Дар озмуни байналмилалии мусиқинавозон Шаҳриёр Ҳабибов дар номгӯи асбобҳои торӣ – камонӣ ҷойи дуюмро ишғол намуд

Февраль 27, 2019 15:50

ДУШАНБЕ, 27.02.2019. /АМИТ «Ховар» /. Аз 23 то 27 феврали соли равон дар Ҷумҳурии Қазоқистон озмуни байналмилалии мусиқинавозон таҳти унвони «Шоҳроҳи Абрешим» баргузор гардид. Озмуни мазкур аз рӯи номгӯйҳои гуногун доир шуда, дар он намояндагони 9 давлати дунё иштирок намуданд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  дар озмуни байналмилалии мусиқинавозон Тоҷикистонро хонандаи синфи 11-и Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев  Шаҳриёр Ҳабибов намояндагӣ намуда, бо нишон додани маҳорати баланди касбӣ дар асбобҳои торӣ – камонӣ  мақоми дуюм касб намуд.

«Шаҳриёр Ҳабибов гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли хониши 2018 – 2019 маҳсуб меёбад. Ӯ аз соли 2017 инҷониб волонтёри Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳамчунин   узви Маҳфили доимии «Пайравони Пешвои миллатем»- и Кумита мебошад»,- гуфт Каримҷон Салимзода.

Ёдовар мешавем, ки дар  озмуни байналмилалии мусиқинавозон таҳти унвони «Шоҳроҳи Абрешим»  аз рӯи номгӯи асбобҳои торӣ – камонӣ  мақоми аввалро намояндаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва мақоми сеюмро намояндаи Ҷумҳурии Қазоқистон соҳиб шуданд.

Февраль 27, 2019 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд