Юсуф Раҳмон: «Тамоюли ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон афзудааст»

Январь 29, 2019 12:39

ДУШАНБЕ, 29.01.2019/АМИТ «Ховар»/. Ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон дар ҷумҳурӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон 29 январ зимни  нишасти хабарӣ  ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар гуфт, ки  соли сипаригардида  аз тарафи ноболиғон беш аз 900 ҷиноят  ба қайд гирифта шуданд, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли 2017   217  ҷиноят зиёд мебошад.

Сабаби ба ҷиноят даст задани  ноболиғонро Прокурори генералӣ  дар бемасъулиятии волидайни ноболиғону атрофиёнашон ва бе шуғл будани ноболиғон маънидод кард.

Ҳамзамон бо дахли  риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  масъулияти падару  модар дар тарбияи  фарзанд» Юсуф Раҳмон афзуд, ки соли сипаришуда зимни санҷишҳо  вобаста ба риояи қонуни мазкур  қонуншиканиҳои зиёд ошкор карда шуда,  2770 нафар ба ҷавобгарии маъмурию интизомӣ кашида шуданд.

Ҳамзамон нисбат ба 170 нафар парвандаи ҷиноятӣ  оғоз гардидааст.

Январь 29, 2019 12:39

Хабарҳои дигари ин бахш

14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?