҷавоб дода натавонистаанд.

2069 нафар ё 74% чунин мешуморанд, ки сару либоси кормандони милитсия ба онҳо   зебанда мебошад, 280 нафар ё 10% гуфтаанд, ки ин сарулибос қисман зебанда аст.   196 нафар ё 7% ба савол ҷавоб дода натавонистаанд.

Вобаста ба савол дар бораи  ҷавоншавии кадрҳои милитсия 1454 нафар ё 52% ин иқдомро дастгирӣ намуда, 419 нафар ё 15% онро қисман ва 615 нафар ё 22% онро пурра дастгирӣ накардаанд. 308 нафар ё 11% ба савол ҷавоб дода натавонистаанд.

1845 нафар ё 66% пурсидашудагон  аз фаъолияти Маркази идоракунии «Шаҳри бехатар» изҳори қаноатмандӣ намуда, 335 нафар ё 12% қисман қаноатманданд, 503 нафар ё 8% пурра қаноатманд нестанд ва 113 нафар ё 4% ба саволи мазкур ҷавоб дода натавонистанд.

Ҳамчунин аз  сокинон суол карда шуд, ки ба андешаи онҳо  кадом самти фаъолияти милитсия ба тағйирот эҳтиёҷ дорад, 783 нафар ё 28% самти фаъолияти хадамоти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, 699 нафар ё 25% самти фаъолияти хадамоти Бозрасии давлатии автомобилӣ, 280 нафар ё 10% самти фаъолияти Хадамот шиносномавию бақайдгирӣ, 280 нафар ё 10% самти фаъолияти таҳқиқот, 224 нафар ё 8% самти фаъолияти тафтишотро ном бурдаанд.   531 ё 19% ҷавоб доданд, ки ягон самти фаъолияти милитсия ба тағйирот эҳтиёҷ надорад.

Январь 23, 2019 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Туркманистон масъалаи бешаҳрвандӣ ва бақайдгирии таваллуди кӯдак дар давлатҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
БАР ВАТАН СОДИҚЕМ! Дар шаҳри Хуҷанд наваскарон савганд ёд намуданд
ҲИФЗИ НАЗМУ ТАРТИБОТ ВА СУБОТУ ОРОМӢ. Иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вогузор шудааст
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ. Милитсия посдори суботу оромӣ ва кафили осудагиву хотирҷамъии мардум мебошад
Дар шаҳри Душанбе Рӯзи милитсияи тоҷик таҷлил карда шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Рӯзи милитсияи тоҷик таҷлил карда шуд
Дар Бригадаи ҳамлаовари десантӣ-зарбавӣ савгандёдкунии наваскарон доир гардид
Дар Рашт ва Нуробод бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомадҳои тантанавӣ доир шуданд
Бахшида ба Рӯзи кормандони милитсия дар Панҷакент ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид
Дар Душанбе бинои нави Ҳушёрхонаи тиббии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ба истифода дода шуд
Байни Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Тоҷикистон ва Федератсияи Русия созишнома ба имзо расид
Дар Хатлон бахшида ба қабули Конститутсияи Тоҷикистон ва Рӯзи милитсияи тоҷик паради ҳарбӣ ва ҳамоиши идона доир гардид