ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар арафаи Наврӯз дар шаҳри Роғун коргоҳҳои истеҳсолию осоишгоҳ ба истифода дода мешаванд

Февраль 6, 2019 13:49

РОҒУН, 06.02.2018. /АМИТ«Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун соли сипаришуда як муассисаи таълимӣ, 4 коргоҳи истеҳсолию фурӯши ҳунарҳои мардумӣ, 3 майдончаи варзишӣ ва як ҳаммому сартарошхонаи замонавӣ ба истифода дода шуданд. 

Тибқи нақша, имсол дар  шаҳр дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ  як адад осоишгоҳ, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ, коргоҳи истеҳсоли чӯбу тахта, маркази хизматрасонӣ ва  коргоҳи истеҳсоли оби нӯшокии тоза  бо иштироки меҳмонон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Ин нуктаро муовини якуми раиси шаҳри Роғун  Исмоил Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.

Раиси шаҳри Роғун Музаффар Сулаймонзода дар нишасти матбуотӣ  доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати  сари вақт расонидани кумакҳои аввалини тиббӣ ва таъминот бо доруҳои баландсифат гуфт, ки дар назди Неругоҳи барқи обии  «Роғун»  бунгоҳҳои тиббӣ ва як маркази саломатӣ бо фарогирии  духтурони  баландихтисос фаъолият доранд. Ин муассисаҳо дар ҳамкорӣ бо беморхонаи марказӣ ва КАТС-и  шаҳри Роғун ба сохтмончиёни ин кохи нур сари вақт ва дар сатҳи баланд хизмати тиббӣ мерасонанд. Инчунин дар назди бунгоҳҳои тиббӣ ва маркази саломатии НБО «Роғун» зиёда аз 5 адад мошинҳои ёрии таъҷилӣ мавриди омодабош қарор доранд.

Зимни нишасти матбуотии шаҳр гуфта шуд, ки соли 2019 агрегати дуюми НБО «Роғун» ба истифода дода мешавад. Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани  маросими ба истифодадиҳии агрегати  дуюми неругоҳ   дар шаҳри Роғун корҳои ободонию созандагӣ бо мароми тоза ҷараён доранд.

Имрӯзҳо баробари ба шаҳри Роғун  ворид гардидан ва дидани биноҳои баландошёнаи замонавӣ, чароғонии кӯчаю растаҳо, асфалтпӯш шудани роҳҳо, ободонии фароғатҷойҳо, майдончаҳои солимгардонӣ ва гулу гулгаштҳо кас рӯҳу илҳоми тоза мегирад.  Ин ҳама созандагиҳо ба ҳусни шаҳр зебоии дигар зам карда,  онро чун шаҳри энергетикӣ дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд.

Февраль 6, 2019 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд