ЧӢ ТАВР МЕТАВОН БО КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА ДАР ТАМОС ШУД? Ба ин савол зимни нишасти матбуотӣ раиси ин ниҳод Рустам Назарзода посух гуфт

Февраль 7, 2019 15:45

ДУШАНБЕ, 07.02.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Соли 2018 дар қаламрави ҷумҳурӣ 167 ҳолати фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шуда, 23-тои он ба аҳолӣ ва иқтисодиёти мамлакат хисороти моддӣ расониданд. Дар ин бора имрӯз Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи мавсуф, дар ин давра бар асари офатҳои табиӣ дар қаламрави мамлакат 50 хонаи истиқоматӣ зарар диданд, ки 29-тояш пурра ва 21-тояш қисман вайрон гардиданд. Маблағи умумии хисороти ба аҳолӣ ва иқтисодиёти мамлакат расида 34 миллиону 249 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.  

Бояд гуфт, ки ба ҳамаи шаҳрвандон рақамҳои телефони ёрии таъҷилӣ, милитсия, хадамоти оташнишонӣ маълуманд, вале бисёриҳо  телефони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро намедонанд.

«Кормандони мо бо ҳамаи нафароне, ки бо ин ё он восита дар таъмини бехатарии шаҳрвандон алоқамандӣ доранд, ҳамкории густурда ба роҳ мондаанд. Мо ҳамеша барои расонидани кумак омодаем»,-илова намуд Рустам Назарзода.

Ба саволи хабарнигорон оид ба мавҷуд будани рақами ягона дар саросари ҷумҳурӣ, ки шаҳрвандон зимни ҳолатҳои фавқулода ба он дар тамос шуда тавонанд, мавсуф гуфт, ки дар ин ҳолатҳо сокинони шаҳри Душанбе метавонанд бо рақами 122 дар тамос шаванд.

«Ҳоло мо дар самти пайваст намудани ноҳияҳои тобеи марказ ба рақами ягона кор бурда истодаем. Инчунин дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат қисмҳои навбатдории мо фаъолият мекунанд, ки рақамҳои онҳо дар сомонаи расмии кумита (http://www.khf.tj/) гузошта шудааст», — илова намуд  Рустам Назарзода.

Февраль 7, 2019 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд