Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон давраи омодагиро дар Туркия ба анҷом расонд
ДУШАНБЕ, 15.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, ки ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё тайёрӣ мебинад, машғулиятҳои машқию таълимии худро дар шаҳри Анталияи Туркия ба анҷом расонд. Ин ҷамъомад аз 1 феврал шурӯъ гардида, то 15 феврал идома ёфт. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷараёни омодагӣ дастаи мунтахаби олимпии мамлакат се вохӯрии санҷишӣ доир кард. Усмон Тошев шогирдони худро дар бозиҳо бо дастаҳои ҷавонони ССКА-и Москва (1:1), “Ворскла”-и Украина (1:1) ва ҳайати дуввуми “Краснодар”-и Россия (0:3) аз назар гузаронид. Дар ин ҷамъомад футболбозони дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Рустам Ятимов, Табрези Давлатмир, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов ва Шериддин Бобоев, инчунин муҳофизатгари дастаи «Металлург»-и Ӯзбекистон Зоир Ҷӯрабоев, ки дар ҳайати дастаҳояшон дар ҷамъомадҳои таълимию тамринӣ қарор доштанд, иштирок накарданд. Машғулиятҳои навбатӣ моҳи март идома меёбанд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи олимпии мамлакат давраҳои омодагиро ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2020, ки аз 22 то 26 марти соли равон дар Тошканд мегузарад, дар амал татбиқ менамояд. Футболбозони мо дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои мунтахаби олимпии Ҳиндустон (22 март), Покистон (24 март) ва Ӯзбекистон (26 март) қувва месанҷанд.
Бозиҳои таҷрибавии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар Туркия
ССКА U-21 (Москва, Россия) – дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) – 1:1
Муаллифи гол аз дастаи Тоҷикистон: Сорбон Авғонов.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-23): Шоҳрух Қирғизбоев, Алишер Баротов, Доробҷон Эргашев, Ҳусейн Нурматов, Отабек Каримов, Далер Ёдгоров (Сорбон Авғонов, 77), Шервонӣ Мабатшоев, Алишер Мирзоев (Саидмухтор Азимов, 82), Кароматулло Саидов (к), Шарафҷон Солеҳов, Амирҷон Сафаров (Тоҳир Малодӯстов, 77).
6 феврал. Анталияи Туркия.
«Ворскла» U-21 (Полтава, Украина) – – дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) – 1:1
Муаллифи гол аз дастаи Тоҷикистон: Кароматулло Саидов.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-23): Фатҳулло Бобоев, Отабек Каримов, Ваҳдат Ҳанонов (Оятулло Сафаров, 79), Алишер Баротов, Ҳусейн Нурматов, Кароматулло Саидов (к), Шарафҷон Солеҳов, Шервонӣ Мабатшоев (Манучеҳр Сафаров, 57), Алишер Мирзоев (Саидмухтор Азимов, 43), Далер Ёдгоров, Амирҷон Сафаров (Тоҳир Малодӯстов, 61, Сорбон Авғонов, 79).
11 феврал. Анталияи Туркия.
«Краснодар» U-21 (Краснодар, Россия) – дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) – 3:0
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-23): Шоҳрух Қирғизбоев, Манучеҳр Сафаров, Алишер Баротов (Алишер Холмуродов, 46), Оятулло Сафаров, Ҳусейн Нурматов (Доробҷон Эргашев, 90), Саидмухтор Азимов, Шарафҷон Солеҳов (к), Алишер Мирзоев (Ваҳдат Ҳанонов, 73), Шервони Мабатшоев (Отабек Каримов, 60), Сорбон Авғонов (Далер Ёдгоров, 65), Амирҷон Сафаров (Тоҳир Малодӯстов, 58).
13 феврал. Анталия, Туркия.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






