ТАРАБХОНАИ БРАЗИЛИИ «ЛАТИНО» — ДАР ДУШАНБЕ! Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт озмун барои интихоби лоиҳаҳои беҳтарин тарабхонаҳои шаҳриро ҷамъбаст кард

Январь 11, 2019 10:41

ДУШАНБЕ, 11.01.2019./АМИТ «Ховар»/. Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии   Душанбе  озмун барои интихоби лоиҳаҳои  беҳтарин тарабхонаҳои шаҳриро ҷамъбаст намуд.  Тибқи шартҳои озмун, се ғолиби он  барои амалисозии лоиҳаашон дар пойтахт имкон пайдо мекунанд.

Ҳамин тариқ,  аз байни беш аз 50 лоиҳаи пешниҳодшуда ҷои аввал   насиби лоиҳаи  тарабхонаи бразилии «Latino» гардид, ки аз ҷониби ширкати «Cool design» таҳия шуда, 150 ҷои нишаст дорад.

Лоиҳаи тарабхонаи туркии «OZYURT» бо 120 ҷои нишаст,  ки аз ҷониби КВД «Лоиҳакаш» пешниҳод гардидааст,  ҷои  дуюмро гирифт.

Ҷои сеюм  ба лоиҳаи тарабхонаи миллӣ дода шуд, дорои 160 ҷои нишаст буда, аз  ҷониби КВД «Душанбешаҳрсоз» таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Сарраёсати  меъморӣ ва шаҳрсозии  Душанбе илова намуд, ки минбаъд, бар асоси қарори Раиси шаҳр, лоиҳаҳои мазкур дар пойтахт амалӣ хоҳанд шуд. Муаллифони лоиҳаҳои ғолиб бо дипломи Шӯрои шаҳрсозии назди Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе тақдир карда мешаванд.

Январь 11, 2019 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад