САРМОЯРО БА ВОРИД НАМУДАНИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВ ВА ТАЪСИСИ ҶОЙҲОИ КОРӢ БОЯД РАВОНА КАРД. Андешаҳои Раиси Иттифоқи соҳибкорони Тоҷикистон дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат
ДУШАНБЕ, 25.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои муҳиме, ки дар шароити кунунӣ саривақтӣ арзёбӣ мешаванд, мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифтанд. Ин масъалаҳо дар гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ ва саноатикунонии кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии мамлакат замина мегузоранд ва барои рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоии мамлакат такони ҷиддӣ мебахшанд.
Дар робита ба Паёми навбатӣ ва нишондодҳое, ки аз он бармеоянд, Раиси Иттифоқи соҳибкорони Тоҷикистон Некрӯй ЗАБИРЗОДА андешаҳои хешро ба АМИТ «Ховар» манзур намудааст. Дар зер онҳоро пешниҳоди хонандагон мегардонем.
Расидан ба ҳадафи чорум-саноатикунонии мамлакат рушду нумӯи иқтисодӣ ва зиндагии осудаю шоистаи аҳолии кишварро таъмин хоҳад кард. Бо назардошти аҳамияти бузурги ҳадафи мазкур дар мамлакат аз ҷониби сармоягузории ватаниву хориҷӣ дар заминаи технологияи муосиру инноватсионӣ даҳҳо коргоҳҳои истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд.
Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳақ пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад. Инчунин бо мақсади баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва иқтисодии соҳибкорон, расонидани кумак барои таҳияи лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва дарёфти роҳҳои татбиқи онҳо, бахусус, ба субъектҳои соҳибкории навтаъсис ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон дастур дода шуд, ки ҷиҳати дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ташкил намудани марказҳои хизматрасонӣ, ки дар як вақт вазифаи маркази таълимии соҳибкоронро иҷро мекунанд, тадбирҳои зарурӣ андешад.
Сарвари давлат дар Паёми худ ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ, дастгирӣ ва баланд бардоштани касбияти соҳибкорон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, иқдомҳои навро роҳандозӣ намуданд. Пешвои миллат иброз доштанд, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда ҳамкориро бо шарикони рушд минбаъд низ идома медиҳем ва сармояи мустақими ҷалбшударо ба ворид намудани техникаву технологияҳои муосири истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки ватанӣ равона мекунем. Ин нукта басо муҳим буда, аз масъулон дидгоҳи маҷмӯиро тақозо дорад.
Имрӯзҳо масъалаи бо технологияи каммасраф ба кор андохтани корхонаҳои саноатӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷаҳониён қарор гирифтааст. Мақсад аз он самаранокии захираи энергия ва истифодаи оқилонаи он, тозагии муҳити зист, коҳиш додани таъсири манфии экология ба саломатии инсон ва таъмини сатҳи баланди зиндагӣ бо назардошти истифодаи технологияи пешқадам ва асбобу таҷҳизоти каммасраф мебошад.
Дар марҳилаи нави рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар барои расидан ба ин мақсадҳо ворид намудани чунин технологияҳо нақши пешбаранда мегузорад. Ин масъала дар Паёми навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид шудааст: «Ҳангоми лоиҳакашиву сохтмони биноҳо ва бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, воридоти технологияҳо ва асбобу таҷҳизоти маишӣ масъалаи каммасраф будани онҳо ба инобат гирифта шавад».
Аз ин рӯ, соҳибкорон бояд ҳангоми ба кишвар ворид намудани технологияи ҳозиразамон, ки ба стандартҳои ҷаҳонӣ аз рӯйи бехатарӣ ба муҳити зист ва экология, сарфаи неруи барқ ва хароҷоти ба иқтисодиёт зараровар мутобиқ мебошанд, ин равандро ба инобат гиранд. Аз ҷониби дигар, НБО «Роғун» имконият медиҳад, ки бо истифода аз он корхонаҳои нави саноатӣ бунёд ёбанд. Яке аз паҳлуҳои дигари мусбати саноатикунонӣ дар ҳамаи манотиқи мамлакат, бешубҳа, истеҳсоли ҳарчи зиёди молҳои воридотивазкунанда мебошад.
Талошҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он нигаронда шудаанд, ки кишвари мо ба як давлати содиротӣ – худкифо табдил ёфта, ба ин васила, сатҳу сифати зиндагии мардум низ боло равад.
Нуктаи дигари муҳим дар Паём ба коркарди пахта бахшида шуд, ки амалан бо саноатикунонии истеҳсолот робитаи мустақим дорад. Коркарди пахта, пеш аз ҳама, рушди саноати сабуки ватанӣ аст, ин ҷойи корӣ ва ба даст овардани фоидаҳое мебошад, ки дар айни ҳол мамлакат ва заҳматкашон аз он камтар баҳравар мешаванд. Ҳоло мувофиқи маълумоти оморӣ, ҳамагӣ 10-12 дарсади нахи пахта дар дохили кишвар коркард мешавад. Соли 2018 содироти нахи пахта назар ба соли гузашта ду баробар афзудааст.
Дар дохили кишвар коркарди пахта барои саноатикунонии кишвар мусоидат намуда, метавонад омили ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ гардад. Тавре таъкид мегардад, арзиши пахта баъди коркардаш метавонад то 10 маротиба боло равад. Ҷаҳониён имрӯз ба маҳсулоти пахтагин таваҷҷуҳи зиёд доранд, яъне соҳибкоронро зарур аст, ки маҳсулоти пахтагине истеҳсол намоянд, ки ба завқи истеъмолкунанда ҷавобгӯ бошад.
Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат дар кишвар «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» эълон намуданд. Ин иқдом, бешубҳа, ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва густариши шарикии давлату бахши хусусӣ замина мегузорад.
Тавре коршиносон иброз медоранд, дилхоҳ ислоҳот ба рушди ин ва ё он намуди фаъолият вусъат мебахшад. Бинобар ин, иқдоми Сарвари давлат ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ, густариши шарикии давлат ва бахши хусусӣ мусоидат хоҳад намуд.
Дар маҷмӯъ, Паёми Пешвои миллат фарогири тамоми масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ буда, дастуру супоришҳои дар он баёнгардида барои беҳбудии шароити зисту зиндагонии мардум, ободониву созандагӣ ва таъмини амнияти давлату ҷомеа нигаронда шудаанд.








Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Дар Қатар маросими таъсиси Фонди ҳамкорӣ ва рушди Чин – Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд






