«НОКАС КАС НАМЕГАРДАД…». Изҳороти Ҷамъияти тоҷикони Миср оид ба даъвоҳои ғаразноки М. Кабирӣ ва Паймони зиддимиллии ӯ

Январь 22, 2019 10:12

ДУШАНБЕ, 22.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тайи чанд вақти охир пайравони ташкилоти террористии ҳизби наҳзати ислом аз номи созмони сиёсии ба ном «Паймони миллӣ» садо баланд намуда, худро дар қатори сиёсатмадорони абарқудрат қарор додан мехоҳанд. Дар робита ба ин ба АМИТ «Ховар» Изҳороти Ҷамъияти тоҷикони Миср оид ба даъвоҳои ғаразноки М. Кабирӣ ва Паймони зиддимиллии ӯ расидааст, ки дар он, аз ҷумла, чунин омадааст:

«… Бо тағйир додани кулоҳ ақл тағйир намеёбад.

Ман аз беқадрии хори сари девор донистам,

Ки нокас кас намегардад аз ин боло париданҳо.

Наҳзатиҳо сарпарасти асосии хешро  бори дигар ошкор сохта, дар пайи ҷустуҷӯйи «хоҷагон» ва пуштибононӣ нав қарор доранд. Чуноне, ки М. Кабирӣ таъкид намуд, онҳо аз кумаки ягон «хайрхоҳ» рӯ намегардонанд. Тамоми талоши онҳо таҳмил намудани фикру идеологияи «ДОИШ»-и худ бо либоси нави сиёсӣ дар байни мардум мебошад. Ҳамаи ин амалкардҳо баҳри нигоҳ доштани бақои худ дар рӯйхати «неруҳои мухолиф»-и кишвар барои ҷалб намудани хоҷагони нав ва парокандагии  миллати тоҷик равона гардидааст.

Вале зиракии сиёсии ҷавонони барӯманди кишвар раванди наҳзатандешию ифротгароии идеологияи сиёсӣ ва тавони пешбурди кории роҳбарияти  ин ҳизби террористиро заиф гардонидааст.

Дар ин робита Ҷамъияти тоҷикони Миср амалҳои душманонаи «Паймони зиддимиллӣ»-и манқуртҳои наҳзатиро маҳкум сохта, минбаъд низ баҳри пешгирӣ намудани парокандагӣ,  бадбинӣ ва ихтилофу низоъ талош хоҳад варзид».

Январь 22, 2019 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид