РАҚСИ «КАНКАН» ДАР СИРКИ ТОҶИК! Барномаи идонаро намоишҳои нав ва бозӣ бо ҳайвонот ҷолибтар гардонидаанд
ДУШАНБЕ, 4.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар Сирки давлатии Тоҷикистон шоу-барномаҳои идона, ки 29 декабри соли 2018 шурӯъ гардида буданд, то 29 январи соли 2019 идома меёбанд.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Дар барнома ҳунарнамоии дорбозҳо, гимнастҳо дар тасма, гимнастҳо дар алвон, бозӣ бо ҳайвонот, ба мисли саг, мор, хирс, маймун ҷой дода шудаанд.
Барномаи мазкур таҳти сарварии роҳбари бадеии намоиш Обидҷон Эргашев, ки соҳиби ҷоизаи «Шери нуқрагин» мебошад, таҳия гардидааст. Он намоишҳои наву барои бинандагон ҷолибро дар бар мегирад.
Дар намоиш ҳунарпешагони ҷавони сирк Муҳаммад Шарифзода ва Мадина Назарова, ки дар озмуну фестивалҳои байналмилалии сиркӣ борҳо ғолиб гардидаанд, иштирок намуда, маҳорату истеъдоди худро намоиш медиҳанд.
Рақсҳои милливу аврупоӣ, аз ҷумла рақси «Канкан» барномаи сиркиро боз ҳам шавқовартар мегардонанд.








Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад






