ҚАБРИСТОН: ТАРТИБИ НИГОҲДОРӢ ВА ИСТИФОДАИ ОН. Дар ин бора ба пурсиши хонандагони АМИТ «Ховар» мудири Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон посух гуфт
ДУШАНБЕ, 12.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ба қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қоидаҳои нигоҳдорӣ ва истифодаи қабристонҳо ду сол пур шуд, вале ҳанӯз баъзе сокинони кишварамон аз мавҷудияти он бехабаранд. «Оё рост аст, ки дар қабристон низ танзим бояд риоя шавад?», — мепурсанд онҳо дар номаҳояшон.
Барои посух гуфтан ба пурсишҳои ҳамсон АМИТ «Ховар» ба мудири Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинашоҳ ВАЛИЗОДА муроҷиат намуд.
-Дар давлати соҳибистиқлоламон озодии виҷдон, эътиқод, ақида ва дигар ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешаванд, — зикр намуд О. Вализода. — Пайравони дини ислом ва дигар оинҳои мавҷуда дар адои маросимҳои динӣ озодии комил доранд.
Инчунин дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи қонунгузории мамлакат, қоидаҳо оид ба нигоҳдории қабристонҳо, анъана, расму оин ва маросими мардумии миллату халқиятҳои муқими кишвар амалӣ карда мешаванд.
Нигоҳдорӣ ва истифодаи қабристонҳо зери назорати доимии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, ба онҳо ҳамчун як макони муқаддас муносибат мекунанд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017 тартиби нигоҳдорӣ ва истифодаи қабристонҳо тасдиқ шудааст, ки дар он таъсис, ташкили ҳудуд, мустаҳкамкунӣ ва кўчонидани қабристонҳо, инчунин гузоштан ва нигоҳдории санги мазор муқаррар гардидааст. Нигоҳдорӣ ва истифодаи қабристонҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ карда мешавад.
Дар асоси талаботи “Тартиби нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо” аз ҳудуди қабристон барои ҳар як қабри алоҳида қитъаи замин ба андозаи миёнаи 2 метр дарозӣ ва 1,5 метр паҳноӣ ҷудо карда, масофаи қабрҳо ба андозаи на зиёда аз 1 метр аз ҷониби дарозии онҳо ва на зиёда аз 0,5 метр аз ҷониби паҳноии онҳо муқаррар карда шудааст. Андозаи санги мазори уфуқӣ на бештар аз 1,5 метр дарозӣ, 1 метр паҳноӣ ва 0,5 метр баландӣ, андозаи санги мазори амудӣ бояд на бештар аз 1 метр баландӣ, 0,5 метр паҳноӣ ва 10 сантиметр ғафсӣ дошта бошад.
Масъулони соҳа дар даромадгоҳи асосии аксарияти қабристонҳо нақшаи макони ҷойгиршавии бахшҳои қабристон ташкил намуда, бояд ҳудуди берунии қабристонро бо девор ё панҷара иҳота ва атрофи онро сабзазор кунанд.
Санги мазор ё мақбараи болои қабр бо лоиҳаи махсуси муҳандисӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ва ҳифзу истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ мувофиқа ва баъд бунёд карда мешавад.
Гарчанде мусобиқаи мақбарасозӣ ва исрофкорӣ дар қабристонҳо хотима ёфтааст ва пайвандону наздикони майит бо маслиҳати масъулон атрофи қабрҳоро бо тартиби муқарраргардида маҳкам мекунанд, аммо қисман бенизомиҳо дар ин самт мушоҳида мешаванд. Ҳол он ки тозаву озода нигоҳ доштани қабристон нишонаи посдорӣ ва эҳтироми гузаштагон буда, аз камолоти ахлоқӣ ва маънавии ҳар фарди покзамир дарак медиҳад.
Албатта, дар баробари ободонии шаҳру ноҳияву маҳалҳоямон ба қабристонҳоямон низ бояд диққати махсус бидиҳем. Дар ин маврид иҷрои талаботи муқарраргардида барои пешгирии исрофкориву худнамоиҳо низ мусоидат мекунад. Ҳамзамон он дар тарбияи маънавии инсонҳо таъсири нек гузошта метавонад.









Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад






