Ду китоби илмии профессори тоҷик дар Ҳиндустон ба нашр расиданд
ДУШАНБЕ, 27.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ду рисолаи илмии доктори илмҳои филологӣ, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ ва ҷоизаҳои Камоли Хуҷандӣ ва Маҳастӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Замира Ғаффорова таҳти унвони «Адабиёти форсӣ дар Кашмир дар асрҳои XVI ва XVII» ва «Ҷамолии Деҳлавӣ ва маснавии «Меҳру Моҳ»» аз ҷониби Институти таҳқиқоти форсии Донишгоҳи Алигарҳи Ҳиндустон ба нашр расиданд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, рӯнамоии китобҳои мазкур 21 феврали соли равон дар Донишгоҳи Алигарҳи Ҳиндустон баргузор гардид. Дар маросими рўнамоии китобҳои олимаи тоҷик ректори Донишгоҳи Алигарҳ Ториқ Мансур, раиси Анҷумани устодони забон ва адабиёти форсии саросари Ҳинд Озармидухти Сафавӣ, раиси Институти таҳқиқоти форсии Алигарҳ Асадалӣ Хуршед, раиси Маркази таҳқиқоти форсии Деҳлӣ Аҳсануллоҳ Шукруллоҳӣ, муҳаққиқони кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Шри-Ланка ва устодони забон ва адабиёти форсии донишгоҳҳои мухталифи Ҳинд, аз ҷумла Деҳлӣ, Лакҳнав, Кашмир, Аллоҳобод, Беҷопур, Мумбай, Ҳайдаробод ва Банорас иштирок доштанд.
Бино ба иттилои манбаъ, ин сеюмин китоби илмии Замира Ғаффорова буда, аз ҷониби ин муассисаи муътабари илмӣ дар сарзамини Ҳинд ба нашр мерасад. Қаблан китобҳои «Арзёбии ду тазкираи маъруфи Ҳинд: «Каламот-уш-шуаро» ва «Сафинаи Хушгӯ» (соли 2017) дар Донишгоҳи Алигарҳ ва маҷмӯаи мақолоти ў – «Ҷониби Ҳиндустон ояд ҳаме» (соли 2011) аз ҷониби Маркази таҳқиқоти форсии шаҳри Деҳлӣ ба нашр расида буданд. Ҳамчунин соли 2016 шумораҳои 71-72-юми маҷаллаи бонуфузи «Қанди порсӣ» ба фаъолияти илмии профессор Замира Ғаффорова бахшида шуда, 550 саҳифа мақолаҳои ин донишмандро фаро гирифт. Ин бори аввал аст, ки маҷаллаи мазкур вижаномаеро барои олимони тоҷик ихтисос медиҳад.
Бояд гуфт, ки ба нашр расидани панҷ китоби бонуи донишманди тоҷик дар сарзамини Ҳинд аз густариши муносибатҳои илмии Тоҷикистону Ҳиндустон шаҳодат медиҳад.








ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ЭҲЁГАРИ НАВРӮЗ. Пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳ пайдо намуд
Соли 2025 — соли афзоиши устувори истифодабарандагон ва тақвияти нуфузи АМИТ «Ховар» дар фазои рақамӣ
Дар Тоҷикистон охири моҳи январ ҷашни Сада таҷлил мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ маъракаи тозагӣ, ободонӣ ва ниҳолшинонӣ идома дорад
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Моҳи апрел дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад
Озмуни «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ аст
1050-СОЛАГИИ РОБИАИ БАЛХӢ. Ӯ нахустин зани соҳибдевони тоҷик аст
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сӯзании Панҷакент рамзи фарҳанги миллӣ ва пешрафти ҳунарҳои дастии занони тоҷик аст
Моҳи октябр дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир мегардад
Дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ 18 озмоишгоҳ таъмир ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз карда шуд
ФАРҲАНГ — ҲАСТИИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе аҳли фарҳангу ҳунар қадрдонӣ гардиданд
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Миллатдӯстӣ шарти асосии муқовимат ба таҳдидҳои мафкуравӣ аст






