Намояндаи Тоҷикистон раҳбари сохтори зиддитеррористии СҲШ таъйин гардид
ДУШАНБЕ, 03.01.2019./АМИТ «Ховар»/. Ҷумъахон Ғиёсов шурӯъ аз 1 январ раҳбарии Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхайро ба ӯҳда гирифт. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар дод.
Гуфта мешавад, ки шурӯъ аз 1 январ бар асоси қарори Шӯрои раҳбарони кишварҳои узви СҲШ раиси Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии мубориза бо терроризми ин созмон, ки қароргоҳаш дар Тошканд аст, намояндаи Тоҷикистон Ҷумъахон Ғиёсов таъйин гардидааст.
Ғиёсов солҳои 2017-2018 дар вазифаи муовини Раиси кумитаи иҷроияи ин сохтор кор карда, пеш аз он дар КДАМ ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ соли 2004 таъсис шуда, дар шаҳри Тошканд амал мекунад. Давоми ду соли гузашта раҳбарии ин сохторро намояндаи Россия Евгений Сисоев ба ӯҳда дошт.
Тавре дирӯз АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, шурӯъ аз 1 январи соли 2019 бар асоси қарори шӯрои раҳбарони кишварҳои узви СҲШ ба вазифаи Дабири кулли ин созмон намояндаи Ӯзбекистон Владимир Норов таъин шуд. Норов дар гузашта раиси Пажӯҳишгоҳи мутолеоти стратегии назди Президенти Ӯзбекистон ва Вазири корҳои хориҷии ин кишвар кор кардааст. Норов дар ин мақом намояндаи Тоҷикистон Рашид Олимовро иваз кард.
Хотиррасон менамоем, ки алҳол Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон узви комилҳуқуқи Созмони ҳамкории Шанхай мебошанд.








14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Тоҷикистон муайян гардидааст






