САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТ – ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГИИ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН. Дар шаҳри Истиқлол коргоҳҳои тавлидотӣ бо 1200 ҷойи кор бунёд мешаванд
ДУШАНБЕ, 07.01.2019./АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд. Расидан ба ин ҳадаф рушду нумӯи иқтисодӣ ва зиндагии осудаю шоистаи аҳолии кишварро таъмин хоҳад кард. Бо назардошти аҳамияти бузурги ҳадафи мазкур дар мамлакат аз ҷониби сармоягузорони ватаниву хориҷӣ даҳҳо коргоҳҳои истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд.
Тавре раиси шаҳри Истиқлол Худойназар Амонзода ба АМИТ «Ховар» иброз дошт, айни ҳол дар шаҳри Истиқлол ҷиҳати рушди воқеии соҳаи саноат дар масоҳати қариб 70 гектар минтақаи саноатӣ таъсис ёфтааст. Дар ояндаи наздик ин ҷо боз силсилаи коргоҳҳои тавлидотӣ бо муҳайё кардани зиёда аз 1200 ҷойи кор бунёд хоҳанд шуд. «Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол тасмим гирифтааст, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр коргоҳҳои гуногуни истеҳсолӣ, аз қабили истеҳсоли оби нӯшокӣ, маҳсулоти сохтмонӣ, сабикаҳои мисӣ, оҳак, маҳсулоти шириро мавриди истифода қарор диҳад»,-иброз намуд Худойназар Амонзода.
Ба иттилои номбурда, омода кардани мутахассисони маҳаллӣ аз рӯи ихтисосҳои гуногуни зарурӣ низ дар маркази таваҷҷуҳ аст. Амалӣ гаштани ин иқдому тасмимҳо шароит фароҳам меоварад, ки яке аз масоили мубрами иҷтимоӣ — таъсиси ҷойҳои нави корӣ ҳал шуда, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҳисоби ҷавонони маҳаллӣ ба куллӣ коҳиш ёбад.
Бешубҳа, муваффақ шудан ба саноатикунонӣ чун ҳадафи чоруми миллӣ ва гузариш аз рушди аграрӣ ба саноатию аграрӣ имкон хоҳад дод, ки Тоҷикистон солҳои наздик дар ҷаҳон чун давлати содироткунанда бо номгӯйи зиёди маҳсулоти рақобатпазири саноатӣ муаррифӣ шавад.
Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 дар ҷараёни сафари кории худ ба вилояти Суғд ба шаҳри Истиқлол ташриф оварда буданд. Зимни ифтитоҳи бузургтарин корхонаи металлургӣ дар Осиёи Марказӣ бо иқтидори тавлиди 50 ҳазор тонна руҳ, 50 ҳазор тонна сурб ва таъсиси зиёда аз 300 ҷойи нави корӣ таъкид доштанд, ки Тоҷикистон дорои тамоми шароит ва захираҳои ақлониву табиист. Бо чунин имкониятҳо ва захираҳо он метавонад дар муддати кӯтоҳ ба як давлати рушдёфтаи саноативу аграрӣ табдил ёбад.








Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд






