Сокини Кӯлоб калонтарин дойраи ҷаҳонро сохт

Январь 11, 2019 14:13

ДУШАНБЕ, 11.01.2019./АМИТ «Ховар»/. Устои ҷавон, сокини шаҳри Кӯлоб Саиднодир Ҳайдаров дойрае сохтааст, ки калонтарин дар ҷаҳон мебошад, навиштааст «АП».

Саиднодир Ҳайдаров қариб муддати 100 рӯз рӯйи сохтани ин дойра  заҳмат кашидааст.  Масоҳати дойра – 1,7 метр ва вазнаш 34 кило мебошад.

«Ин кӯшиши дуюмам аст. Аввали соли гузашта бо шогирдонам дойраи масоҳаташ 1,5 метр сохтем. Сипас тасмим гирифтам, ки рекорди худамро беҳтар кунам ва дойраи андозааш калонтарро сохтам», — мегӯяд усто.

Устои 30-солаи асбобҳои мусиқӣ ният дорад, ки маҳсули дастонашро ба Китоби рекордҳои Гиннес номнавис кунад.

Хотиррасон менамоем, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021  Солҳои рушди деҳот,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шудааст ва маҳсули ҳунари Саиднодир Ҳайдаров туҳфаи хубе ба ин муносибат ва барои сайёҳони дохилию хориҷӣ қобили таваҷҷуҳ хоҳад буд.

ДАР АКС: Саиднодир Ҳайдаров (аз чап якум).

Январь 11, 2019 14:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мегардад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Зарфияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT — 2026» муаррифӣ мегардад
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд