Роҳи Хоруғ-Душанбе кушода шуда, роҳҳои Хоруғ-Ишкошим ва Хоруғ-Мурғоб низ рӯзҳои наздик боз мешаванд
ДУШАНБЕ, 21.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, роҳи байналмилалии мошингарди Хоруғ-Душанбе бино бар сабаби боридани барфи зиёд ва фаромадани тармаҳои калон баста буд. Бо ҷаҳду талош ва заҳматҳои шабонарӯзии роҳсозони Идораи хоҷагии роҳҳои мошингарди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шоми 18 январ ин роҳи байналмилалӣ кушода гардида, ҳаракати корвони мошинҳои мусофирбару боркаш аз ду ҷониб сурат гирифт.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Идораи хоҷагии роҳҳои мошингарди ВМКБ хабар доданд, дар айни ҳол дар ин масир роҳсозон ба васеъ кардани қисматҳои мушкилгузар аз тармаю барфтӯдаҳо ва кӯҳпораҳои афтида машғули кор мебошанд. Ҳоло роҳҳои Хоруғ-Ишкошим ва Хоруғ-Мурғоб банд буда, рӯзҳои наздик онҳо ҳам кушода хоҳанд шуд.
Ба иттилои манбаъ, аз сабаби нисбатан танг рӯфтани роҳ ронандагони мошинҳои боркаш дар мавзеи Танги ноҳияи Шуғнон дармонда буданд. Дирӯз бо кумаки Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳо васеъ карда шуда, 50 мошини пурбор ҷониби шаҳри Душанбе раҳсипор шуданд. Корвони мошинҳои пурборро намояндагони Хадамоти давлатии танзим дар соҳаи нақлиёти вилояти Бадахшон то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон бемамониат гусел намуданд.
Мавриди зикр аст, ки боришоти беисти барф ҳафтаи гузашта дар роҳҳои мошингарди ҳудуди ВМКБ дар рафтуомади нақлиёти боркашу мусофирбар мушкилоти зиёд ба миён овард. Аз ҷумла, роҳи мошингарди «Хоруғ-Ишкошим» бо сабаби фаромадани 48 тарма банд шуд.
Бино ба зикри манбаъ, дар айни замон роҳи сатҳи ҷумҳуриявии «Хоруғ-Ишкошим» дар иҳотаи тармаҳо қарор дошта, аз ду ҷониб роҳсозон ба тоза кардани онҳо машғуланд.
Ёдовар мешавем, ки ҳафтае қабл бар асари боридани барф ва фаромадани тармаҳои калон дар километри 574-599-уми роҳи сатҳи байналалмилалии «Хоруғ-Душанбе», дар ҳудуди ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон роҳ баста гардид.








Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






