СТРИТТРЕЙСИНГ — ПОЙГАИ ҒАЙРИРАСМИИ НАҚЛИЁТӢ. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ду нафарро барои чунин қоидавайронкунӣ боздошт намуд
ДУШАНБЕ, 19.01.2019./АМИТ «Ховар»/. Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе ду нафар ронандаи нақлиёти шахсиро барои дар кӯчаҳои пойтахт барпо кардани пойгаи нақлиётӣ дстгир намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Тафсилоти бештар дар шарҳи хабарнигори АМИТ «Ховар».
Ба ибораи дигар, милитсия дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе боз ду нафар стритрейсерро дастгир намуд. Стритрейсер касоне ҳастанд, ки стриттрейсинг барпо мекунанд.Яъне чӣ?
Стриттрейсинг(англ. Street tracing) – пойгаи ғайрирасмӣ ва ғайриқонунии воситаҳои нақлиёт аст, ки аз ҷониби ронандаҳо худсарона ва бе мувофиқаи расмӣ дар роҳҳои истифодаи умум баргузор карда мешавад. Дар тамоми кишварҳо ин навъи мусобиқа, ки метавонад боиси ҳодисаҳои нохуш ва садамаҳои марговар гардад, тибқи қонун манъ карда шудааст.
Дар кишвари мо низ чунин пойга тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ аст.
Ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор намудани чунин қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди пойтахт пайваста рейду санҷишҳо ва чорабиниҳои оперативӣ гузаронида мешаванд.
«Мавриди зикр аст, ки баъзе аз ронандагони кӯтоҳандешу сабукфикр шабона дар роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди пойтахт пойгаи ғайриқонунӣ ташкил намуда, дар баробари вайрон намудани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҳамзамон бо ин кирдорашон ҷони худ ва иштирокчиёни дигари ҳаракати роҳро дар хатар мегузоранд», — мегӯяд лейтенанти калони милитсия Сироҷиддин Шукуров.
Бино ба гуфти ӯ, ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе наворе ворид гардид, ки дар он чунин мусобиқаи бемаънӣ ва хатарзо тасвир ёфтааст. Дар навор дида мешавад, ки шабонгоҳ ду нафар ронандаи воситаҳои нақлиёти сабукрав, яке тамғаи «Мерседес-Бенс», аломати қайди давлатиаш 0464 ЕЕ 01 ва дигараш тамғаи «Тайота-Кемрӣ», аломати қайди давлатиаш 1518 НА 01 дар шоҳроҳи кӯчаи Айнии пойтахт пойгаи ғайриқонунӣ ташкил намуда, бо садои гӯшхарошу суръати баланд оромии шаҳрвандонро халалдор сохтаанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт бо мақсади муайяну боздошт намудани соҳибони воситаҳои нақлиёти мазкур чораҳои дахлдор роҳандозӣ гардид. Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» шаҳрванд Забиров Фаридун Маҳмадалиевич, соли таваллудаш 1996, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ ва ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Кемрӣ» шаҳрванд Қурбонов Маъруфҷон Раҳматуллоевич, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Ваҳдат мебошанд. Ҳарду ронанда ба Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд.
Зимни таҳқиқи ҳодисаи мазкур муайян карда шуд, ки дар ҳақиқат дастгиршудагон шаби 10-уми январ тахминан соати 00:30 дақиқа аз чорроҳаи кӯчаҳои Айнӣ — Мирзобек ба самти чорроҳаи кӯчаҳои Айнӣ — С.Вализода пойгаи автомобилӣ ташкил намуда, воситаҳои нақлиёти худро бо суръати баланд идора ва оромии шаҳрвандонро халалдор намудаанд.
Мавриди зикр аст, ки айни замон ҳарду автомашина дар ҷаримагоҳи БДА қарор дошта, нисбати ронандагон тибқи моддаи 326 иловаи 1 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки дар баррасӣ қарор доранд.
Мутобиқи муқаррароти моддаи мазкур, барои кирдори содирнамудаашон ронандагонро ҷарима ба маблағи аз 13 ҳазору 750 сомонӣ то 16 ҳазору 500 сомонӣ бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати 2 сол таҳдид мекунад.
Вобаста ба ҳолати мазкур, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли ронандагон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ҳамаҷониби риоя намуда, бо як лаҳзаина дилхушӣ ҷони худ ва дигар иштирокчиёни ҳаракати роҳро зери хатар нагузоранд.










НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 вобаста ба маводи нашъаовар чӣ миқдор ҷиноят ошкор гардид?
Изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон зиёда аз 26 тонна маҳсулоти гӯштии бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ вохӯриҳо доир гардиданд
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирии омилҳои хурофотӣ ва тафаккури ифротӣ вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи 10-уми вазирони давлатҳои аъзои СҲИ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ доир шуд
Агар бо ҳолати фавқулода рӯ ба рӯ гардем, бояд ба куҷо муроҷиат намоем?
«ПАЁМ-РОҲНАМОИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА». Дар Душанбе ҳамоиши кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ доир шуд
Дар ноҳияи Шаҳритус ба ҷойи дарсхонӣ ба бозиҳои компютерӣ машғул шудани хонандагон ошкор карда шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир шуд
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Чин мулоқот намуд






