БОЗ БОРОНУ БОЗ БОРОН: Огоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода…

Февраль 12, 2019 18:16

ДУШАНБЕ, 12.02.2019./АМИТ «Ховар»/. Бино ба маълумоти Агентии  обу ҳавошиносии Кумитаи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 14 феврал   дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоиду ноустувор боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ  бориши бошиддати борону барф дар назар аст.

13-уми феврал дар ноҳияҳои алоҳида шамол  аз самти ғарб бо шиддати то 15-20м/с  мевазад. Рӯзҳои 13-16 феврал дар ноҳияҳои кӯҳии НТМ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ хатари лағзиши тарма меафзояд.

Дар  робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷчуҳи аҳолӣ ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки дар ин рӯзҳо то ҳадди имкон аз сафарҳои безарурат  аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.

Ба сокинони доманакӯҳҳо ва рустоҳои наздикӯҳии кишвар тавсия медиҳем, ки дар ин гуна рӯзҳои пурбориш ва хатарзо рафтан ба чарогоҳҳо, шикоргоҳҳо, ғунучини ҳезум, молчаронӣ ва моҳидорӣ маслиҳат нест.

Ронандагон  дар сафар бояд ҳама қоидаҳои бехатариро риоя намоянд. Риояи қоидаҳои бехатарӣ ин таъмини амнияти шумо ва ҳамсафарони шумост!

Февраль 12, 2019 18:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд