БЕХАТАРИИ МУСОФИРОН – ДАР МАДДИ АВВАЛ. Изҳороти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»

Февраль 7, 2019 10:00

ДУШАНБЕ, 07.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ҷилавгирӣ аз паҳншавии маълумоти нодуруст ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ медиҳад, ки 6 феврал дар ҳавопаймои Боинг 737-300, ки аз Душанбе ба самти Москва (Жуковский) ҳаракат дошт, ҳангоми парвоз норасоии техникии ҷузъӣ ба миён омад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар  доданд.

Тибқи иттилои сарчашма, сарҳавонаварди ҳавопаймо мутобиқи дастурамали парвозӣ оид ба бозгашт ба фурудгоҳ ва ивази ҳавопаймо қарор қабул карда, ҳавопайморо муваффақона дар Душанбе фуруд овард. Дар дохили ҳавопаймо 128 нафар мусофирон ва 6 нафар ҳайати парвозӣ қарор доштанд, ки аз онҳо касе осеб надидааст. Кулли мусофирон ҳамон замон тариқи ҳавопаймои дигари ширкат — Боинг 737-800 ба Москва парвоз намуданд.

Дар ин росто ширкати ҳавопаймоӣ аз мусофирони хатсайри мазкур барои нороҳатии бамиёномада узр хоста, иттилоъ медиҳад, ки амали ҳайати парвозӣ ба хотири бехатарии мусофирон анҷом дода шуданд.

Мавриди зикр аст, ки айни ҳол ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Германия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон муваффақона иҷро менамояд. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.

Февраль 7, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад